Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Далелҳои фасоде, ки сабабаш ҳолатҳои ёдшудаи ғизоҳост, шинохтани ҳолатҳои онҳо буванд, ки оё ғизоҳо бисёр буданд, оё пазирои гандидан буданд, оё ягон хатое аз хатоҳои ёдшуда оид ба тартиби онҳо, ё оид ба вақти онҳо ва ё оид ба ҳаракат кардан аз паси онҳо воқеъ шудааст ва [низ чунин ҳол далолат кунад], ки ҳар бор чунин [хатоҳо] карда шавад, фасоди гувориш ориз гардад ва ҳар бор, ки эҳтиёт кунанд ва аз онҳо дурӣ ҷӯянд, гувориш дуруст бигардад. Нишонаи [фасоде], ки ба сабаби мизоҷи меъда ва дардмандии он бувад, шинохтани нишонаҳоест, ки андар боби ҳамагонӣ ёд карда шуданд.
Агар моддаи фосид андар худи меъда ҷой дошта бошад, маниши гаштан ва аразҳое, ки ҳангоми фасоди гувориш ориз гарданд, думодум буванд, на канда-канда. Агар андар ин ҳангом канда-кандагӣ ҷой дошта бошад, пас, моддаҳо [аз дигар андом бад-ин сӯй] рехтаанд.
[Фасоди гуворише], ки ба сабаби камторупудии меъда, сустии бофтаҳои лифи он ва падид омадани ҳолате мисли офатрасида будани меъда ба амал ояд, ин аст, ки бояд меъда дардҳову бемориҳои дароз кашида бошад ва баробари заъфи иштиҳо ва лоғарии тан гувориш низ заиф шуда бошад. Гоҳе андар ин ҳангом заъфи гувориш ва бекор шудани он бидуни табаҳшавӣ воқеъ гардад. Бар фасоде, ки аз сабаби бодҳо ба амал омадааст, далелҳои ёдшудаи бодҳо гувоҳӣ диҳанд. Далелҳои [моддаҳои] аз дигар андомҳои анбоз резанда бошанд, он чизҳоеанд, ки андар ҷойҳои [муносиб] ёд кардем. [167] Низ бояд ҳоли худи он андомро тааммул намуд ва донист, ки то рехтани модда аз он ба андомҳои дигар бештар аз ягон тариқи дигар набошад. Масалан, касеро, ки гумон доранд меъдааш ба сабаби назлаҳо бемор гардидааст, бояд таҳқиқ карда донанд, ки оё ӯро ба сӯи гулӯ, шуш ва ғайра назлаҳо фуруд меоянд, ё не. Нишонаи фасоди гуворише, ки ба сабаби маҷрои сафроҷоришаванда падид ояд, ин аст, ки мизоҷи [меъда худ ба худ] чандон сафровӣ нест, вале сипас андар меъда сӯзиш ва бар сари он гардидани таом мушоҳада шаванд.
Фасли шашум андар илоҷи табоҳии гувориш

Нахуст он чиро аз таом, ки табаҳ гардидааст, бояд бо
қай ва ё исҳол то охир берун кунанд ва тадбири хӯрданиву ошомиданиро ислоҳ кунанд ва онро аз ҳама ҷиҳат
ба талаботи зарурӣ мувофиқ гардонанд. То фаро расидани гуруснагии ростинӣ таом надиҳанд ва меъдаро нахуст бо ошомидани оби гул пок созанд. Агар фасоди гувориш ба сабаби гармии меъда ва ё сафрое бошад, ки ба
сӯи он бирезад, [беморонро] ғизоҳои ситабр диҳанд ва
майл ба сӯи ғизоҳои сард карда, ҳатто, масалан, гӯшти
гови андар сирко хобондаро [ба кор баранд], вале ғизоҳои сарди тунук надиҳанд, зеро тунук андар меъдаи эшон
зуд табаҳ бигардад. Аз миёни ин гуна [беморон] худованди сафроро бояд пеш аз таом қай оваранд. Агар он аз
сабаби сардӣ бошад, он сардиро бо он чи ки андар боби
он ёд кардем, муолаҷа кунанд. Агар сабаб камторупудии [гавҳари] меъда бошад, бо доруҳои атрии қабзкунандаи ёдшуда, бо ғизоҳои хубкимуси зудгуворе, ки аз
тариқи синоъӣ онҳоро ба рутубаткашию қабзкунандагӣ
моил сохта бошанд ва бо дегафзорҳову дигар чизҳое, ки

андар боби ҳамагонӣ ёд кардем, муолаҷа кунанд.
Ҳар киро сабаби фасоди гувориш рехтани сафро аз маҷрои ёдшудаи ба нудрат воқеъшаванда бошад, бояд ба якчанд бор пеш аз таом қай овардан худро одат кунонад. Ҳар гоҳ баъди ин кор нишот пайдо карда, таом мехӯрдагӣ шавад, ин одатро тарк кунад, то ки меъда заиф нагардад. Баробари он бояд баъд аз қай овардан руббҳои меъдаро қувватдиҳанда ва чизҳои ба сӯи он резандаро пасгардонанда биошоманд ва пайваста меъдаашро бо чизе зимод кунад, ки онро барои рондани чизҳои ба сӯяш резанда қавӣ бигардонад. Сипас барои [бемор] давраҳое муайян кунанд, ки андар онҳо пеш аз таом хӯрдан бар қиёси ёдшуда қай оварад.
Касонеро, ки таом андар меъда туруш шавад, агар турушшавии он ками оризшаванда бувад, худованди ин гуна [турушшавиро] макидани себи ширин судманд аст. Агар кашнизро пеш аз таом бо об биошоманд ва инчунин агар аз мастако (326) ба тариқи ошомидан ба кор баранд, суд хоҳанд дид. Агар [турушшавӣ] қавӣ бошад, яке аз чизҳои барои он ба ғоят судманд шукуфаи гӯргиё бо каравиёст. Низ ҳамаи гуворишҳои гарм ва гуворишҳои аз рими [оҳан] сохташуда ҳамчунин буванд. Гоҳе мумкин аст аз гулангубини андар оби гарм таркарда суд бигиранд. Яке аз чизҳое, ки барои эшон судманд аст, бояд пеш аз хоб доруи зеринро ба кор баранд: як бахшӣ аз мурч, зира ва тухми шибит ва ду бахш гули сурхи кулоҳакҳояш чидашударо гирифта, баъд аз совидан аз [пораи] абрешимӣ бигузаронанд. Як ошомидании он ним дирам ва бо шароби омехта бувад.
Агар эҳтиёҷ ба чизи қавитаре аз ин биафтад, бояд баъд аз хӯрдани ягон чизи шӯр, туруш ва тезе мисли фуққоъ қай ба кор бурда, аз паси он як соат сабр кунанд. Сипас бо сикангубини ангубинии гармкардашуда, фишурдаи турб ва бо он чи ки бад-ин равиш аст, аз қабили оби ангубин ва ғайра қай оваранд. Баъд аз он бо қурсҳои гули бузург ва бо итрифал муолаҷа кунанд. Ҳар гоҳ сабаби он сардии бемоддае бошад, ки аз барои он шуда, таом туруш бигардад, аксар вақт эҳтиёҷ ба қай наафтад. Агар таом тобистон туруш мешуда бошад, ин аз ҳама табаҳтар аст ва худованди он бояд аз тарид ва оби шӯрбо дурӣ ҷӯяд ва чизҳои хушк, қаляҳо, таомҳои тобагӣ ва гӯшти сурх карда бихӯрад. Бояд аз чунин [беморон] танҳо мизоҷро дигаргун созанд. Ҳар таоме, ки андар меъда табаҳ бишавад, ҳаққаш ин аст, ки берун оварда шавад. Агар худи табиат ин корро битавонад, бо он кифоят кунанд, вале агар аз барои он табиат кифоят кардан натавонад, ба қадри ҳоҷат маъҷуни зирагӣ бихӯранд. Агар ин ҳам кифоят накунад, аз дигар гуворишҳои исҳоловаранда кумак гирифта, аз онҳо ба андозаи андаке, ки танҳо бирозро берун кардан битавонад, тановул кунанд. Гувориши биҳигӣ аз миёни онҳо писандида аст.
Нишонаҳои таомро хуб фаро гирифтани меъда, гувориши ба ғоят хуб ва чизҳои зидди онҳо он нишонаҳоеанд, ки андар бобҳои оид ба роҳҳои шинохтани [ҳолатҳои меъда] ёд кардем. Агар он нишонаҳои ёдшуда мавҷуд набошанд, лекин тоса, гаронӣ ва орзуи фурӯ ниҳодани бор ҳис карда шавад ва ба изофаи он нафас танг бигардад, бидон, ки меъда таомро сахт фаро гирифтааст, вале таоми расида аз ҷиҳати камият барояш гаронӣ овардааст. Бидон, ки гувориш аз қаъри меъда асту иштиҳо аз даҳони меъда.

пешина
аз 1215
навбатӣ