Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар ним ратл дӯғ панҷ дирам аз ин доруҳо ҳамроҳ кунанд. Бар меъда зимодҳои андар «Қонун» ёдшударо бимоланд ва хӯрдани ғизоҳое бифармоянд, ки аз наски муқашшар, гуринҷ ва говарс бо фишурдаҳои меваҳои гирандае аз қабили оби ғӯра, оби анори туруш ва оби (336) биҳии туруш иборат бошанд. Агар аз надодани гӯшт моро чора набошад, ба эшон гӯштҳое бидиҳанд, ки аз қабили гӯшти чӯҷа, кабк ва тиҳу буда, онҳоро сахт бирён карда ва бар онҳо турушиҳои ёдшударо пошида бошанд. Ба ҳамин наздик он [лағжониеро], ки ба сабаби бадмизоҷии гарми сода ва бе модда ба нудрат ва хеле кам воқеъ шавад, бо чизҳое муолаҷа кунанд, ки онҳоро андар боби ҳамагонӣ дониста будӣ.
Агар [лағжонӣ] аз сабаби сардӣ ба амал ояд, онро бо он доруҳои гармиоварандаи ошомиданӣ ва зимодшавандае муолаҷа кунанд, ки андар ҷои худ ёд шудаанд ва [ба бемор] аз [гӯшти] бирёни чаковак ва гунҷишк ғизо бидиҳанд. Мурғчӯҷа ҳам [хуб аст], зеро андар меъда дер бимонад. Бар онҳо дегафзорҳои хушбӯйи гарми қабзкунанда ва ё гарми омехта бо қабзкунанда бизананд. Агар андар ин ҳол моддае ҷой дошта бошад, онро бо чизҳое истифроғ кунанд, ки пеш аз ин баён ёфтанд. Ҳар ҳафта як бор қай ба кор бар, гувориши хузистонӣ, гувориши мӯрддона ва гувориши рими оҳанро истеъмол кун ва ба бемор набизи сахти куҳан бидеҳ.
Агар [лағжонӣ] аз сабаби решҳо бошад, решҳоро бо илоҷҳои худашон дармон кун ва сипас тадбири қавӣ гардонидани меъдаро пеш гир. Агар аз сабаби заъфи қувваи нигоҳдоранда бошад, илоҷаш ин аст, ки ҳангоми он доруҳои фишурдакунандаи369 қабзоварандаро якҷоя бо доруҳои гармиоварандаи хушбӯй чи ба тариқи ошомидан ва чи ба тариқи зимод ба кор баранд. Яке аз чизҳое, ки аз барои ин судманд аст, истеъмоли гувориши харнуб бо оби авсаҷи тар,370 ё доруи тутум бо оби харнуби тар, ё кӯфтаи донаи анор бо рубби биҳии туруши сода ва ё гувориши хузистонӣ бо рубби мӯрд бувад. Дигар чизе, ки аз барои он суди азим бахшад, қурсҳои ҳибуқистидос, қурсҳои гулнор, зимоди афсинтин бо доруҳои гиранда бувад. Аммо ғизоҳои [ин бемор] қариб мисли онҳоест, ки андар боби мизоҷи гарми тар ёд кардем, яъне аз ғизоҳои бирёнкарда, ғизоҳои қалякарда, ғизоҳои тобагӣ ва руббҳо иборатанд. Бидон, ки оби ҷав бо хурмои ҳиндӣ аз барои маниши гаштан ба ҳангоми бемориҳо судманд аст.
Фасли чаҳорум андар баёни қай, таҳаввуъ, маниши гаштан ва нороҳатии меъда

Қай ва таҳаввуъ ин ҳаракати меъда аз барои чизеро
аз тариқи даҳон рондан мебошад. Аз ин ду таҳаввуъ
чизест, ки ҳангоми он аз ҷониби ронанда ҳаракат карда
шавад, вале ҳаракати чизи рондашаванда бо он ёр набошад. Қай чизест, ки ҳангоми бо ҳаракати аз сӯи ронанда падидомада ҳаракати чизи ба берун рондашаванда ёр
бигардад. Маниши гаштан чунин ҳолати меъда аст, ки
гӯё ин ба ҳаракатоӣ он ҳолатро тақозо мекарда бошад
ва сӯи майл ба сӯи ин ба ҳаракатоӣ буда, ба ҳасби тақозои модда ё давомдор бошад ва ё кӯтоҳмуддат. Ин ҳолатҳо аз ҳама сӯ мухолифи иштиҳоянд. «Нимгардон шудани нафс» гуфта, маниши гаштани пайвастаро гӯянд ва гоҳе набудани иштиҳоро низ чунин гӯянд. Навъе аз қай тези нороҳаткунанда аст, чунонки ҳангоми ҳайза ва ҳангоми ҳолате чунин бошад, ки каси доруи қай хӯрдаро рӯй диҳанд. Навъи дигари он ором аст, чунонки мамъудонро чунин бошад. Ҳар гоҳ таҳаввуъ падид ояд, чизе ба амал ояд, ки даҳони меъдаро барои рондани ягон чиз аз тариқи наздиктарин маҷбур созад. Ин ё кайфияти таъсираш ба меъда мисли таъсири моддаест, ки меъдаро ва ё андоми анбози ӯ, масалан, мағзро ҳангоми кӯфта шудани он озор диҳад ва ё моддаи хилтии ҷабидашуда ва ё андар меъда рехташудаест, ки таомро табаҳ созад.
Ин [модда] ё сафровӣ бошад, ё рутубати бади гандашаванда, чунонки занони обистанро чунин модда ориз гардад, ё рутубат ғайри бад буда, лекин аз ғайри бадии сабабе даҳони меъдаро суст кунад ва ё рутубати ситабри часпак ва ё бисёри гарониоваранда буда, аз ғайри будани ягон сабаби дигаре [даҳони меъдаро] газанд оварад.
Агар ин [рутубат], масалан, хун ва ё балғами ширин бошад, умеди он аст, ки ин гуна чиз тан ва низ меъдаро ғизо хоҳад бахшид, зеро хун меъдаро ғизо диҳад ва балғами ширини табиӣ низ ба хун табдил ёбад ва меъдаро ғизо бахшад. Лекин ин на ҳар гунае, ки рост ояд ва на ҳар гунае, ки ба меъда расидааст, ғизо хоҳад дод, балки ҳангоме ғизо хоҳад бахшид, ки агар ба тадриҷ аз тариқи рагҳое ба сӯи меъда бирасад, ки онҳо хунро ба мизоҷи меъда бигардонанд ва онро ҳамрангаш созанд. Инҳо ҳамон рагҳоеанд, ки андар [боби] ташреҳ ёд шуданд.371 [Ҳамаи ин] ба шартест, ки агар ягон сабабе падид наояд ва бар асари он меъда на ғизо ёбад ва на ба сӯи он рагҳо ба миқдори лозимӣ [ғизо] оваранд, то онро пазируфта бигуворад ва ба хун табдил созад, чунонки бисёр вақт ҷигар на аз тариқи рагҳои хунфиристонанда, балки аз тариқи рагҳои гузаронандаи килус ба сӯи [меъда] хуни хуби созгори начандон гарониоваранда фиристад ва онро меъда (337) аз тариқи ҷабидану ҳамранги гавҳари хеш сохтан ба худ ғизо кунад. Ба ростӣ, ғалат кардаанд касоне, ки гумон доранд хун меъдаро ғизо намешавад ва ба ин ҳукми мутлақ баровардаанд.
Бархе касонро рӯй додани навбатҳои [қаи] савдо одат шудааст ва ин ба фоидаи тандурустии эшон бувад. Гоҳе ин боиси сӯзиши сурхною гулӯ, балки гузашта аз ин боиси реши онҳо бигардад.
Бархе аз маниши гаштан нишонаи буҳрон аст ва гоҳе ҳангоми табҳои вабоӣ мумкин аст нишонаи бад ҳам бошад. Агар андар касони нав аз беморӣ бархоста бисёр рӯй диҳад, аз кандашавӣ гӯшмол диҳад. Бархе аз қай буҳронӣ буда, аз барои табҳои тез, на аз барои омоси гарми ҷигар, ки аз сӯи фурӯрафтагии он ҷой дорад, судманд хоҳад буд. Бархе дигар аз қай ҳангоми бархостани бухорҳо ориз бигардад. Агар андар меъда ва андомҳои дарунӣ хусусан омосҳои гарм ҷой дошта бошанд, онҳо падидоварандаи қай буванд, аз баҳри он ки ин [андомҳо] майли рондани [ғизо] дошта, аз совидани андаке, ки аз камтарин ғизо, ё дору, ё хилт ва ё андоми бархӯранда372 падид ояд, озор бинанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ