Қонуни тиб

Маниши гаштан гоҳе боқӣ монда ба қай табдил наёбад. Сабаби ин ё шиддатнок будани қувваи нигоҳдоранда, ё сустии кайфияти чизи маниши гаштан оваранда ва ё камии миқдори он буда, агар аз болои он ягон чиз бихӯранд, қай овардан осон бигардад, балки гузашта аз ин қайро ба ҷунбиш оварад. Ҳар киро меъда заиф бошад, чунин ориз гардад, ки худ ба худ маниши гаштан падид ояд, вале қай овардан натавонад, зеро меъдааш холӣ буда, хилти озордиҳандаи чи ҷабидашуда ва чи ғайри ҷабидашуда ӯро ба қадре кам аст, ки агар ба ҷои ин меъда ва даҳони он меъда ва даҳони меъдаи қавитаре мебуд, худ ба худ ғашён намекард ва аз ин [миқдор хилт] мутаассир намешуд. Лекин ба иллати заъфи хеш аз он мутаассир бигардад ва ба иллати камии модда онро гардондан натавонад. Ҳар гоҳ чунин [одам] чизе бихӯрад, ба ду сабаб гардонидан ӯро имконпазир бигардад: якум аз баҳри он ки [ангезиши] хилт [173] андак буда, на боиси ҳаракати [меъда] бигардад ва на онро [ба қай] маҷбур кардан тавонад, зеро вай андар қаъри меъда ҷойгир аст. Ҳар гоҳ [бемор] таом бихӯрад, ин таом он [хилтро] ба боло барорад ва афзоишаш диҳад; дуввум ин, ки [маниши гаштан] аз ҳаҷми таом барои гардондан ва кандани он [хилт] кумак бигирад. Гоҳе гармӣ ва хушкие, ки андар даҳони меъда ориз гарданд, нафсро нимгардон кунанд ва маниши гаштан оваранд ва [даҳони меъда] бо кайфияти гарми худ он кореро кунад, ки хилти андар ҳамсоягӣ буда низ бо гармии худ чунин кунад.
Ба таври муътадил ба кор бурдани қай суди бузург дорад, вале пайваста давом кардани он яке аз омилҳои суст шудани қувваи меъда ва маҳалли ҷамъшавии фазлаҳо гардонидани он мебошад. Қаи буҳронӣ наҷотдиҳанда аст.
Бисёр бошад, ки каси ба таб гирифторро якбора ташаннуҷ, ё саръ ва ё чизе шабеҳи саръ ориз бигардад ва сипас чизи зангорие ва ё нилгуне гардонида, бо ҳамин раҳо ёбад.
Қай гоҳе низ аз суботи бузурге наҷот диҳад, ки ҳангоми табҳо ва ғайри онҳо аз пурӣ ба амал ояд. Бисёр бошад, ки қай аз ҳукаки доманадор халосӣ бахшад. Ҳар кӣ ба иътидол қай ба кор барад, ин гурдаҳояшро эмин дорад, офатҳои он ва пойҳояшро беҳ кунад ва аз кафидани рагҳои варидӣ ва шараёнӣ шифо бахшад. Андар моҳе ду бор қай кардан писандида аст. Беҳтарин ҳангоми қай баъди он аст, ки аз гармоба баромада, ба таври шикамсерӣ таом хӯрда бошанд. Мо андар ин бобат андар Китоби нахустин ба таври муфассал сухан рондаем.373 Меъдаи нотавон ҳар боре, ки ғизо бипазирад, ӯро маниши гаштан ва нимгардон шудани нафс ориз бигарданд ва агар андаке беш аз ин заифтар бошад, чизи барояш расидаро нигоҳ доштан натавонад, балки онро ба забару зер биронад. Заъфи меъда мумкин аст аз намудҳои гуногуни бадмизоҷӣ падид ояд. Ту худ медонӣ, ки яке аз сабабҳои бархе аз намудҳои бадмизоҷӣ чизест, ки ҳангоми он ҳал шудани рӯҳ низ ба амал ояд. Масалан, исҳоли зиёд ва хусусан исҳоли хун аз ҳамин қабил бувад. Ту худ медонӣ, ки яке аз сабабҳои заъф дардҳои шадид, андӯҳҳо, рӯза доштан ва гуруснагии сахт мебошад. Ҳамаи инҳо ба сабаби заъфи меъда овардан низ сабабҳои қай буванд.
Меъдаи дардманд низ зуд таомро қай карда, биронад. Ҳар киро думодум хом мондани таом рӯй диҳад ва аз ғайри
фаро расидани гуруснагии ростинӣ таом бихӯрад, ӯро чунин ориз бигардад, ки ҳар гоҳ чизе бихӯрад, нахуст сӯзиши ниҳоят сахте падид ояд, ки тоқат кардан натавонад, сипас кор ба ҷое бирасад, ки ҳар бор чизе бихӯрад, бигардонад. Бадтарин қай онест, ки хун партофта шавад, вале ба шарти набудани ваҷҳе, ки баъд ёд хоҳем кард ва он далели қуввати табиат бошад. Баъди он қаи савдовӣ биистад. Сабаби ин гуна бадӣ он аст, ки ин ду [хилт] андар меъда зода нашаванд, балки аз ҷои дур ва аз андомҳои дигаре ба сӯи меъда рондашуда бошанд ва далели онанд, ки андар он андомҳо офатест ва меъда [бо онҳо] анбозӣ дошта, зери таъсири он [офат] мондан боиси нотавонии меъда бигардад. (338) Қаи хунӣ хусусан аз чунин ҳаракати хун гувоҳӣ диҳад, ки берун аз андозаи лозимист ва ҳаракати хун ҳар гоҳ аз ҳадди зарурат берун шавад, аз ҳалокат ҳушдор бидиҳад.
Қаи холис бад аст. Қаи сафровӣ бар беандоза будани гармӣ гувоҳӣ диҳад ва қаи балғамӣ аз он далолат кунад, ки сардии содаи холис ба ифрот аст. Ҳангоми қаи ранга бадтаринаш онест, ки аз савдовӣ, зангорӣ ва ганданогунӣ иборат бошад. Ин барои он бад аст, ки бар фароҳам омадани хилтҳои бад далолат дорад. Яке аз [ҳолатҳои] мураккаби бад-ин аст, ки даҳони меъда нимгардон шуда, маниши гаштан дошта бошад ва табиат баста бувад. Андар ин ҳол он чи қайро фурӯ нишонад, табиатро бештар сахт кунад ва он чи ки табиат бикушояд, қайро низ афзоиш бидиҳад. Ин ба шарте чунин аст, ки агар чизи маниши гаштан оваранда хилти тунук ва ё заҳравӣ набошад.
Ин ҳолро чун бо оби олу, хурмои ҳиндӣ ва монанди инҳо муолаҷа кунанд, ҳар ду ҳолатро якҷоя суд бахшад. Бархеро пайваста иштиҳои таом бошад ва ҳар боре, ки шикамаш аз он пур шавад, ё бигардонад ва ё лағжида, ба фурӯсӯ биравад. Сипас [хӯрданро] боз аз сар бигирад ва ин бозӣ ҳамин тавр пайваста давом кунад. Вай мисли одамони тандуруст зиндагӣ кунад ва гӯё ин ҳолат барояш як амри табиӣ бошад. Як парандаест, ки пайваста малахро сайд карда, мехӯраду боз қай мекунад ва умрбод ҳар чи ёбад, сер намешавад. Низ ҷонварони дигаре бадин сифат ҳастанд. Аз миёни одамон касонеанд, ки чун таом бихӯранд, чунин гумон кунанд, ки агар ҳаракат кунанд, мегардонанд ва ҳар гоҳ ба хашм оянд, ё сухан гӯянд ва ё агар ягон ҳаракати нафсонӣ кунанд, таомро бигардонанд. Сабаби он чизест, ки донистӣ.
Беосебтарини қай онест, ки омехта буда, ситабрию тунукияш миёна ва аз хилтҳое иборат бошад, ки мисли балғам ва сафро [хилтҳои] одатии [қай] буванд. Аммо қаи ганданогун ҳангоми бемориҳо далели бад аст. Қаи сабзи моил ба сиёҳии ложувардигун ва қаи нилӣ аксар вақт бар фишурдагии гармӣ ва марги қувват далолат кунанд. Ин ду қай ғайри қаи ганданогун ва зангорист, вале гоҳе мумкин аст чунин иттифоқ афтад, ки андар ин ҷо низ сабаб сӯзиш бошад. Вале агар қаи сӯхтагӣ аз сабаби сиёҳсозию тирагӣ овардани сардӣ ва марги табиат набошад, моил ба тобандагию равшанӣ буда, мисли ганданоӣ бувад. Аммо қаи зард, ганданогун ва зангорӣ бештар касонеро рӯй диҳанд, ки мизоҷи ҷигарашон сахт гарм бошад. Худованди омоси гарми ҷигарро нахуст қаи сафро, сипас қаи ганданогун ва баъд қаи зангорӣ ояд ва бо ҳукаку маниши гаштан зоҳир шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор