Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
намешаванд. Греди накӯрафтори мо низ аз дасти ин роҳзанон бо кӯмаки духтари меҳрубони сардори дуздон зуд раҳо ёфт. Дар ҳақиқат одамони нек бо як нигоҳ дарди дили якдигарро мефаҳманд ва зуд бо ҳам ошноӣ пайдо мекунанд. Греди ҳалиму меҳрубон ва духтари накӯкори сардори дуздон дӯст шуданд. Гред ҳодисаи ба сари дӯсташ Кай омадаро ба дугонааш накл кард. Дили духтари сардори дуздон ба Гред ва Кай сӯхта, оҳуи бодпояшро, ки ҷойи Маликаи Барфинро медонист, ба ӯ дод. Бо фармони духтари сардори дуздон оҳу дар як чашм задан Гредро ба қасри дилсардкунандаи Маликаи Барфӣ расонид. Дар ин макони дилгиркунанда нишоне аз зиндагӣ набуд, ҳама ҷой оромӣ ҳукмфармой дошт. Греди қавиирода ба ин сардӣ диққат надода, барои кофтани дӯсташ вориди қаср гардид ва аз як гӯшаи он оқибат дӯсташ Кайро ёфт. Духтарак аз хурсандӣ худро ба оғӯши ӯ партофт ва аз дарди ҷудоиву хушии дидор беихтиёр аз чашмони зебояш ашки шашқатор ҷорӣ шуданд. Ашки гарми саршор аз меҳру муҳаббат ва садоқати Гред ба дили сарди Кай асар карданд, яхпораи дили ӯ аз ашки вафо ва сидқу сафо об шуданд. Кай чашмонашро боз кард ва худро дар оғӯши дӯсташ дида хеле хушҳол шуд. Ӯ дигар бераҳм набуд. Садоқату муҳаббати рафиқаш Гред сардиву бераҳмии ӯро аз байн бурда буданд. Ҳамин тавр онҳо то охири умр хушбахтона умр ба сар бурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё