Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз чизҳое, ки андар ин бобат санҷидашуда аст, ин аст, ки ба худованди чунин [беморӣ] доруи зеринро биошомонанд: якуним дирам коснии даштии хушк ва як дирамӣ тухми марв ва шанбалитро гирифта, ҳамаро бисованд ва бо бархе аз ширҳои навдӯшидаи гарм мисли шири хар ва буз биошоманд. Миқдори ширро се уқия гирифта, бо вай се дирам шакар биомезанд. Низ яке аз чизҳои санҷидашуда доруи зерин аст: як уқия аз коснии даштии хушк, ду уқия шанбалит ва ҷаҳор уқия тухми марвро гирифта, бикӯбанд ва бибезанд. Сипас онро бо шири буз ва равғани кунҷид сиришта, ҳамчун зимод ба кор баранд. Ё боистӣ беморро бо оби нимгарм оббозӣ доронда, бар [маҳалли] кафгирак ягон доруе бибанданд, ки аз анҷир, бобуна ва шанбалити ҷӯшонидашуда сохта бошанд ва барои қавӣ шудан андар онҳо афсинтин изофа кунанд. Мурод аз ҳамаи инҳо пазонидани омос ва кафонидани он бувад.
Чун ҳадс бизанӣ, ки омос пухтааст ва агар гармоба кардани ёдшуда ва зимодҳоро ба кор бурда бошӣ ва аз паси он зимоди анҷирии ёдшударо низ истеъмол карда бошӣ, пас, барои бемор бистари дуқабатаи ба ғоят нарму гарм густурда, ӯро бифармой, ки бар шикам бихобад, то андар зери фишор омос бикафад. Ту кафидани онро аз тариқи пажмурда ва паст шудани [шикам] ва ба ёрии омадани риму хун ё аз барсӯ ва ё аз зер хоҳӣ донист. Андар ин ҳангом инчунин [ба бемор] сабр бо оби коснӣ бидеҳ. Ҳар гоҳ ки омос кафид, ба ӯ доруҳои фароҳамоварандаи реш биошомон, вале касе, ки аз меъда рим қай кунад, ноумедӣ бештар аз умедворӣ хоҳад буд.
Ҳар гоҳ ба ҳадс дарёбӣ, ки андар меъда рим аст, онро бо исҳол берун овар, вале ба қай овардани он напардоз.
Агар ин гуна чизҳо суд набахшанд, доруҳои андар боби омоси сахт ёдшударо ба кор бар.
Ғизоҳои барои чунин [бемор] андар оғози кор муносиб ошомҳоест, ки аз нашоста, ҷави муқашшар ва зардии хоя бисозанд ва ба охир он [ошомҳоест], ки андар онҳо ба миқдори [муайян] шибит ва шанбалит афканда бошанд.
Фасли панҷум андар баёни решҳои меъда

Меъдаро гоҳе ба сабаби тезии он хилтҳое, ки андар ҷирмаш бидароянд ва ё бо он дучор оянд, решҳо ва табишҳо падид хоҳанд омад. Бисёр вақт инҳо ба сабаби он чизҳое рӯй диҳанд, ки аз дигар [андомҳо] оянд. Дар ҳақиқат аксар вақт меъда аз сабаби назлаҳое гирифтори реш шавад, ки аз сар ба сӯи он фуруд омада, тези сӯзонанда ва ё пазирои уфунат бошанд. Бинобар он агар фурудоии онҳо дер бикашад, онҳо гандида, [меъдаро] бихӯранд.
Андар баёни нишонаҳо ва фарқиятҳо: Бисёр бошад, ки решҳои меъда хусусан агар андар бахши зерини он ҷой дошта бошанд, боиси хурдии нафас, дамидагии рагҳо, беҳушӣ ва сардии дасту пой бигарданд. Гоҳе бар решҳои меъда бадбӯии оруғ, баромадани бухоре, ки забонро бихушконад ва хушкии забон гувоҳӣ диҳанд ва бисёр вақт қай ба амал ояд. Агар андар меъда табишҳо падид омада бошанд, оруғ сахт зиёд бигардад. Фарқи

миёни реше, ки андар сурхной падид ояд ва оне, ки андар даҳони меъда ин аст, ки ҳангоми реши андар сурхной буда дарде ҳис карда шавад, ки ба сӯи пас гузашта, миёни ду китф ва андар гардан ва то аввалҳои сина густариш ёбад. Ҳолати онро гузаштани чизи аз гулӯ фурӯраванда ба таҳқиқ хоҳад расонд. Вай ҳангоми гузаштан бар маҳалли дард далолат кунад ва ҳар гоҳ ки аз он ҷо гузарад, ин дард андак сабук хоҳад шуд. Бар [реши] андар даҳони меъда буда дарде далолат кунад, ки андар бахшҳои фурӯсӯви сина ва бахшҳои барсӯвини шикам ҳис карда шавад ва он сахттар хоҳад буд. Чизи фурӯбурда ҳангоми аз сина гузаштан бар вай далолат кунад ва дард аксар вақт ба ҷиҳати мароқ майл кунад. Ҳангоми ин гуна [реш] нафас хурд ва ҷисм сард бишаванд ва андар бештари ҳолатҳо боиси беҳушӣ бигардад. Далели реши андар қаъри меъда буда ин аст, ки ҳангоми он аз ғайри мавҷуд будани реши рӯдаҳо ҳамроҳи бироз қишри реш берун ояд, баъд аз ҷо ба ҷо шудани чизи хӯрдагӣ андар зери меъда дард ҳис карда шавад ва ин дард андак бошад.
Реши меъда аз реши рӯда бо маҳалли дарде фарқ кунанд, ки ҳангоми ба сӯи тан гузаштани таом падид ояд.
[Низ] ҳамроҳи бироз ба нудрат қишр берун ояд ва он қишри тунук буда, аз ҷинси чизе бошад, ки аз рӯдаҳои барсӯвин берун ояд. Аз меъда будани онро бад-ин далел исбот кунанд, ки дард на андар ноҳияҳои рӯдагон, балки боло аз он бошад. Вале бисёр вақт иштибоҳ афтад ва ин [беморӣ] чун зусанториёи болоӣ, яъне зусанториёе бинамояд, ки андар рӯдагони (333) барсӯвин ҷой дошта бошад. Бинобар он бояд андар ин ҳол хуб диққат дод. Аммо агар андар зимни қай қишр берун ояд, ин ҷуз аз сабаби реши сурхной ва ё меъда нахоҳад буд.
Агар бихоҳӣ, ки инро бисанҷӣ, бояд ба бемор чизе бидиҳӣ, ки андар он сирко ва ё хардал мавҷуд бошад.
Илоҷи решҳои меъда: ҷароҳати тозаеро, ки андар меъда биафтад, бояд бо доруҳои гиранда муолаҷа кунанд, низ ғизоҳои зудгувор бифармоянд ва доруҳои решиеро дур бидоранд, ки андар таркиби онҳо зангор, сафеда, мурдосанг, тӯтиё ва амсоли инҳо бидароянд. Баръакс, бояд реши меъда ва хӯраи онро нахуст ба тариқи поксозӣ бо ёрии масалан, оби ангубин ва гулоб муолаҷа кунанд ва набояд доруи поксозанда ба андозае қувваи поксозӣ дошта бошад, ки боиси газанд шуда, аз поксозӣ дида бештар реш кунад ва аз тариқи афшондан суд оварад, балки бояд зудоишу шӯёии он ба сӯи поин бошад.
Агар андар ин миён хӯра ва гӯшти мурдае ҷой дошта бошанд, бояд онҳоро бо доруе муолаҷа кунанд, ки гӯшти мурдаро пок карда, решро фароҳам орад ва бисабзонад. Барои ин ёраи фиқро аҷаб созгор аст.
Ҳар гоҳ [ҷароҳат] пок шуд, бояд [ба бемор] дӯғи говии маскааш баргирифта, шароби биҳӣ, анор ва ғайра биошомонанд. Низ ба ӯ оби ҷавро бо оби анор ва фишурдаҳои меваҳои қабзкунанда бидиҳанд. Гоҳе эҳтиёҷ бадон бошад, ки ба бемор аз дилу ҷигар (бутун)-и сиркозадаи ҷавонаҳо [171] ва бузғолаҳо ғизо бидиҳанд. Бидон, ки модом ки чирк [пурра] пок нагардад, на муолаҷаи дигареро суде хоҳад буд ва на ба кор бурдани доруи реш фароҳамоварандаро. Ҳар гоҳ доруҳои фароҳамоварандаро ба кор бибарӣ ва агар иллат андар ноҳияҳои сурхной ва даҳони меъда бошад, андар онҳо ба миқдори лозимӣ аз доруҳои часпонандае мисли самғ ва касиро биафзой.

пешина
аз 1215
навбатӣ