Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе ин аз ташаннуҷ огоҳӣ диҳад ва ҳангоме чунин бошад, ки агар тангии нафас то андозае шиддат ёбад ва таб қавӣ набошад.
Ҳар гоҳ иллатро бибинӣ, ки андаке ором шудааст ва ё сабук гардидааст ва андар ин миён омадани балғам ҷой надорад, пас, мумкин аст модда аз тариқи пешоб ва ё бироз берун рафта бошад ва ин аз тариқи дарунрави заҳравии тунук ва ё пешоби ситабр зоҳир гардад. Агар чунин ҳол мушоҳада нашавад, пас, хуроҷ зоҳир хоҳад шуд. Агар андар мароқ ва сари паҳлуҳо азҳамкашидагӣ, гармӣ ва гароние мушоҳада кунӣ, ин аз падид омадани хуроҷ андар пайғулаҳо ва ё соқҳо огоҳӣ диҳад ва майли он ба сӯи соқҳо далолати қавие бар саломат ёфтан кунад. Андар ин гуна ҳолат Буқрот бо харбақ исҳол овардан мефармудааст. Агар ба изофаи он душвории нафас, тангии сина, сардард, гароние андар охурак, [127] пистонҳо ва соид ва гармии ба боло майл дошта мушоҳада кунӣ, ин огоҳӣ аз он диҳад, ки модда ба сӯи ноҳияи гӯшҳову сар майл дорад.
Агар ҳолат ба ин сурат бошад ва андар ин ноҳия на омосе ва на хуроҷе зоҳир нагардад, пас, модда майл ба сӯи мағз дорад ва [беморро] ҳалок кунад.
Фасли дуввум гуфтори ҳамагонӣ андар баёни омадани балғам аз гулӯ, ки ба рӯзи дуввум ва севвуми [беморӣ] оғоз ёбад

Беҳтарин балғам онест, ки тезтар, осонтар, бештар ва пухтатар омада, сафеди ҳамвори расида бошад ва часпак набошад, балки қивомаш муътадил бувад. Он балғаме, ки ба ин гуна пухтагӣ наздик бошад, шӯридагии зеҳнро, агар пеш аз он ҷой дошта бошад, ё бехобӣ ва ё дигар арази бадро ором кунад. Баъди он балғаме биистад, ки андар рӯзҳои аввал ба сурхӣ бигарояд ва низ балғаме ояд, ки моил ба зардист. Сипас балғами кафкнок биистад ва сабаби кафкнокияш аз он аст, ки хилти он андак ва тунук буда, бо он боди зиёде омехта ва ин омехтагӣ ниҳоят қавӣ бошад, вале балғами кафкӣ чандон хуб нест, балки ба сӯи бадӣ бештар бигарояд. Бадтарини он андар ибтидо балғами сурхи холис ва ё зарди (245) холиси оташгун аст. Яке аз балғами ниҳоят бад балғами сафеди часпаки гирд бувад. Бадтарини ҳама балғами сиёҳ ва хусусан бадбӯй аст. Балғами зард беҳтар аз сиёҳ ва аз ситабри пахшшудаи гирд бувад. [Балғами] гирд беҳтар аз сурх аст, вале бад буда, бар ситабрии модда ва фармонравоии гармӣ далолат кунад ва аз дер кашидани беморӣ ва боиси сил ва пажмурдагӣ шудани он огоҳӣ диҳад. Балғами сурх беҳтар аз зард аст, чаро ки хуни табиӣ ва ё он ва балғами муътадил нармтар аз бархе сафрои хӯрандаи сӯзонандаанд. Балғами сабз бар фишурдагӣ ва ё бар сӯзиши сахт далолат кунад. Ба осонӣ омадани балғам ҳукми бадгавҳарии балғамро бекор нахоҳад кард. Балғами бадбӯй бад аст. Аз гулӯ омадани ин гуна балғамҳои бад ба сабаби бисёрии [модда] аст, на пухтагии он. Ҳар балғаме, ки баробари омадани он ранҷ паст нагардад, балғами хуб нест.
Одати [пизишкон] ин аст, ки [балғами] содаеро, ки чизи бегонаи пухтае, ё чизе аз сафро ва ё савдо бо вай наомехта бошад, онро «хавий» номанд, на «балғам». Агар ин гуна

[балғам] пайваста ояд, бо он чизе наомезад ва онро ягон ҳоле ориз нагардад, ки далолат бар пухтани ягон хилте дошта бошад, ин гувоҳӣ аз он дорад, ки иллат дер бикашад. Агар [хилт] баробари нопухтагӣ бад бошад, далолат бар ҳалокат кунад.
Умуман, балғам бо ранги хеш, бо ситабрию тунукии қивоми хеш, бо гирдашаклию ғайри гирдашаклии хеш ва бо фузунию камии миқдори хеш далолат кунад. Балғами шӯр бар назлаи хӯранда гувоҳӣ диҳад. Аз гулӯ омадани хилти ситабр, балки рим гоҳе на ба сабаби решҳои шуш, балки ба сабаби рутубатҳои синагиест,319 ки аз баданҳои касони аз сӣ гузашта то панҷоҳсолаи тарки варзиш карда берун оянд. Бинобар ин андар фазои синаи [эшон] рутубат ҷамъ шуда, аз тариқи гулӯ берун ояд. Покшавии ин андар муддати аз чиҳил рӯз то як сол320 давом кунад ва ин чандон боке надорад.
Фасли севвум андар баёни буҳронҳои барсом

Агар [бемор] андар рӯзи якум ягон чизи тунуки нопухтае партояд, эҳтимоли он аст, ки андар рӯзи чаҳорум [омос] бипазад ва андар рӯзи ҳафтум буҳронӣ бигардад.
Агар андар рӯзи чаҳорум напазад ва ё оғози омадани балғам на аз рӯзи якум бошад, пас, буҳрони он андар рӯзи ёздаҳум ва ё чаҳордаҳум ба амал ояд. Агар то гузаштани рӯзи чаҳорум балғам наояд ва баъди он балғами андаке пухта ояд, ҳолат миёна хоҳад буд, вале агар нопухта бошад, иллат дер бикашад ва хусусан агар андар ин ҳангом нишонаҳои хубе аз қабили қувват, иштиҳо ва синну сол ҷой дошта бошанд, ҳамроҳи он умедворӣ хоҳад буд.
Аммо агар то рӯзи ҳафтум балғам наояд ва ё балғаме ояд, ки на албатта пухтагӣ, балки хилти сода бувад ва агар қувватро заиф дарёбӣ, бидон, ки омос ҷуз баъд аз гузаштани замоне намепазад, вале қувваҳо пештар аз он биафтанд ва [бемор] беш аз чаҳордаҳ рӯз зинда намонад ва гоҳе пештар ҳалок шавад, зеро буҳрони ин гуна беморӣ то чиҳил ва шаст рӯз давом кунад ва табиати нотавоншуда то он вақт солим нахоҳад монд. Агар бибинӣ, ки қувват қавист, ҳар ду намуди шаҳватро (хӯрдан ва ҷимоъ) муътадилу сутуда ва хобу нафасро ба таври боиста дарёбӣ ва бибинӣ, ки пешоб хуб пухтааст, умедвори он бош, ки бемор аз рӯзи чаҳордаҳум бигузарад, вале сипас аксар вақт баъди он бимирад. Ҳамаи ин ба шартест, ки моддаи муҷиби иллат тез бошад. Умуман, муддати то фарорасии буҳрони [барсоми] сабук чаҳордаҳ рӯз аст ва гоҳе то бист рӯз бикашад. Ҷолинус гуфтааст, ки мумкин аст аз тариқи балғампартоӣ пок шудан то сӣ рӯз давом кунад ва ӯ андар он рӯз буҳрони пурраро мушоҳада карда будааст. Мо гуфтем, ки балғами содаи шабеҳ ба оби даҳон далели дер кашидани иллат аст.
Гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки ба амал омадани буҳронро андар ягон вақте тахмин кунанд, вале ягон далел ориз шуда, боиси зудтар ва ё дертар ба амал омадани он гардад. Масалан, агар балғам ва ҳолатҳо гувоҳӣ диҳанд, ки буҳрон рӯзи чаҳордаҳум ба амал меояд ва баъди рӯзи ҳафтум ва хусусан андар рӯзи бадтарин – ҳаштум балғами сиёҳ зоҳир гардад, ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки буҳрони бад пеш ҳамеояд. Вале агар ба ҷои он далели хубе зоҳир гардад, ки бар пухтагии сутуда далолат кунад, ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки буҳрони бад пас афтода, хуб пеш хоҳад омад.

пешина
аз 1215
навбатӣ