Қонуни тиб

Бо табақаи дарунӣ лифи вуребе омехта шудааст, то ки барои ҳаракати нигоҳдорӣ ёрӣ диҳад. Ин лиф андар [табақаи] кашанда, на [табақаи] ронанда, ҷой дода шудааст ва бо табақаи берунӣ омехта нест.
Сурхной [низ] аз он холист, зеро вай аз баҳри нигоҳдорӣ нест. Ҳамаи табақаи дарунӣ асабист, зеро вай бо ҷисмҳои ситабр дучор ояд. Аммо табақаи беруниро қаъраш бештар гӯштист, то ки гармтару гуворандатар бошад.
Даҳони меъда бештар асабист, то бештар ҳассос бошад.
Як даста аз асаби мағз ба сӯи он омада, ба он ҳис бибахшад, то ки гуруснагию нуқсони [ғизоро] ҳис кардан битавонад. Дигар бахшҳои баъд аз даҳони меъда буда бадин эҳтиёҷ надоранд, зеро меъда фақат аз баҳри он эҳтиёҷ ба ҳис дорад, ки то ҳар гоҳ тан аз ғизо тиҳӣ шавад, аз он огоҳӣ дошта бошад. Азбаски сари якум ҳассос буда, аз барои худ ва дигарон ҷӯёи ғизост, бинобар он бахшҳои баъди он буда ба он [ҳис] эҳтиёҷ надоранд, зеро ҳисси [даҳони меъда] кифоят бошад. Ин асаб аз боло (285) қад-қади сурхной печу хам хӯрда, фуруд ояд ва ба наздики меъда якбора гирди сурхной гардида, сипас ба меъда бипайвандад. Бар кӯжии аз ҳама баланди меъда шоҳраге хобидааст, ки ба дарозои меъда фуруд омада, ба сӯи он шохаҳои зиёди бо он пайваста фиристодааст ва онҳо ба шохаҳои хурд бахш шуда, андар як рада часпидаанд.
Ҳамроҳи ин шоҳраг инчунин як шараён ҳаст ва аз ин шараён мисли он шохаҳо низ рӯидаанд. Ҳар дуи инҳо бар қабатҳои таҳхӯрдаи сифоқ такя доранд. Аз ҷумлаи ҳамаи инҳо чодарпиҳ бофта гардад, чунонки баъд тавсиф хоҳем кард. Меъда бо ёрии гармии модарзодии андар гӯшти худ ҷой дошта ва бо ёрии гармиҳои дигаре таомро бигуворад, ки аз ҷисмҳои ҳамҷавор гирифта бошад.
Ҷигар аз бари рости он ва болотар ҷой гирифтааст, зеро андар ин ҷой борикшавӣ ҷой дошта, [ҷигар] бо [меъда] хубтар зич шудааст. Испурч андар зери меъда аз бари чап хобидааст ва барои он андаке аз ҳиҷоб дуртар ҷой гирифтааст, ки палид аст ва низ агар вай ба изофаи ҷигар ба он такя мекард, ҳар ду бар меъда гаронӣ меоварданд. Бинобар он, ихтиёр шудааст, ки ҷигар бар меъда такя кунад: он бо фузуниҳое чун ангуштон [меъдаро] фаро гирифтааст ва испурч андар зери он хобидааст. Ба изофаи он ҷигар нисбат ба испурч сахт бузург аст, зеро бузургии он мавриди ниёзмандист. Чаро чунин набошад, ки испурч ҷойгоҳи бахше аз фазлаҳои ӯст. Бинобар ин, лозим омад, ки сари меъда барои кушод шудани ҷои ҷигар андаке ба сӯи чап бигарояд, бари чап тангтар гардонида шавад ва бахши поёнии меъда ба сӯи фазое бигарояд, ки ҷигар аз зер онро тиҳӣ гузоштааст ва то ки аз сӯи чап ва зер барои испурч низ кушодӣ бошад. Бинобар ин, гиромитарини ду бар, яъне забару бари рост аз барои ҷигар ва фурӯмоятару муқобили он ду аз барои испурч махсус гардонида шудааст. Меъдаро аз сӯи пеш чодарпиҳ гарм бидорад, ки хусусан андар одамон рӯи меъда ва ҳамаи рӯдаҳоро пӯшидааст, зеро одамон ба сабаби нотавонии қувваҳои гуворанда беш аз дигар [ҳамҷинсони хеш] ба ёрӣ расондани гувориш ниёзманданд. [Чодарпиҳ] зич сохта шудааст, то гармиро нигоҳ дошта тавонад, тунук гардонида шудааст, то сабук бошад ва равғанист, то ки гармиро аз сӯи пеш нигоҳдорӣ кунад, зеро бахши равғанӣ гармиро хуб бипазирад ва ба сабаби часпакии равғанноки худ онро нигоҳ дорад. Рӯи чодарпиҳро сифоқе пӯшидааст, ки «бориторун» ном дорад ва аз болои он мароқ ва ҳамаи мушакҳои пиҳии шикам ҷой гирифтаанд. Ин ду парда аз барсӯ ба наздики ҳиҷоб ва аз фурӯсӯ аз ҳам ҷудо шудаанд. Аз паси онҳо сутунмуҳра истодааст, ки қад-қади он раги ҷаҳандаи бузург ва гарм тӯл кашидааст. Сабаби гармии он бисёрии хун ва рӯҳи он мебошад. Онро раги варидии бузургу гарме ҳамроҳӣ кунад, ки низ гармияш ба сабаби бисёрии хун бувад.
Сифоқ аз миёни ин ҷумла пардаи нахустинест, ки ҳамаи андомҳои дарунии ғизокаширо фаро гирифтааст. Вай онҳоро пӯшида, [147] ба сӯи дарун гароидааст ва ба наздики сутунмуҳра аз ду бари он фароҳам омадааст. [Сифоқ] аз барсӯ бо ҳиҷоб ва аз фурӯсӯ ба бахши поёнии обгаҳ ва тиҳигоҳ пайвастааст ва андар он ҷой ба наздики пайғулаҳо ӯро ду сӯрохе ҳосил шудаанд, ки онҳо гузаргоҳ буда, рагҳову меълоқҳо андар он ду бидароянд. Ҳар гоҳ ин ду сӯрох фарох бигарданд, рӯдаҳо андар онҳо фуруд оянд. Манфаати сифоқ аз он иборат аст, ки ин андомҳои даруниро ҳимоят кунад ва миёни рӯдаҳову мушакҳои мароқ деворе бошад, ки то рӯдаҳо миёни мушакҳо андаромада, андар кори онҳо бесомонӣ наоваранд. Андар ин [манфаат] ӯро пардаҳои маълуме низ анбозӣ кунанд, ки андар шикам ҷой доранд. Пардаи беруна, ки мароқ аст, дорои манфаатҳо бувад. Вай меъдаро бо ёрии ҳаракати мушакҳои худ фишурда, ба ҳаракат орад. Ҳамаи ин [мушакҳо] бар болои ҷойгоҳҳое кашида гарданд, ки андар онҳо ҷисмҳои аз тариқи фишурдан берун рондашаванда ҷой доранд ва бад-ин восита ин [мушакҳо] барои рондани бори онҳо ёрӣ бирасонанд. Ҳамчунин онҳо бар обгаҳ фишор дода, андар ҷаҳидани пешоб кумак кунанд, бодҳои дамандаро фишурда берун кунанд, то ки рӯдаҳоро нотавон насозанд ва ҳангоми таваллуд кардан ёрӣ диҳанд.
Сифоқ ҳамаи андомҳои даруниро бо якдигар ва бо сутунмуҳра баста аст. Бастагии ҳар ду346 сахт устувор буда, ӯву сутунмуҳра мисли чизи ягона гардидаанд. Ҳар гоҳ ӯ ба ҳиҷоб расида, ду бари он ба наздики сутунмуҳра ба ҳам дучор оянд, андар он ҷой баста бигардад ва мабдааш аз он ҷой бувад. Мабдаи он фузуниест, ки аз сӯи ҳиҷоб ба сӯи даҳони меъда фуруд ояд. Ин андар он ҷой бо фузуние, ки аз мароқ ба сӯи сутунмуҳра баромадааст, дучор ояд ва ҳар ду пайваст бигарданд. Аз ҳамин ҷой оғоз карда, сифоқ ҳамчун ҷирми пардагие падид ояд, ки ба лифҳои андар ҳис оянда тақсим намешавад, баръакс, ӯ ҷисми андар ҳис ҳамвор бувад. Вай аз паси ду пардае, ки андар гавҳари меъдаанд, болои меъдаро пӯшидааст ва пардаи гӯштии меъдаро ҳимоят кунад. Сифоқ бо (286) меъда пайваста гардида, онро бо ҷирмҳои аз сӯи сутунмуҳра оянда бастааст. Вай дорои қабатҳои хамухезнок бувад. Ситабртарин бахши [сифоқ] поинтару чаптари ӯст.
Сифоқро табақаест иборат аз бахши тунукшудаи мушакҳои шикам, ки болои онро пӯшидаанд ва андар зери он [табақаи] тунукест, ки ба ҳақиқат сифоқ ӯст. Ин табақа ниҳоят тунук буда, аз он пардае растааст, ки синаро аз дарун пӯшида бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор