Қонуни тиб

Дигар далелҳои аз барои рутубати мизоҷи меъда ёдшударо низ ба кор бибар.
Илоҷҳо: Яке аз қонунҳои ин омос низ чунин аст, ки бояд доруҳои ҳалкунанда аз доруҳои гиранда холӣ набошанд, зеро доруҳои ҳалкунандае, ки ҳангоми ин [муолаҷа] бад-онҳо эҳтиёҷ бошад, доруҳои ниҳоят ҳалкунандаанд.
Муолаҷаи ин гуна [беморонро] аз он оғоз кунанд, ки ба эшон аз оби карафс ва оби бодиён ду уқиягӣ, се дирам бура ва ба миқдори лозимӣ равғани бодоми ширин биошомонанд. Сипас баъди инҳо ду дирам равғани беданҷирро бо се дирам равғани бодоми ширин ва ҷӯшонидаи шоҳафсар бидиҳанд. Сифати [пухтакови] шоҳафсар чунин аст: даҳ [дирам] шоҳафсар ва даҳ [дирам] бехи бодиёнро бо чаҳор ратл об то як ратл мондани он биҷӯшонанд ва полида, чаҳор уқия аз онро ба бемор бидиҳанд. Ин гуна [беморонро] ҷӯшонидаи зуфое суд дорад, ки андар он шоҳафсар ҷӯшонида бошанд ва андар як ошомидании он се дирам равғани беданҷир ва ду дирам равғани бодоми ширин ҳамроҳ карда бошанд. Аммо аз миёни масуҳот (доруҳои масҳкашӣ) ва зимодҳо доруи зерин санҷидашуда аст: даҳ дирамӣ аз гесугуна, шоҳафсар, ҳамомо, бобуна ва шибит, ҳафт дирамӣ аз афсинтин ва сунбул, ҳашт дирам сабр, даҳ дирам мастако, шаш дирам кундур, понздаҳ дирам бехи хитмӣ, даҳ дирамӣ уша, говшир ва майъа, ду уқиягӣ аз пиҳи ғоз ва пиҳи мурр (331) ва ним ратл муми сурх. Беҳтарини масуҳот (доруҳои масҳкашӣ) равғани нордин ва равғани сунбул аст, ки андар онҳо мурр ва қардамоно афканда бошанд. Инчунин морчӯба ва печак бо равғани бодоми ширин, чугундару каранб бо равғани зайтун ва он ғизоҳое судманданд, ки хунро бихушконанд ва гуворишашон осон бошад. Бояд аз қай тамоман парҳез кард.
Фасли севвум андар баёни омосҳои сахти ситабр
Ин омосҳо гоҳе аз ибтидо падид оянд ва гоҳе, чунонки инро аз аслҳо донистӣ, аз табдилёбии омосҳои гарм ба амал оянд. Бисёр ба нудрат аз омоси балғамие падид оянд, ки онро сахтшавӣ ориз шуда бошад. Бар [омоси сахт] ба изофаи далелҳои омосҳо эҳсоси сахтӣ додани он, бисёрии васваса ва лоғарии тан гувоҳӣ диҳанд.
Илоҷ: Қонуни ин низ он аст, ки бояд доруҳои ҳалкунанда аз доруҳои қабзкунанда холӣ набошанд. Ҳамаи доруҳое, ки андар охири омосҳои гарм ниҳоят ҳалкунандаанд, андар ин ҷой судманд буванд. Бояд [ба бемор] пайваста шири шутур бидиҳанд. Яке аз доруҳое, ки [чунин беморонро] суд бахшад, ин аст: се мисқол равғани беданҷирро бо ҷӯшонидаи хиёршанбаре бигиранд, ки онро андар оби бехҳо тар карда бошанд. Агар эҳтиёҷ ба доруи аз ин ҳам қавитар биафтад, андар оби бехҳо аз шукуфаи гӯргиё, мастако, пари сиёвушон [170] бо дигар доруҳо як бахшӣ изофа кунанд. Агар бо равғани беданҷир ба миқдори як дирам равғани савсан ва ба миқдори ду дирам равғани бодом ҳамроҳ кунанд, судманд хоҳад буд. Ҳамчунин агар ин доруҳоро бо оби ангубин [ба бемор] бидиҳанд, низ судманд бувад. Бояд андар таркиби зимодҳои [чунин беморон] мағзи устухони гавазн, мағзи соқи гов ва пиҳи кӯҳони шутур изофа кунанд. Яке аз доруҳои барои ин [омос] ва аз барои решҳои ғарбелак судманд [доруи зерин аст]: як бахшӣ аз шоҳафсар, шанбалит, бобуна, донаи даҳмаст, хитмӣ ва афсинтин ва аз ҳар кадоми уша ва «бӯи ҷуҳудон»366 ду сеяки як бахш гирифта, ҳамаи ин сақизҳоро андар ҷӯшонидаи бист дона анҷир бо тило бигудозанд ва бо ангубин бисованд. Сипас бо он доруҳоро якҷоя карда, аз онҳо зимоде бисозанд, ки ниҳоят аҷиб бошад.
Зимоди дигар: шаш бахш шухи ошёни магаси ангубин, ду бахш майъа, як бахш мастако, ним бахш сақизи хинҷак ва аз дурди равғани нордин ба андозае бигиранд, ки бо он доруҳоро якҷоя кардан мумкин бошад.
Зимоди дигар: сад [бахш] уша, сад [бахш] мум, дувоздаҳ [бахш] шоҳафсар, ҳашт дирамӣ аз заъфарон, мурр ва «бӯи ҷуҳудон» ва як ратл равғани баласон. Яке аз чизҳои барои [чунин беморон] ниҳоят судманд равғани фишурдаи ток аст. [Низ дигар] чизи барои эшон сахт судманд ҷӯшонидаи бехи савсани осмонгун бо хиёршанбар ва низ зимоде бувад, ки андар боби заъф ва сахтии меъда ёд кардем.
Як нусхаи зимоди хуб: Аз ҳар яки мастако, кундур ва афсинтин як бахшӣ, аз уша ва заъфарон ду бахшӣ, се бахш мушки замин ва мумравған бо равғани нордин ба қадри кифоят бигиранд. Агар чунин иттифоқ афтад (ин ниҳоят кам иттифоқ биафтад), ки омоси балғамӣ ба омоси сахт гузарад, созгортарин илоҷ барои он зимодест, ки бад-ин сифат бошад: уша, муқл, тухми каранб, бодоми талх, майъаи равон, мастако, сунбул, гӯргиё ва мушки замин. Сақизҳоро бигудозанд ва дигаронро бисованд ва ҳамаро якҷоя карда, зимод созанд.
Ғизои чунин [беморон] ва хусусан ҳангоме, ки ин омос аз омоси гарм падид омада бошад, бояд мисли морчӯба, печак ва равғани бодоми ширин бошад.
Фасли чаҳорум андар баёни кафгираки меъда
Бисёр вақт пизишкон аз ҷодаи тадбири омоси меъда берун оянд ва он ба хуроҷ табдил ёбад ва бисёр бошад, ки ин реш худ ба худ падид ояд.
Нишонаҳо: Мо нишонаҳои оғозёбии онро андар боби омосҳои гарми меъда ёд кардем.
Илоҷ: Бояд зуд ба раг задан пардохта шавад ва меъдаи ба омоси гарм гирифторшударо аз беруну дарун бо ҳар чи ки мумкин аст сард созанд ва нагузоранд, ки ба кафгирак табдил ёбад. Ҳар гоҳ омос кафгирак бигардад ва рӯ ба пухтан ниҳад, агар ҳолат сабук бошад ва тахмин кунӣ, ки пазиш наздик аст, бояд ба бемор пайдарпай шири нав дӯшида бо оби гарм бидиҳӣ. Сахтиро дастдаст карда бояд бингарӣ, ки оё он [андар зери ангушт] пахш мешавад ва ҳаяҷону фарошо ва пахшшавии омос мушоҳада мешаванд, ё не. Агар омос пахш шавад, пас, бояд, ки [ба бемор] оби ҳулбаву хори хасак ва равғани бодоми талх бидиҳӣ. Агар ба доруи қавитар аз инҳо эҳтиёҷ пайдо кунӣ ва (332) агар омос андар тариқи пухтан буда, аз пештар бештар пухтатар шуда бошад, андар он доруҳо равғани беданҷир ҳамроҳ бикун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор