Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

рафта гӯй, вай аз ҷазо халос мешавад, вале дар бораи ман ба касе чизе нагӯй!

Духтари вазир ба хона омада, маънии қар-қари зоғро гуфт.

Рӯзи дигар, пагоҳӣ, подшоҳ вазирро ба наздаш чеғ зада гуфт:

– Хӯш, канӣ зоғ чӣ гуфтааст?

– Зоғ гуфт, ки: «Зани оқила марди нодонро доно карда метавонад», – ҷавоб дод вазир.

Подшоҳ ба вазир чизе нагуфта, фикр кард: «Вазир забони мурғонро намедонад, ягон кас ба вай ёд додааст. Кӣ бошад, ёфтан зарур».

Подшоҳ чор тарафро пурсуҷӯ кунонид. Хабар оварданд, ки як духтари доно будаасту забони мурғонро медонистааст.

Подшоҳи дарунсиёҳ ба он духтар қасддор шуд.

Дар дарбори подшоҳ чил лаванд зиндагӣ мекарданд. Подшоҳ лавандҳои танбали бекорҳӯҷаро тамошо карда, гапҳои беабраю беастари онҳоро шунида, дилхуш мешуд. Кори лавандон тамоми рӯз хӯрдану хоб рафтан буд. Онҳо ба дараҷае расида буданд, ки маҷоли ҷунбиданашон намонда буд.

Подшоҳ фармон дод, ки лавандҳоро ба хонаи чӯбин дароварда, маҳкам кунанду хонаро аз чор тарафаш оташ зананд.

Фармони подшоҳро иҷро карданд.

Хонаро аз чор тараф оташ фаро гирифт. Вассаю болор сӯхта, ба поён афтодан гирифтанд.

пешина
аз 87
навбатӣ