Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

ШОҲЗОДА НИҲОЛ ВА МОҲӢ

Буд набуд моҳигире буд. Ӯ ҳар рӯз моҳӣ мегирифт ва аз ҳама калонашро барои шоҳ ба қаср мебурд. Шоҳ ба ӯ як рупия медод.

Боре писари шоҳ – Ниҳол ба шикор рафт. Ба соҳили дарё расид ва дид, ки моҳигире моҳӣ мегирад. Ба тӯри он моҳигир моҳии калоне афтод. Моҳигир мехост бо чангаки оҳанин гулӯи моҳиро бишикофад.

– Ӯро раҳо кун, фарёд зад шоҳзода, — ӯро накуш.

– Ҷаноб, ман ин амрро иҷро карда наметавонам. Ман бояд ин моҳиро ба шоҳ барам, ӯ ба ман як рупия медиҳад.

– Ман ба ту чор рупия медиҳам, — гуфт шоҳзода, — ба ивази он моҳиро раҳо кун.

Моҳигир моҳиро раҳо кард ва чор рупия гирифт.

Бегоҳӣ моҳигир ба қасри шоҳ нарафт. Шоҳ дар ҳайрат афтод ва хизматгоронашро ба хонаи ӯ фиристод. Онҳо моҳигирро ба қаср оварданд.

– Барои чӣ ба ман моҳӣ наовардӣ?

– Ҷаноби олӣ, — гуфт моҳигир, — ман моҳии калоне гирифта мехостам онро барои шумо биёрам, вале писаратон амр кард, ки онро раҳо кунам.

Шоҳ хашмгин шуд, писараро даъват карду гуфт:

пешина
аз 87
навбатӣ