Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Воқеан, муҳаббат ва самимият ба якдигар сардиҳои рӯзгори талхро ширин месозад. Ба ин хотир, одамон бояд ҳамеша пайи накӯкорӣ талош варзанд ва аз рӯзгори дӯстони ҳақиқӣ— Кай ва Гред ибрат гиранд.
МУКИ ХУРДАКАК
Дар замонҳои қадим дар оилаи марди камбагале кӯдаке ба дунё омад ва ӯро Мук ном гузоштанд. Падару модар аз ин доди Худованд хурсанд шуданд, вале хурсандии онҳо дер давом накард. Назар ба ҳамсолон қади Мук хеле паст буд, кадду басти ӯ хандаовар ба назар мерасид. Ҳамагон ӯро пакана мегуфтанд.
Бечораи Мук бадбахт буд, дар кӯдакиаш падару модари ӯ аз олам чашм пӯшиданд, ӯ танҳои танҳо монд. Хешовандони бераҳмаш ӯро аз хона пеш карданд. Муки бечора азоби гуруснагӣ мекашид. Барои пораи нон ёфтан ӯ дар кӯчаҳои бароиш бегона қадам мезаду ба одамон умедвор менигарист, вале касе ба ин кӯдаки бечорҳол диққат намедод. Муки бечора баъди се шабонарӯзи гуруснагӣ оқибат ба шаҳри бузурге расид. Дар як кӯчаи ин шаҳри бароиш бегона ӯ ҳавлии калонеро дида, ба ин хона наздик шуда буд, ки дар ҳамин маврид аз тирезаи он хона кампире сар бароварда овоз дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё