Қонуни тиб

Маниши гаштан на танҳо аз моддаи [андар меъда] ҷабидашуда ба амал ояд, балки аз моддаи ҷабиданашудае низ бошад, ки бисёр буда, даҳони меъдаро бигазад ва ё кам буда, вале ба сабаби омехтан бо таом қавӣ гардида бошад ва аз зери меъда то ба даҳони он боло баромада, онро ба сӯзиш оварда бошад. Бинобар он гоҳе баъд аз таом хилтҳо ба осонӣ гардонда шаванд, вале пеш аз он танҳо ҳангоме осон хоҳад буд, ки онҳо бисёр бошанд. Лекин агар нороҳатию маниши гаштан ба шакли даврӣ такрор ёбад, пас, модда [аз дигар андом] ҳамерезад. Агар [маниши гаштан] ба таври пайваста ба амал ояд, пас, модда пайваста андар меъда падид ояд. Қай низ бо ранги чизи беруноянда бар модда далолат кунад. Бинобар он вай бо ранг бар сафро ва савдо, бо ранг ва маза бар балғами туруш ва шӯр, бо ранг бар балғами обгинагун ва бо ранги хилмӣ ва он фазлаҳои ба сӯи дигар андомҳо резандае, ки ҳамроҳаш оянд, бар балғами аз сӯи сар фурудоянда гувоҳӣ диҳад. Баъзе касонеанд, ки ҳар гоҳ таом бихӯранд, аз пеши худ чунин ҳис кунанд, ки агар бисёртар гардиш кунанд, таомро хоҳанд гардонд. Ин далели рутубати даҳони меъда ва ё далели нотавонии меъда бувад.
Оне, ки аз рутубат аст, ҳангоми шиками холӣ будан низ рӯй диҳад ва оне, ки аз нотавонист, фақат ҳангоми пурӣ ориз бигардад.
Аммо огоҳӣ ҷустан аз тариқи ранги пӯст бад-ин гуна бувад, ки ранг аксар вақт бар ҳоли меъда ва ҷигар сахт далолат кунад. Бештари бемориҳои меъда сарди таранд ва ранги худованди онҳо арзизӣ бувад ва агар андар ранги эшон зардӣ дида шавад, ин зардӣ моил ба сафедӣ бошад.
Аз тариқи қароқур далел гирифтан бад-ин гуна бувад, ки қароқур аз нотавонии меъда, ғизоро бад фаро гирифтани он ва бар бирози тар гувоҳӣ диҳад.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи оби даҳон бад-ин гуна аст, ки бисёрӣ ва кафкнокии он далели рутубати меъда аст ва ин [рутубат] обкушоии луобӣ ба амал оварад. Хушкии даҳон ва камии оби он далолат бар хушкии меъда кунад. Гармии он ҳангоме аз гармии меъда гувоҳӣ диҳад, ки агар андар миён нишонаҳои дигаре ҷой дошта бошанд ва онҳо бар гармӣ далолат кардани онро қувват диҳанд.
Бидон, ки хушкии даҳон бар ду рӯй аст: якум хушкии ростинӣ ва он ҳангомест, ки оби даҳон набошад; ва дуввум хушкии дурӯғин ва он ҳангомест, ки луоб часпаки ғознок буда, вале ба сабаби гармии бухории ба сӯяш оянда бихушкад. Бинобар он бояд миёни хушкӣ ва хушкидани оби часпак андар даҳон фарқ кард, зеро он бар хушкӣ ва ин бар тарии часпаке далолат кунанд, ки ё аз сӯи меъда фиристода шудааст ва ё аз сӯи сар фуруд омада бошад.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи оруғ бад-ин гуна бошад, ки вай гоҳе туруш ва гоҳе бадбӯи дудӣ, ё зангорӣ, ё ғализ, ё хокибӯй, ё гандида ва ё бӯи моҳӣ дошта бувад. Ё гоҳе шабеҳ ба таъми чизе бошад, ки худованди он хӯрдааст.
Ё мумкин аст ҳамчун боди холисе берун ояд, ки андар вай ягон кайфияти дигаре набошад ва оруғи аз ҳама дуруст ҳамин аст. Агар оруғ дудӣ бошад ва сабаби он ягон гавҳари таоми зуд дуд гардандае аз қабили зардии хояи андар танӯр пухта ва турб набошад ва ё на таоме
бошад, ки аз қабили ҳалвои бар болои оташ пухташаванда ва ғайра ҳангоми сохта шудан кайфияти дудӣ ҳосил карда бошад, пас, сабаби ин мизоҷи оташии бо модда будаи меъда ва ё бадмизоҷии сода аст. Агар бадмизоҷии бо модда бошад, бар яке аз тариқаҳои ёдшуда хоҳад буд.
(295) Бисёр вақт, хусусан, агар мизоҷи инсон сафровӣ бошад, ин [бадмизоҷии меъда] аз моддаи сафровие ба амал ояд, ки бар тариқаи пеш ёдшуда аз заҳра ба меъда рехта бошад ва ё аз назлаи тези аз сӯи сар фурудоянда падид ояд. Инчунин барои муайян кардани он, ки сабаб гармии моддист ва ё бадмизоҷии сода, аз тариқи ғизои пешхӯрдае метавон огоҳӣ пайдо кард, ки мисли нони ҷав аз кайфияти дудӣ дур бувад, зеро агар ин гуна ғизо оруғи дудӣ орад, пас, сабабгор худи меъда349 аст. Ҳамчунин бояд бирозро нигарист, ки оё он заҳравист, ё не. Агар заҳравӣ бошад, далолат бад-он кунад, ки сабаб меъда349 аст, вале агар бироз заҳравӣ набошад, воҷиб нест, ки сабаби [оруғ] меъда бошад, зеро ин мумкин аст аз бадмизоҷии сода бошад. Қай ҳам бо ёрии чизи беруноянда бар ин бисёр хуб далолат кунад. Гоҳе оруғи дудӣ бар бехобие гувоҳӣ диҳад, ки баробари он меъда аз барои гувориш фароғат наёфтааст ва афрӯхта шуда, гармӣ овардааст.
Аммо агар оруғ туруш бошад, вале на аз ғизои туруш ва на аз ғизое бошад, ки ҳар гоҳ ба ифрот истеъмол кунанд, туруш бигардад, пас ин гуна [оруғ] аз сабаби сардии меъда бувад. Хусусан агар ғизоҳои мисли ангубин турушнашавандаро дода, бисанҷӣ ва бибинӣ, ки туруш шаванд, пас чунин ҳукм бикун, ки сабаби ин сардии бе модда ва ё бо моддаи меъда аст. Баробари сардие, ки бо модда аст, андар даҳони меъда пайваста гаронӣ ҳис карда шавад. Ин аксар вақт худовандони савдо, худовандони бемориҳои испурч ва касонеро рӯй диҳад, ки бар меъдаашон назлаҳои сард фуруд омада бошанд. Гоҳе мумкин аст оруғи туруш аз гармие ба амал ояд, ки бо моддаи ширин дучор шуда бошад ва онро ҷӯшонида, туруш сохта бошад. Далели ин чунин бошад, ки баробари оруғи туруш нишонаҳои гармӣ, афрӯхтагӣ, талхии даҳон, ташнагӣ ва суд дидан аз чизи сардиоваранда ҷой дошта бошанд.
Яке аз шаҳодати гармии беандозае, ки таомро туруш карда оруғи туруш оварад, ин аст, ки гармӣ тезтар аз сардӣ ширро туруш кунад. Қай ҳам гоҳе бар модда гувоҳӣ диҳад. Агар оруғ бадбӯй бошад, мисли далолати ганди даҳон гоҳе бар уфунати андар меъда буда ва гоҳе бар решҳои меъда далолат кунад. [Оруғи] бӯи арақ диҳанда, [оруғи] буи моҳӣ диҳанда ва [оруғи] бӯи хокӣ дошта аз рутубати гандида ва оруғи зангорӣ аз тезӣ, гармӣ ва низ уфунат гувоҳӣ диҳанд. [Зангорӣ] беш аз дудӣ бар гармӣ далолат кунад. Агар оруғ на дудӣ ва на туруш буда, мазаи таомеро диҳад, ки якчанд муддат пеш хӯрда шудааст, пас, ин гувоҳӣ аз он дорад, ки меъда таомро дигаргун кардан наметавонад.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи ё мувофиқ, ё мухолиф ва ё ранҷовар будани таом бад-ин гуна аст: бояд дид, ки кадом аз чизҳо ё сардиовар, ё гармиовар, ё хушкиовар ва ё тариовар мувофиқанд. Вале пеш аз ин бояд як чизро риоя кард, зеро бисёр бошад, ки ба сабаби ғофил мондан аз он [чиз] ва риоя накардани он ба ғафлат роҳ дода шавад. Он чунин аст, ки чизҳои сардиоваранда аксар вақт ҷӯшандагии хилти тунуки обакии тар ва ё шӯрии хилти балғамиро шикананд, вале [пизишк] чунин гумон кунад, ки онҳо фоида карданд ва [меъда] гарм будааст ва ё чизи гармиоваранда бисёр вақт хилти гармро ронда ҳал кунад, вале [пизишк] гумон кунад, ки ин суд бахшидааст ва [меъда] сард будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор