Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

СЕ ҲАҚИҚАТ
(Афсонаи халқи Гвинея-Бисау)

Рӯзе аз бешазоре як кафтор мегузашт. Кафтор имрӯз шикори бобарор дошт, аз ин рӯ шикамаш сер буд ва дар халтае ба фарзандонаш гӯшти серравган мебурд. Баъди чанде роҳ рафтан аз пеши кафтор бузе баромад. Кафтор бузи бечораро дошта гуфт:
– Ба ман се ҳақиқат гӯй. Агар заррае ба хатогӣ роҳ додӣ, туро бераҳмона мехӯрам.

Буз аз тарс дарақ-дарақ меларзид, вале ҷони ширин ӯро ба фикр намудан маҷбур месохт. Баъди андешаи зиёд буз гуфт:
– Агар медонистам, ки бо ту рӯбарӯ мешавам, бо дигар роҳ мерафтам.
– Ин ҳақиқати воқеист, – тасдиқ намуд кафтор.
– Боз ду ҳақиқати дигар гӯй.

Буз гуфт:
– Имрӯз ту сер ҳастӣ, вагарна барвақт маро хӯрда будӣ ва вақти бо ман сухан гуфтан надоштӣ.
– Ин гуфтаи ту низ ҳақиқат дорад.

Кафтор ба ғазаб боз гуфт:
– Ҳақиқати сеюмро бигӯй!

Бузи бечора бо овози ларзон гуфт:
– Агар ман зинда монам, ба хона бармегардам ва ба наздикон нақл мекунам, ки кафторро дидам ва ӯ маро нахӯрда раҳо кард, вале ҳеҷ касе ба гуфтаи ман бовар нахоҳад кард.

пешина
аз 87
навбатӣ