Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ қай ором гирад, савдоро бо доруҳое аз қабили ҳалилаи сиёҳ, афитимун, ғориқун ва намаки ҳиндӣ истифроғ кунанд. Агар ҳолат ба додани равғани беданҷир бо ёраи фиқро ва афитимун маҷбур кунад, чунин корро бикун. Агар испурчро ягон иллате бошад, испурчро муолаҷа кунанд.
Ҳангоми қае, ки ба сабаби рехтани моддаи тунуки сӯзонанда ва бо таом омехтану маниши гаштан овардани он ба амал ояд, ҳангоми навбат бо қурсҳои «ситора», ҳангоми ғайри навбат бо ёра берун кардани [модда] ва исҳол овардан бо сикангубини омехта бо сабр ва сикангубини бо сақмуниё аз барои исҳол сохта шуда ва бо оби олу ва хурмои ҳиндӣ суд доранд, зеро [оби олу ва хурмои ҳиндӣ] моддаро ба фурӯсӯ гардонида, бо турушии хеш қайро фурӯ нишонанд. Ҳангоми ин гуна қай бояд бо ёрии ҳуқнаи нарми аз бунафша, унноб, ҷави муқашшар, хори хасак, бобуна, сапистон, турбид ва бо равғани бунафша, шакари сурх ва бура сохташуда моддаро ба фурӯсӯ бикашанд ва баъди берун кардани модда шароби хашхош ба кор баранд. Шароби кундури376 ба сифати зерин буда судманд аст: биҳӣ, тутум, кунор (набақ), донаи анор ва хурмои ҳиндиро биҷӯшонанд ва сипас андар он кундур ва андаке уд ҳамроҳ кунанд. Бидон, ки агар табиат баробари қай хушк бошад, муолаҷаи он душвор аст. Ҳамаи онҳоеро, ки қай ба сабаби рутубатҳост, пистҳо, нони андар танӯр хушк кардашуда, табошир ва фишурдаҳо суд бахшанд. Ҳар чи ки ба он рутубатҳо часпида, онҳоро бихушконад, фоиданок бувад.
Бисёр вақт чунин эҳтиёҷ афтад, ки бар шиками чунин [бемор] ва бар пушташ миёни ду китф миҳҷамаҳо гузоранд ва [низ] ба хоб овардан ва ё андар ғановаҳо ҷунбондани ӯ эҳтиёҷ биафтад. Агар рутубати зардобӣ бошад, пас, доруҳои карахткунандаи хушбӯе ба кор баранд, ки ба табаҳ шудани бахши зардобӣ ва бадбӯии он муқовамат варзанд. Ҳангоми [ба кор бурдани] доруҳои гирандаи хушксозанда ва хусусан [доруҳои] атрӣ, балки ғизоӣ, агар ин гуна модда сахт фурӯрафта ва ҷабидашуда бошад, бояд ҳамроҳи онҳо низ доруҳои латифсозанда ва бурандае аз қабили сикангубин ва дегафзорҳои маъруф ба кор бурда шаванд. Ҳамчунин агар модда часпаки ситабр бошад, бо доруҳои андаке қавитар аз онҳо муолаҷа кунанд. Ёра бо сикангубин барои бештари [доруҳо] муштарак аст. Баъд ба чунин [беморон] доруҳои (343) фурӯнишонандаи қайро бо андаке гармисозӣ бидиҳанд, ки масалан, инҳост: шароби наънои377 бо анор сохташуда, ки андар он уди хом афканда бошанд, ё шароби туруша, ки андар он дегафзорҳои гарм, уд ва барги турунҷ афканда бошанд ва низ доруи талхи мушк ва [доруи] биҳигӣ. Ҳамаи инҳоро бо ҷӯшонидаи дегафзорҳо биҷӯшонанд. Низ доруи мушкро бо майпухта бидиҳанд. Шароби афсинтин ҳама вақт барои эшон судманд аст.
Як нусхаи хуб: анори туруш ва як дастаӣ наъно ва наммомро гирифта, андар ду ратл об то ним шудани он биҷӯшонанд. Сипас андар он як донг мушк ва чаҳоряк дирам удро совида афкананд ва пайваста ҳар соате аз он як қултӣ биошоманд. Дигар аз доруҳои ин намуди қайро оромкунанда рубби турунҷ бо уд ва мехак бувад. Шароби наънои анорие, ки хусусан андар он кундур, сукк, пӯс

ти писта, мушк, уд ва майпухта афканда бошанд, қаи балғамиро ниҳоят хуб фурӯ нишонад. Агар бими он дошта бошӣ, ки думодумоии қай ва бисёрии он чӣ гунае набошад, ҳангоми набудани табҳои баландҳарорат боиси афтидани қувват бигардад, ба бемор оби гӯшти аз мурғчӯҷа ва каллапочаи бузғолаву барра сохташударо бо нони коки мисли сурма совида, оби себ [176] ва андаке шароб бидеҳ. Ба ӯ чӯҷабирёни андар пеши чашмаш поракардаро бибӯён ва низ нони гарм бӯёнда шавад. Аз барои ин гуна [қай] чунин кунанд: чӯҷаро андар об биҷӯшонанд, он обро рехта, дубора бо об биҷӯшонанд ва сахт нарм кунанд. Сипас онро андар ҳован кӯфта, обашро фишурда бигиранд ва сард созанд. Андар он мағзи нони сафедро афканда, ҳал кунанд, андаке шароб биомезанд ва андар он фишурдаи себ ҳамроҳ карда, аз он дам кашанд.
Оне, ки аввал нек пухта, сипас кӯфта мешавад, беҳтар аз онест, ки нахуст кӯфта ва сипас ҷӯшонида шавад, зеро ҳангоми ин намуд рутубати модарзодӣ аз он ҷудо шуда, бухор шавад ва ҳангоми он намуд, андар худи [гӯшт] банд шуда истад. Гоҳе аз барои маниши гаштан, нимгардон шудани нафс ва гардонидан ғизоҳое суд бахшанд, ки аз [гӯшти] кабк ва чӯҷа сохта, бар онҳо ғӯраоб, турушаи турунҷ, тутум ва оби себи туруш афканда ва ба изофаи он онҳоро бо равғани зайтуни норасид бирён карда бошанд. Ба эшон, хусусан агар аз қай андаке боқӣ монда бошад, додани писти ҷав бо оби сард боке надорад. Ҳамаи ин [корҳоро] бояд якчанд бор такрор намуд. Агар ин чизҳоро бемор бигардонад ва бад бинад ва ин бадбинӣ аз намуди зоҳирӣ бошад, ҳайъати онҳоро дигар бикун.
Андар баёни доруҳои сода ва мураккабе, ки аз барои маниши гаштан ва қай судманданд: Бидон, ки хоидани мастако, кундур ва сарв гоҳе аз онҳо суд бахшад ва сақиздонаро низ [бихоянд]. Агар аз судоби хушк як кафча ба бемор биошомонанд, аҷаб хуб бошад. Агар мехакро мисли сурма нек бисованд ва бар ошоме бипошанд, ки аз [нони] кок ва фишурдаҳо сохта бошанд, [қайро] ҷо ба ҷо фурӯ нишонад. Ҳамчунин агар онро бо оби сард биошоманд ва ё андар об ҷӯшонида, ин обро хусусан ба кӯдакон бидиҳанд, низ чунин бошад. Аз ҳама беҳтар он аст, ки бар [ҷӯшонидаи он] мастако бипошанд. Яке аз доруҳои судманди фурӯнишонандаи қай ва маниши гаштан рубби турунҷ аст. Ба касе, ки аз сабаби заҳра қай кунад, онро холӣ биошомонанд, вале ба касе, ки аз сабабҳои сардӣ қай кунад, омехта бо уди хом ва мехак бидиҳанд. Низ ҷӯшонидаи пӯстҳои писта чи холис ва чи бо дегафзорҳо [нофеъ аст]. Аз ин ҳам қавитар оби шукуфаи ток аст, ки онро ҳам танҳо ва ҳам бо дегафзорҳову каравиё ба кор баранд. Майпухта ва майсавсан яке аз чизҳои мавриди эҳтиёҷанд.378 Таркиби санҷидашудае, ки низ аз барои хуб дарёфтани ғизо ёрӣ диҳад: аз ҳар кадоми тухми катон, бехи савсани осмонгун, мастако ва зира як бахшӣ гирифта, бо оби ангубин биҷӯшонанд ва ба кор баранд.
Агар [дигар] илоҷҳо оҷиз оянд, набояд доруҳои карахткунандаеро ба кор бурд, ки андар табъи хеш қайангезанд, чунонки банг ва гавзи мосал андар табъ чунин бошанд, балки бояд бо онҳо доруҳои атрие ҳамроҳ карда шаванд, ки карахткунандагии онҳоро нигоҳ дошта, қайангезияшонро ба ислоҳ оранд ва бо заҳрнокии онҳо муқовамат варзанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ