Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар сабаб заъфи асабҳо ва ё офати [дигаре] бошад,
бояд бо чизе муолаҷа кард, ки рӯҳи андар асабҳо бударо
қавӣ созад. Аз равғанҳои гарми хушбӯй мисли равғани
наргис, савсан ва савсани сафед, равғанҳои бо хушбӯиҳо
сохташуда, мумравғанҳои аз равғанҳои мазкур сохташуда, равғани заъфарон (225) ва худи заъфарон ба ғоят судманданд. Агар сабаб кӯфтагие бошад, ки ба саргаҳи он асабҳо расида бошад, онро бо доруҳое бояд муолаҷа намуд, ки боздорандаи омосанд.

Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ ОВОЗ

Фасли нахустин
андар баёни ҳолатҳои овоз

Овозро мушакҳои ба наздики ҳанҷара буда бад-ин гуна падид оранд, ки [ҳанҷара] ба андозаи муайян боз шуда, ҳавои беруноянда сахт ронда шавад ва ба [мушакҳо] бизанад. Афзори овоз ҳанҷара ва ҷисмест, ки шабеҳ ба забончаи най бувад. Ба ҳақиқат ин афзори асосист ва дигар афзорҳо равонакунандагону ёридиҳандагонанд. Равонакунандаи моддаи [овоз] ҳиҷоб ва мушакҳои сина, гузаронандаи он шуш ва худи модда ҳавоест, ки ба наздики ҳанҷара мавҷ бизанад. Модом ки чунин аст, офати овозро оризшаванда ё аз сабабҳои фоилист ва ё аз сабабҳои фиристонандаи модда.
Офати овоз ё бекоршавӣ, ё коҳиш ёфтан ва ё тағйирёбиест, ки иборат аз хастагӣ, ё тезӣ, ё гаронӣ, ё дуруштӣ, ё ларзандагӣ ва дигар [ҳолатҳо] мебошад. Ҳар як аз ин сабабҳо ё ба тавассути бадмизоҷии сода ва ё бо модда буда, хусусан бо назлаи таркунандае, ки ҳанҷараро ориз бигардад ва ё ба тавассути аз ҳам гусастани ягонагии [ҳанҷараро] оризшаванда, ё кандашавӣ, ё омос, ё дард, ё кӯфтагӣ ва ё афтидагӣ боиси падид омадани иллат бигардад.
Офат мумкин аст андар худи [ҳанҷара], ё мумкин аст ба анбозии мабдаи наздики асабҳое, ки андар он мушакҳо ва мабдаъҳои онҳо панҷа задаанд ва ё ба анбозии мабдаи дуре чун мағз падид ояд. Гоҳе мумкин аст [офати овоз] ба анбозии андоми ҳамҷаворе аз қабили андомҳои ғизокашӣ, ё андомҳои нафасгирӣ, ё андомҳои ин ду гурӯҳро иҳотакарда мисли шикам ва сина, ё андомҳои ин ду гурӯҳро пайвасткунанда мисли муҳраҳои пушт ва ё [ба анбозии] ком ба амал ояд. Ба ҳақиқат ба тарӣ ё ба хушкӣ ва дуруштӣ гароидани инҳо мумкин аст овозро ҳам дигаргун бисозад. Аз ҳамин қабил бурида шудани забонча ва бодомакҳост ва агар худованди [чунин ҳолат] овоз барорад, хорхораки қавие эҳсос кунад, ки боиси сурфидан бигардад ва гоҳе ҳангоми ҳар як дод задан гулӯи эшон бигирад.
Аммо [офате], ки аз сӯи гузаронандаи [моддаи овоз] хезад, бад-ин гуна аст, ки аз шиддат ёфтани гармии шуш, ё сардии он, ё рутубати он, ё ба сӯи он ҷорӣ шудани рим аз сӯи омосҳо, ё ба сӯи он ҷорӣ шудани назлаҳо ва ё ба сабаби хушкии он овоз дигаргун бигардад. Бинобар он гармӣ овозро бузург, сардӣ тезу хурд, хушкӣ дурушти шабеҳ ба овози куланг, тарӣ хаста ва суфтагии [ҳанҷара]

муътадилу ҳамвор бигардонанд. Ҳар гоҳ шуш аз рутубат пур шавад ва ной пок набошад, одам баланд ва равшан овоз баровардан натавонад, зеро ин ба андозаи покии шушу ҳанҷара ва акси покии онҳо бувад. Гоҳе гаронию сабукии овоз ба ҳасби фарохии нои шуш ва тангии он ва фарохию тангии ҳанҷара гуногун бигарданд. Агар ин офатҳои ёдшуда андар андомҳои равонакунанда ва гузаронанда шиддат ёбанд, овоз бекор бигардад, вале воҷиб нест, ки сухан гуфтан бекор бигардад, зеро сухан гуфтан мумкин аст бо нафаси муътадил анҷом пазирад.
Масалан, мардеро, ки асаби баргардандааш ба осеб дучор шуда буд, ҳангоми бо оҳан боз кардани он он асабро хунук зад ва овозаш бекор шуд. Шахси дигарро ҳангоми муолаҷаи ханозир чун яке аз ду асаби баргарданда канда шуд, ними овозаш бекор гардид.
Агар офат ба мушакҳои ҷуфт бирасад, овоз хаста бигардад ва агар ба мушакҳои ҳаракатдиҳандаи фарохкунанда бирасад, овоз хуноқӣ шуда, балки мумкин аст аз он хуноқ падид ояд. Агар офат ба мушакҳои ҳаракатдиҳандаи фишордиҳанда бирасад, овоз даманда бигардад ва агар онҳо аз кор монанд, овоз [низ] бекор бигардад. Агар андар ин [мушакҳо] истирхои нопурра ва ҳолате шабеҳ ба раъша падид ояд, овоз ларзанда бигардад. Аммо агар рутубат на ба андозае бошад, ки [мушакҳоро] сустӣ оварад, овоз хаста хоҳад шуд.
Ҳар гоҳ хастагӣ ориз шавад, [117] аз рутубат ориз бигардад. Агар рутубат андак зиёд гардад, овозро биларзонад ва агар бештар зиёд бигардад, овозро бекор хоҳад кард.
Гоҳе овоз ба сабаби васеъ шудани афзорҳои овозбарорие, ки ҳангоми [овоз баровардан] монда шаванд ва ё ба сабаби омос ва думодумӣ хаста бигардад. Аз ҳама бад он аст, ки аз паси таом ба амал ояд. Гоҳе [овоз] аз сардии дурушт ва гармии беандоза хаста бигардад, зеро ин ду мизоҷро бихушконанд. Бехобию ғизоҳои дурушт низ ҳамчунинанд. [Овоз] ба сабаби бисёр дод гуфтан ҳам гирифта гардад, зеро ба иллати он рутубат ба сӯи табақае кашида шавад, ки гулӯ ва ҳанҷараро пӯшида аст. Хастагие, ки пиронро ориз бигардад, беҳ нахоҳад шуд. Агар тобистон шимолии хушк ва хазон ҷанубии серборон оянд, гирифтагии овоз зиёд бигардад. Аксар вақт даволии падидоянда (226) яке аз сабабҳои дуруст шудани овоз бошад.
Бидон, ки шахсони аз беморӣ хеста, шахсони заиф ва касони фурӯтани ба сабаби камии қувват шабеҳ ба касони заиф чунон бошанд, ки ҳавои зиёдро ба тасарруф даровардан натавонанд ва бинобар он ҳанҷараи худро ба ҳадде танг созанд, ки овозашон борик барояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ