Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Нишонаҳои бадмизоҷии тар: Далели ин камии ташнагӣ, аз ғизоҳои тар рӯй гардондан ва аз онҳо ранҷур шудан ва аз ғизои кам ва хушк суд бурдан мебошанд. Низ бисёрии луоб ва оби даҳон далели ин [бадмизоҷист]. Агар [бисёрии луоб] аз паси гуруснагӣ бошад, ин аксар вақт бар гармии бо рутубат далолат кунад, вале гоҳе мумкин аст аз сабаби гармии танҳо бошад. Бисёр бошад, ки андар даҳони меъдаи бархеҳо рутубати таркунандае ҷой дошта бошад ва худованди он ҳар бор ягон чизе бихӯрад, чунин гумон кунад, ки агар биҷунбад, хоҳад гардонд.
Ин гоҳе аз нотавонии меъда низ падид ояд, лекин ҳамроҳи он далелҳои ёдшудаи нотавонӣ ҷой дошта бошанд.
Ин гоҳе ҳангоми тиҳӣ будани шикам ва агарчи чизе хӯрда нашуда бошад ҳам, ба амал ояд, вале он [оби даҳон рафтан бошад], танҳо баъди хӯрдан падид ояд.
Нишонаҳои моддаҳои мизоҷҳо ва он чи ки ҳамроҳи онҳост: Бар мизоҷи бо модда буда қай, оруғ ва хусусан ранги бироз ва он чи ки бо бирозу пешоб омехта аст, далолат кунанд, вале ба шарте ки [модда] беандоза часпак набошад. Далели [моддаи] тунуки гарм ва моддаи зардобӣ он бошад, ки баробари сабукии меъда маниши гаштан, сӯзиш, ташнагӣ ва афрӯхтагӣ ҳис карда шаванд.
Агар [бемор] таоми ситабр бихӯрад, ӯро маниши гаштан ба амал ояд ва умуман агар [модда] бисёр бошад, ӯро пайваста маниши гаштан рӯй диҳад, вале агар кам бошад, баъди таом хӯрдан падид ояд. Ҳамчунин агар [модда] на ҷабида шуда, балки андар зери меъда ҷамъ шуда бошад, низ маниши гаштан наоварад, вале чун бо таом биомезад, андар меъда пош хӯрда, паҳн бигардад ва то ба даҳони меъда расида, маниши гаштан оварад.
Далели моддае, ки андар фазои меъда рехта шуда ва ҷабида нашудааст, ин аст, ки ҳар гоҳ худованди он ягон чизи зудояндаеро аз қабили оби ангубин ва ё [оби] шакар бихӯрад, онро ба таври диданӣ берун орад, вале моддаи ҷабидашуда на аз тариқи чизи бо қай ва ё бироз беруномада, балки аз тариқи дигар далелҳои ёдшуда шинохта шавад. Асли онҳо маниши гаштан аст, зеро он ночор бар модда гувоҳӣ диҳад. Агар нороҳатӣ (таҳаввуъ) ҷой дошта бошад, пас модда часпида ва ҷабида бувад.
Далели ҷинси модда ташнагист ва он ё бар гармии [модда] ва ё бар намакнокӣ ва бурагии он далолат кунад. Агар ташнагӣ бо оби гарм фурӯ нишинад, пас, [модда] балғамии шӯр аст ва агар бо он фурӯ нанишинад, пас, модда сафровист. Инро низ аз тариқи таъми даҳон ва бо он чизе, ки гардонида мешавад, донистан мумкин аст. Агар маниши гаштан ва ташнагӣ бо ҳам ҷамъ оянд, ин [низ] бар [моддаи сафровӣ] далолат кунад. Агар ташнагӣ бошад, далели он аст, ки модда сард аст. Яке аз далелҳои фароҳам омадани моддаи балғамии зиёди часпак ин аст, ки иштиҳо биафтад ва дил таомҳои серғизо накашад, балки майл ба чизҳои тезу тунд дошта бошад, вале ҳар гоҳ чунин чизҳо хӯрда шаванд, дамиш, азҳамкашидагӣ ва маниши гаштан падид омада, бо оруғ овардан осудагӣ ҳосил нашавад. Яке аз далелҳои фароҳам омадани моддаи бад андар меъда ва андомҳои бад-он пайваста паридани мароқ аст ва гоҳе мумкин аст, ки он

боиси саръ ва молихулиё бигардад. Далели он, ки [153] моддаи рехташуда савдовист ин баробари заъфи меъда ҷой доштани иштиҳои бисёр бувад ва баробари ин дамиш, васваса ва ҳаросидан [низ] ба амал оянд. Далели назла будани модда ин аст, ки баробари бисёр фуруд омадани назлаҳо аз сӯи сар ба сӯи [меъда] ва андомҳои ғайри он ба шакли даврӣ исҳол ояд ва низ он хилти хилмие [гувоҳӣ диҳад], ки бо қай ва бироз берун ояд. Яке аз далелҳои он ки модда тар буда, бо ҷӯшиши худ озордиҳанда аст, ин ташнагиест, ки ҳангоми он андар даҳон талхӣ ва ё шӯрӣ дарёфта нашавад ва [низ] эҳсос кардани чизест, ки гӯё бармеояд ва ё фурӯ ҳамеравад. Ба изофаи он андар даҳон ва сари меъда рутубати беандоза ва афрӯхтагӣ [ҳис карда шавад].
Фасли дувоздаҳум андар баёни далелҳои офатҳои меъда, ки ғайримизоҷӣ буванд

Далелҳои бузургии меъда ин аст, ки меъда таоми бисёр бибарад ва ё ҳар гоҳ пур шавад, андомҳои андарунии ба якдигар хуб наздикшуда мустаҳкам бигарданд, вале ҳар гоҳ холӣ шавад, фишурда гардида, дигар андомҳоро бар ҳоле гузорад, ки гӯё онҳо овехта буда, худро ба ҳар сӯ бизананд. Далелҳои хурдии меъда ин аст, ки таоми зиёд набарад ва ё пеш аз сер шудан пур гардад. Далелҳои суддаҳое, ки миёни ҷигару меъда воқеъ шуда бошанд, тарии бироз ва бисёрии он, ташнагӣ, камхунӣ, гароидани ранг ба ранги истисқоӣ ва оғоз ёфтани бадҳолиест, ки маъруфтарини номҳои он «бадмизоҷӣ» ва ё «бадфарогирӣ» бувад. Далелҳои суддаҳое, ки миёни меъдаву испурч биафтанд, камиштиҳоӣ ва бузург гардидани испурч аст. Далелҳои суддаҳои миёни меъдаву рӯдаҳо ба амал оянда аразҳои иловус (298) ва ё қулинҷ мебошанд. Далелҳои суддаҳое, ки миёни меъдаву мағз биафтанд, камиштиҳоиест, ки ба шарти набудани ягон монеаи дигаре баробари дурустии мизоҷ ва ба ҳоли хеш будани гувориш ба амал омада бошад. [Инчунин] ҳангоми фурӯ бурдани чизҳои ниҳоят сӯзандаи тез камҳиссӣ ҷой дошта бошад ва баъд аз ношито ошомидани [маъҷуни] мурчӣ ва аз болои он ошомидани шароб ҳукак ба амал наояд.
Далелҳои бодҳо ин аст, ки андар меъда, ду бар ва зери сарҳои паҳлуҳо азҳамкашидагӣ ҳис карда шавад, таом бар сари меъда бигардад ва аз зер ва аз тариқи оруғ бодҳои бисёр берун оянд. Бидон, ки ҳар гоҳ каси ламскунада миёни ҷигару меъда баробари лоғарӣ сахтӣ дарёбад, ин далеле бошад, ки аз ҳал шудани табиат огоҳӣ диҳад.
Фасли сездаҳум андар баёни илоҷҳо ба тариқи ҳамагонӣ

Фасли сездаҳум: андар баёни илоҷҳо ба тариқи ҳамагонӣ
Меъдаро бо ошомиданиҳо, бо зимодҳо, бо пухтаковҳое,
ки андар онҳо доруҳоро ҷӯшонида бошанд, бо андуданиҳо ва бо равғанҳои чарбшаванда ва марҳамҳое муолаҷа кунанд, ки аз мумҳои андар обҳо ҷӯшонида сохта
бошанд ва андар ин [обҳо низ] доруҳо ҷӯшонида бошанд. Андуданиҳову зимодҳо беҳтар аз пухтаковҳост,
зеро пухтаковҳо камтаъсиранд. Бидон, ки илоҷи он бадмизоҷии ду кайфияти фаъол, ки меъдаро ориз бигардад, ба сабаби ба осонӣ расонидани доруҳои зидди ду [кайфият] ва ниҳоят қавӣ осонтар аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ