Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мо инро ёд кардем ва хусусан [ҳангоме лозим аст], ки агар балғам ниҳоят заҳравӣ бошад ва низ хусусан, чунонки Ҷолинус гуфтааст, агар таб ниҳоят баланд бошад. Ҷолинус [131] аз маҳмуда эҳтиёт кардан фармудааст, вале аз ёра якҷоя бо харбақ эҳтиёт кардан нафармудааст. Ӯ таъсири оби ҷавро баъд аз истеъмоли доруи исҳол ва фориғ шудан аз он сутудааст, вале агар ҳамроҳи [доруи исҳол] ошомида шавад, феъли онро бекор хоҳад кард.
Бояд ҷиҳати майли дард ва сӯзиш риоя карда шавад.
Агар майл ба сӯи охурак, сари сина ва барсӯи онҳо равона бошад, раг задан авлост, вале агар дард ба сӯи сарҳои паҳлуҳо майл дошта бошад, аз исҳоли танҳо ва ё ҳамроҳ бо раг задан, ба ҳасби он ки мушоҳада кадомеро воҷиб дорад, чора нест. Чунки бо задани фақат босалиқ аз ин мавзеъ на чандон моддае кашида шавад, ки қобили эътибор бошад.
Яке аз чизҳое, ки туро аз шиддати эҳтиёҷ ба истифроғ огоҳӣ диҳад, ин аст, ки агар гармибандӣ ва зимод кардан дардро паст накунанд ва ё афзоиш диҳанд. Ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки андар тамоми тан пурӣ ҷой дорад ва аз истифроғ ва хусусан раг задан чора нест. Ҳар гоҳ раг зада ва истифроғ оварда шавад ва аразҳо ором нагиранд, бидон, ки он чи ки ту аз манъ кардани римкунии омос мехостӣ, номумкин аст ва рагзаниро дигар такрор накун, то боиси кундии моддае нагардад, ки рӯ ба рим шудан дорад. Чунки [рагзанӣ] яке аз омилҳоест, ки баробари костани қувват ва нест шудани пазонандагии бахши хунии модда пухтагӣ нахоҳад овард. Ҳар гоҳ [омос] бипазад, набояд гузошт, ки хуноба кунад ва бояд кӯшид, ки пеш аз [хуноба шудани модда] аз тариқи берун овардан аз гулӯ пок карда шавад.
Умуман, ҳар гоҳ раг назананд ва [омос] пухта аз тариқи гулӯ балғами пухтае ба миқдори лозимӣ берун ояд ва сипас андар қувват нотавонӣ дарёбӣ, набояд раг бизанӣ. Агар нотавонии қувват монеи ҳам раг задану ҳам исҳол бошад, аз ба кор бурдани ҳуқнаҳои миёна ва ё тез ба ҳасби тақозои мушоҳада ва хусусан агар дард рӯ ба сӯи сарҳои паҳлуҳо дошта бошад, чора нест. Буқрот барои муолаҷаи барсоме, ки ҳангоми он дард ҳис карда нашавад, вале он ба сӯи сарҳои паҳлуҳо ниҳоят майл дошта бошад, маслаҳат додааст, ки ё бо харбақи сиёҳ ва ё бо фафлиюн322 истифроғ карда шавад. Андар нусхаи дигаре «тараи саҳроӣ» омадааст. Ин чизе бошад шабеҳ ба хурфа ва ширдор буда, аз ҷинси исфидакширҳост. Ҳар гоҳ истифроғ овардӣ ва дидӣ, ки дард сабуктар шуд, фақат бо оби шакар ва бо оби ҷави муқашшаре, ки онро андар оби зиёд сахт ҷӯшонида бошанд, кифоят кун. Ё агар эҳтиёҷ ба тақвият додан бошад, оби ҷави румӣ, тарбуз, оби унноб, оби сапистон, бунафшаи парварда ва донаи хашхош [бидиҳанд]. Равғане, ки бо ягонтои ин чизҳо ба кор баранд, равғани бодом аст. Бархе аз [пизишкон] истеъмоли анорро ба сабаби сардиоварияш манъ кардаанд, вале ба наздики ман аз истеъмоли ширини он боке нест. Гоҳе доруҳои зеринро ҷӯшонида, оби онро аз барои балғам овардан ба кор баранд ва онҳо чунинанд: ҷави муқашшар, унноб, сапистон, бунафша ва тухми хашхош. Шароби бунафша ва шароби нилуфар ҳар ду беҳтар аз гулобанд.
Ҷолинус андар оғози беморӣ истеъмол кардани намудҳои гуногуни диёқузоро мефармудааст, то ки модда боз дошта шуда, пазонида шавад ва низ хоб оварда шавад.
Ман бигӯям: эҳтиёҷ бад-он ҳангоме биафтад, ки ба сабаби шиддати бехобӣ аз истеъмоли он чора набошад.
Агар чунин зарурат набошад, хашхош мумкин аст фаъолияти моддаро кунд кунад ва балғам омаданро боз дорад, вале шакари бо он ҳамроҳкарда мумкин аст зиёни ӯро бартараф кунад. Шояд [диёқузои] тухмӣ созгортар аз диёқузои қишрӣ бошад.
[Моддаи] бандгардидаро бояд аз тариқи балғам овардан истифроғ намуд. Ғизоро бояд ба андоза ва кам дод, балки онро бояд ба ҳасби (253) тақозои сахтию сабукии иллат ва аразҳои он латиф сохт. Ҳар гоҳ аразҳои иллат ороми сабуки андак бошанд, [ба бемор] оби ҷави муқашшари нек ҷӯшонида бидеҳ, зеро он балғамовар, буранда ва қависозанда бувад. Агар бихоҳӣ, ки онро ширин созӣ, бо шакар ва ё ангубин ширин кун. Агар ҳоли [бемор] ошуфта бошад, то беҳ шудани он ва хусусан ба ҳасби балғам танҳо ба оби ҷав кифоят кун. Чунки агар балғам бисёр ояд, аз бисёрии модда эмин бош ва бидон, ки эҳтиёҷ ба қувват додан аст ва бинобар он [беморро] аз оби ҷави муқашшар ғизо дода, қавӣ бигардон. Агар балғам наояд, тадбири ғизоро латиф соз ва ба қадри имкон бар истеъмоли оби ҷав ва ошомиданиҳои [дигар] кифоят кун.
Ҳар гоҳ ба ҳангоми барсом исҳол ба амал ояд ва агар барсом аз паси зубҳае падид омада бошад, ки ҳал шуда ба барсом гузашта бошад, ин ҳама гуна муолаҷа карданро аз қабили раг задан ва табиат нарм сохтан боз дорад.
Чораи ин бар писти ҷав кифоят кардан бувад. Агар ягон зарурате ба ҳангоми намудҳои гуногуни барсом тақозои раг задан кунад ва агар пухтагӣ ба амал наомада бошад, савоб он аст, ки ба рехтани аз се ду ҳиссаи хуни [барои рехтан лозим] кифоят карда шавад ва бояд чокро бо равғани зайтун ва намак барои дубора хун гирифтан омода сохт. Бисёр бошад, ки ҳар рӯз як ё ду бор нарм кардани шикам аз раг задан бениёз бигардонад. Ҳар гоҳ аз паси раг задан беҳушӣ, ё шиддат ёфтан, душвор шудан ва танг гардидани нафас рӯй диҳад, ин далели он бошад, ки раг задан моддаи бемориро ба истифроғ наовардааст. Беҳтар он аст, ки ҳангоми муолаҷаи дардҳои сина андар ибтидо табиатро ҷуз бо баъзе ҳуқнаҳо ва шиёфҳои сабук нарм насозанд. Яке аз хатои323 бузург ин аст, ки [ба ҳангоми ин беморӣ] на барсоми аз сафро падидомада, ба бемор [доруҳои] ниҳоят сардифизоянда ва ё чизҳои сардиоварандаю қабзкунанда биошомонанд ва ё аз мисли наски бо чизҳои туруш ва ғайра ғизо бидиҳанд.
Бидон, ки додани оби сард [ба бемор] аз барои ин иллат ва ҳамаи омосҳои дарунӣ созгор нест, бинобар ин ҳар қадар ки битавонӣ, кам бидеҳ. Агар ташнагӣ аз шикастан рӯй бигардонад, [оби сардро] бо сикангубин омехта [бидеҳ], то ки қуввати об шикаста шавад, муддати боқӣ мондану истоданаш камтар гардад ва гузашта аз ин об ба ёрии бурандагию латифсозии сикангубин зуд фурӯ рафта, андар тан гузарад ва суд бахшад.
Бидон, ки ҳар гоҳ ба ҳангоми барсом афрӯхтагӣ биафзояд ва он сардифизоӣ тақозо кунад, ҷуз ба чизҳое сар дӣ нафизой, ки то андозае зудоянда ва тарифизой буда, аз қабили оби бодранг ва оби тарбуз буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ