Қонуни тиб

Нишонаи онеро, ки ба сабаби ҳавост, аз ҳолати пешгузаштаи бемор бад-ин гуна бидонанд, ки оё он ба ҳавои ниҳоят сард ва ё ниҳоят гарм дучор омадааст, ё не. Нишонаи оне, ки аз сабаби решҳост, дарди андар боби решҳо ёдшуда, баромадани чизе аз [решҳо] андар таркиби бироз, кушодагии табиат, кам истодани таом андар меъда ва сӯзиш овардани чизе бувад, ки ё кайфияти туруш, ё тез ва ё талх дорад. Нишонаи оне, ки занони обистанро ориз бигардад, обистагист. Нишонаи хилти гандида маниши гаштан, нимгардон шудани нафс, бадбӯии гоҳ-гоҳии даҳон ва бирози бад бувад.
Нишонаи он [афтидагии иштиҳое], ки аз сабаби қатъ шудани савдои аз сӯи испурч резанда ба амал ояд, чунин бошад, ки ин гуна шахс ҳар гоҳ чизҳои туруш бихӯрад ва онҳо меъдаашро хор-хор карда, дибоғат бидиҳанд, [161] иштиҳояш боз ояд ва инҳо гӯё он кори сабаби қатъшудаеро иҷро карда бошанд, ки агар қатъшуда намебуд, [худ иҷро мекард]. Ин далолатро бузургии испурч ва баромадагии он тақвият бидиҳанд, ки ба сабаби банд гардидани он чи ки мебоист аз он бирезад, падид омадаанд.
Нишонаи оне, ки аз сабаби савдои бисёр рехташудаи меъдаро озордиҳанда ба амал омадааст, савдо қай кардан ва ё мазаи турушӣ кардани даҳон, падид омадани васваса ва ба сиёҳӣ гароидани ранги забон бувад. Нишонаи оне, ки ба сабаби кирмҳо падид ояд, нишонаи кирмҳо ва боло гирифтани иштиҳо ба ҳангомест, ки агар сабрро бо шароби себ зимод кунанд ва кирмҳо аз бахшҳои барсӯвини тан фуруд оянд. Нишонаи оне, ки андар касони нав аз беморӣ бархоста ба сабаби камхунӣ ва истифроғ ба амал ояд, истифроғҳои зиёд аст. Нишонаи оне, ки ба сабаби хоб аст, бадии ҳолати хоб ва набудани дигар нишонаҳост.
Нишонаи оне, ки сабабаш марги [қувваи] иштиҳост, нишонаҳои бадмизоҷиест, ки мустаҳкам шуда бошад ва ё истифроғҳои гузаштаест, ки тамоми танро нотавон карда бошанд ва бемор ба ҷое расида бошад, ки ҳар гоҳ чизе бихоҳад ва онро пешаш гузоранд, аз он гурехта нафрат кунад. Бузургтар аз ин онест, ки бемор аслан чизе нахоҳад. Нишонаи он [афтидагии иштиҳое], ки ба сабаби бекор шудани ҳисси даҳони меъда ва заъфи он аст, чунин бошад, ки дигар феълҳо дуруст бошанд, чизҳои тез на сӯзиш, на маниши гаштан ва на ҳукак ба амал наоваранд, чунонки ҳар гоҳ маъҷуни мурчиро ношито ошомида, аз болояш [ягон чизи дигар] биошоманд, чунин ҳол рӯй диҳад.
Илоҷ: Яке аз илоҷҳои хуб барои касе, ки на ба сабаби гармии ғолибомада иштиҳои таом надорад, ин аст, ки ӯро як муддат аз таом боз доранд ва ғизои ӯро коҳиш бидиҳанд, то қувваташ бедор шуда, таоми хоммондаро бигуворад ва ночор меъдааш пок шуда, рағбати таом пайдо кунад. Чунонки худованди бехобиро низ чунин кунанд, яъне ҳар гоҳ ӯро муддати дароз хоб рафтан нагузоранд, хоболуд шуда, хоби сахт равад.
Яке аз василаҳои иштиҳоовар барои касоне судбахш, ки ба сабаби заъф иштиҳояшон афтида бошад, чунонки касони аз беморӣ бархостаро чунин бошад ва ё ба сабаби моддаи тари часпак афтида бошад, ин аст, ки [ба бемор] зайтуни андар намакоб парварда ва андаке моҳии шӯр
бидиҳанд ва сиркои унсулиро як қултӣ ва кам-кам биошомонанд. Аз таоми ӯ заъфаронро бояд дур бидошт. Аммо намаки [ба қадри] одатӣ беҳтарин чизи иштиҳоангез бувад. Аз ҷумлаи чизҳои иштиҳоовар кабари хушбӯизада, наъно, пиёз, зайтун, мурч, мехак, хуланҷон, сирко, намудҳои андар сирко хобонидаи ин чизҳо ва сиркои онҳо, инчунин обкома, пиёз, сир (314) ва андаке аз ангужад ба шумор бираванд. Моҳиоба низ иштиҳоро бедор кунад ва изофа ба он даҳони меъдаро пок созад.
Яке аз доруҳои бедоркунандаи иштиҳо доруест, ки аз фишурдаи биҳӣ (ин ҳамон доруест, ки андар боби заъфи меъда ёд карда шуд), сирко, ангубин, мурчи сафед ва занҷабил бисозанд. Яке аз доруҳое, ки иштиҳои каси бадмизоҷии гарм ва ё таб доштаро бедор кунад, гувориши биҳист, ки бо себ сохта бошанд ва ин андар Қарободин ёд шудааст. Яке аз чизҳои иштиҳо бедоркунанда ва аз нимгардон шудан боздорандаи меъдаи касоне, ки меъдаашон таом намепазирад, рубби наъноест, ки ба сифати зерин бувад: анори турушро бо пӯсташ кӯфта як бахш фишурдаи он, ним бахш аз фишурдаи наъно ва ним бахш аз ангубини беҳтарин ва ё шакарро гирифта, ҳамаро бар оташ нарм-нарм ба қивом оранд. Як ошомидании он як кафча ва бар ношитост.
[Афтидагии иштиҳоеро], ки аз сабаби гармӣ ба амал омада бошад, гоҳе ошомидани оби сард, ба андозае, ки [гармии] модарзодӣ намирад, ба ислоҳ оварад. Низ ба кор бурдани руббҳои туруш аз барои он судманд аст. Яке аз василаҳои аз барои он санҷидашуда ин аст, ки хусусан агар андар ин миён модда ҷой дошта бошад, [ба бемор] оби анорро бо равғани гул бидиҳанд. Агар ташнагӣ ғолиб омада бошад, шираи тухмиҳои сардро бо руббҳои сард ва зимодҳои сардро ба кор баранд ва агар андар ин миён моддае вуҷуд дошта бошад, нахуст онро истифроғ кунанд.
Аз ҷумлаи ин гуна [беморон] касони нав аз беморӣ бархоста ва касони аз табҳо берун омада мебошанд, ки андар [меъдаи] эшон бақияи тезӣ ҳанӯз ба ҷой монда бошад. Илоҷи эшон низ ҳамин гуна илоҷҳост, вале ба эшон оби сарди зиёд надиҳанд, то аз он қувваҳои меъдаашон наафтанд. Бояд ба эшон доруи зерин дода шавад:
даҳ дирам гул, ду дирам тутум ва як дирам қоқуларо гирифта, қурс созанд. Як ошомидании он ду дирам буда, ин дору иштиҳоангез ва шиканандаи ташнагист. Яке аз чизҳое, ки чунин беморонро иштиҳо ангезад, писти бо обу сирко таркарда бувад. Низ эшонро бо ангушт қай овардан суд дорад, зеро ин қувваро ба ҷунбиш оварад.
[Афтидагии иштиҳоеро], ки ба сабаби сардӣ падид омада бошад, ҷӯшонидаи дегафзорҳо, инчунин шароби куҳан, маъҷуни мурчӣ ва хусусан тарёк судманданд.
Низ сир аз барои он ниҳоят нофеъ аст. Барои чунин [беморон] маъҷуни пудинагӣ, ҳамаи гуворишҳои гарм, инчунин турунҷи парварда, ҳалилаи парварда, газари даштии парварда ва занҷабили парварда ниҳоят созгоранд.
Эшонро гармибандиҳо ва хусусан гармибандӣ кардан бо говарс нофеъ аст ва [говарс] созгортар аз намак бувад.
Аз [камиштиҳоии] ба сабаби балғами бисёри часпак баамаломада қай овардан бо ёрии турбе суд бахшад, ки онро бихӯранд ва аз болояш сикангубини ангубинии танҳо биошоманд, чунонки андар боби илоҷи ҳамагонӣ шарҳи он оварда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор