Қонуни тиб

Гоҳе бо қай берун ояд ва аз сурхною даҳони меъда ва ё аз меъдаву ҷигар бошад ва гоҳе бо сурфа ояд ва аз ноҳияҳои сина ва шуш бошад. Оне, ки аз ноҳияи сина ояд, на чандоне бимнок аст, ки аз ноҳияи шуш оянда бимнок бошад, зеро оне, ки аз ноҳияи сина ояд, зуд беҳ шавад, вале агар беҳ нашавад ҳам, мисли решҳои шуш зиёнкор нест ва инҳо аксар вақт ба решҳои носурӣ табдил ёфта, ҳар сари чанд вақт боиси хунпартоӣ бигарданд.
Сабабҳои наздики ҳамаи онҳо решест, ки ба сабаби берунае аз қабили кӯфтагӣ, ё бар сина, ё бар ҷигар ва ё бар ҳиҷоб афтидан, ё ба сабаби ягон чизи бурандае, ё сурфаи сахт, ё дод задан, ё якбора борик кардани овоз ва ё беқарорӣ намудан падид ояд. Бинобар ин [хунпартоӣ] девонагон ва касони аз ҳар гуна чизе безобита шавандаро бисёр рӯй бидиҳад. Гоҳе [хунпартоӣ] аз сабаби қаи сахт овардан ва хусусан касони пазирои онро падид ояд ва гоҳе аз хӯрдани доруҳои шикаморандаи тез ва аз ғизоҳои тезе мисли сир ва пиёз, ё аз бим, ё аз андӯҳе, ки хунро тезонад, ё аз хобидан бар болини паст ва ё аз девчае, ки аз дарун бар гулӯ овехта бошад, ба амал ояд.
Ё мумкин аст аз сабаби расида падид ояд, ки он ё андар рагҳо бувад ва ё андар ғайри рагҳо. Он сабаби расидае ки андар рагҳост, ё гусаста шудан, ё кафидан ва ё кушода шудану фарох гардиданест, ки аз тезӣ ва ё истирхои [рагҳо] ба амал оянд, ё хӯрдашуданест, ки ба сабаби тезии хилт бошад ва ё камторупудии [ҷирми раг] аст, ки боиси таровидани [хун] бигардад. Бисёр бошад, ки гузаргоҳҳои миёни бахшҳои ной ва шараёнҳо беш аз миқдори табиӣ фарох шаванд ва бад-ин сабаб хун ба андаруни ной битаровад. Он сабаби расидае, ки андар ғайри рагҳост ва агар ягон чизе аз андом канда шуда бошад, ё ҷароҳат аст, ё решест, ки аз ҷароҳат ва аз гандидан падид омада бошад ва ё хӯра ва гандагист. Гоҳе [хунпартоӣ] мумкин аст аз омоси хуние падид ояд, ки андар шуш ҷой дошта, аз он хун битаровад. Ин гуна омос беосеб аст, зеро хунист ва он моддаро битаровонад ва боз дошта, ситабраш накунад. Ҳамаи ин сабабҳо ба истиснои девча андар шуш мумкин аст падид оянд. Ин сабабҳои расидаро сабабҳоеанд, ки пеш аз онҳо гузашта бошанд. Яке аз онҳо зиёдии модда аст, ки он ё ба сабаби зиёдии ғизоҳо ва тарки варзиш кардан аст ва ё бад-он сабаб аст, ки беш аз миқдори лозимаи табиист. Чунонки андар Китби умури ҳамагонӣ баён кардем, ин аз сабаби тарки варзиш, ё банд гардидани хуни ҳайз, ё хуни бавосир ва ё буридани андоме ориз бигардад. [Дигар сабабҳои гузашта] ё тезии модда,312 (233) ё шиддати ҳаракати он ва ё бодҳоест андар рагҳо, ки боиси кафидани онҳо бигарданд. Ин ҳол хусусан андар касони парандасохт зиёд рӯй бидиҳад. Ё мумкин аст [хунпартоӣ] ба сабаби қобили пазироии он гардидани афзорҳое бошад, ки моддаи [хунро] андар хеш гирифтаанд. Ин [пазироии онҳо] ба сабаби сардие бувад, ки онҳоро фишурда кунад ва фарох шуданашон душвор шавад. Бинобар ин онҳо на аз тариқи ёзидан, балки аз тариқи кафидан ба қувваи ситамгар гардан ниҳанд. Ин [пазироӣ] ё мумкин аст ба сабаби гармии беруна ва ё даруна, ё ба сабаби хушкӣ буда, яке аз ин омилҳо онҳоро аз тариқи зич кардану хушк сохтан барои бо андак сабабе кафидан омода созад. Ё
мумкин аст ба сабаби тарие онҳо [қобили хунравӣ] шаванд, ки онҳоро ковок сохта, масомҳояшонро васеъ кунад. Ё мумкин аст аз сабаби дучор омадан бо чизи поракунандаи хӯранда, ё буранда ва ё гандонанда ба амал ояд.
Ҳар гоҳ пурии хунӣ ориз бигардад, табиат ба рондани модда ба ягон сӯи мумкинбуда бипардозад. Азбаски қобилияти [афзорҳо барои рондан ба сӯи мумкинбуда] аз ҳама қавитар аст ва он ҷойҳо ба макони фазлаи [хун] наздиканд, бинобар ин, табиат онро ба тариқи хунпартоӣ, ё ҷорӣ шудан аз бавосир, ё ҳайз овардан ва ё хуни бинӣ биронад. Агар рагҳо қавӣ буда, аз хун холӣ нашаванд, ба сабаби рехтани хун ба тиҳигоҳҳои рагҳо марги ногаҳонӣ ба амал ояд.
Касе, ки ба хунпартоӣ гирифтор шуда бошад, ӯро мумкин аст, ки реши шуш падид ояд, зеро аксар вақт хунпартоӣ аз ҷароҳат ба амал ояд ва ҷароҳат рӯ ба сӯи реш шудан дорад. Ҳар гоҳ аз паси хунпартоии исткарда боз хунпартоӣ ба амал ояд, бими он дорад, ки ин дуввумӣ аз реш ориз шуда ва ин реш аз ҷароҳати якумӣ падид омада бошад.
Бисёр вақт хуни аз тариқи партофтан омада хуни биниест, ки аз сар ба шуш бирезад. Агар хун аз ноҳияҳои шуш ояд ба ин ду бим вобаста аст: бими ба ифрот омадани он ва бими реш гардидани ҷароҳат. На ҳар гуна хунпартоӣ бимнок аст, балки он хунпартоие бимнок аст, ки банд нагардад ва ё бо таб бошад. Бисёр бошад, ки хунпартоӣ боиси шифо ёфтани омоси ҷигар ва ё испурч бигардад.313 Нишонаҳо: [хуни] аз назди ҳанҷара буда бо сурфаи андак берун ояд ва хуни дур бо сурфаи бисёр. Хун ҳар андоза дуртар бошад, бо сурфаи сахттар берун ояд. Агар бар паҳлуе, ки андар он сӯй иллат аст, хобида шавад, миқдори хуни аз хунпартоӣ оянда биафзояд. Бояд нахуст нигарист, ки он чи ки аз тариқи хунпартоӣ ҳамеояд, аз хуни бинӣ набошад. Инро аз тариқи одати хуни бинӣ шудан доштан, [зуд-зуд] ориз шудани он ва ба амал омадани сабукии сар баъд аз гаронии он бишиносанд. Нишонаҳои хуни бинӣ, масалан, сурхии рӯю чашм, барқ задани пеши чашм, бо кафк набудани хун ва якбора омадани он буванд.
Нишонаҳои хуне, ки аз тариқи хунпартоӣ аз гавҳари гӯшти шуш, ё аз ҷароҳат ва ё аз реш ояд, ин аст, ки кафкнок бошад, канда-канда ояд ва бе дард бошад. Миқдори хуни ин гуна [хунпартоӣ] камтар [121] аз хуни [хунпартоии] рагӣ буда, вале зиёнаш бузургтару оқибаташ бадтар бувад. Гоҳе хуни кафкнокро худовандони барсом ва омоси шуше партоянд, ки андар шушашон гармии оташии баҷӯшорандаи [хун] ҷой дошта бошад. Гоҳе мумкин аст хуни кафкнок аз нои шуш, вале бо гулӯафшонӣ ва сурфаи сабук ояд, чизи беруномада андак ва сафедчатоб бошад ва каме дард ҳис карда шавад.
Хуни аз рагҳо оянда кафкнок нест ва гармтару бастатар аз хуни шуш буда, ба хуни [ростинӣ] монандтар аст, вале ба дараҷаи хуни аз сина оянда ситабр нахоҳад буд.
Нишонаи хуни аз сина оянда ин аст, ки ба сабаби дурии масофа сиёҳранг, ситабр ва баста буда, бо каме кафкнокӣ, сарҷӯшӣ ва бо ҳис кардани дарде андар сина зоҳир шавад, ки бар мавзеи иллат далолат кунад. Инро зиёд шу дани дард аз хобидан бар [паҳлуи дардманд] тасдиқ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор