Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Доруе, ки ба таври қавӣ ин ду хусусиятро дорост, масалан, рӯян ва зарованд бувад. Агар бемори муолаҷашаванда кӯдак бошад, бояд доруҳоро бо шири модараш биомезанд. Эшонро доруҳои муътадиле аз қабили розиёнаи тар бо шир кифоят бувад. Яке аз чизҳое, ки пазиш ва омадани балғамро ёрӣ диҳад, шӯрбои пирхурӯс аст.
Яке аз тадбирҳои барои чунин [беморон] судманд ин аст, ки агар росто нафасгирӣ ҷой дошта бошад, бояд сина ва атрофи онро бо даст ва хусусан рӯймолҳои дурушт ба таври муътадил, хушк ва аз ғайри ба кор бурдани равған молиш диҳанд, вале агар ранҷовар бигардад, он гоҳ равған ба кор баранд. Ҳангоми бо равған молиш додан бояд баъзан қайсум ва натрун ба кор баранд ва бо инҳо сахт молиш диҳанд. Агар модда бисёр бошад, ночор бо доруи исҳоловаре ба поксозӣ бояд пардохт, ки аз мисли тухми газна, баспоя, хиёри даштӣ ва дилаи ҳанзал сохта шудааст. Яке аз тадбирҳои ин беморӣ баъд аз (221) поксозию қай ба кор бурдани овоз ва баланд баровардани он аст, ки онро тадриҷан қавӣ ва дароз бикашанд. Тадбири дигар ҳангоми ин [беморӣ] хусусан баъд аз хӯрдани турб, ё ошомидани чаҳор дирам бура бо панҷ уқия шароби ангубин пайваста ба кор бурдани қай бувад. Ин корро ҳангоме кунанд, ки иллат қавӣ ва ҳолат душвор гардида бошад. Харбақи сафед ниҳоят нофеъ ва ҳангоми бемориҳои сина боваринок ва бебим аст. Беҳтар он аст, ки порае аз харбақро гирифта, андар турб гузаронанд ва як шабу як рӯз бигузоранд. Сипас [харбақро] берун оварда, он турбро бихӯранд. Инчунин аз хардал ва намак як дирамӣ, аз бураи арманӣ ним дирам ва аз натрун як донг гирифта, бо панҷ истор оби ангубине биошоманд, ки миқдори ангубини он як уқия бошад.
Дигар тадбири ин [беморӣ] пайваста нарм кардани табиат аст. [Беморонро] аз барои ин ғараз пеш аз таом хӯрдани кабари намакхӯрда, тановул кардани тарихи куҳан ва шӯрбои пирхурӯс бо мағзи хасакдона, печак ва чугундар ёварӣ кунад. Агар бо инҳо табиат нарм нагардад, [ба бемор] оби ҷаве бидиҳанд, ки андак уфурбиюн ва афитимунро андар он нек ҷӯшонида бошанд ва ин аз барои ин иллат сахт судманд аст. Агар оберо бо оби ангубин ба кор баранд, ки андар он афитимун ҷӯшонида бошанд, ниҳоят судманд бувад ва агар як мисқол аз онро бо майпухта бихӯранд, низ чунин бошад. Инчунин ҷӯшонидаи анҷир, пудина ва судоб андар обе хуб аст, ки аз он ангубиноба бисозанд. Низ ҷӯшонидаи шанбалит ва анҷири сергӯштро бо агубини бисёр ба муддати зиёде пеш аз таом хӯрдан ба кор баранд ва баъд аз таом якчанд бор такрор кунанд. Ҷӯшонидаи мавиз ва шанбалит бо оби борон низ судманд бувад.
Яке аз тадбирҳои ҳангоми ин [беморӣ] ба кор баранда нахуст оҳиста ва сипас ба тадриҷ сахт варзиш кардан аст, зеро варзиши якбора сахт ба сабаби моддаҳоро ниҳоят ба ҷунбиш овардан мумкин аст боиси ихтиноқи [нафас] бигардад.
Ғизои чунин [беморон] бояд ба тадриҷ ва ба гунае бошад, ки андар баёни варзиш ёд кардем. Бояд нони мехӯрдаи эшон пухта ва аз хамири моядор сохта ва нуқлашон

ғизоҳои латифиоваре бошад, ки андар онҳо сипандон, зуфо, саътар ва пудина афканда бошанд. Равғани таомҳояшон бояд аз пиҳи харгӯш, гавазн, оҳу ва хусусан рӯбоҳ бошад. Хусусан шушҳои ин [ҷонварон муфид аст].
Агар шуши рӯбоҳро хушконида, ду дирам аз он биошоманд, аз барои ин иллат дору бувад. Шуши хорпушти даштӣ низ ҳамчунин аст. Аммо гӯштҳои эшон истеъмол мекарда бояд аз қабили моҳии харсангии рӯдӣ, на ботлоқӣ ва гӯшти гунҷишк, кабк ва дурроҷ бошад. Шӯрбои хурӯс барои эшон судманд аст. Гоҳе андар ғизоҳои худовандони дамкӯтоҳӣ «забони барра» афкананд.
Ошомидании эшон бояд аз шароби райҳонии куҳани тунук ва ба миқдори кам бошад. Вале агар барои пазонидан ва ёварӣ кардани балғам шароби бисёр ошомидан бихоҳанд, бояд аз ниҳоят тунуки он ба кор баранд ва шароби ангубин низ эшонро суд дорад. Хамрҳои ширине, ки бо онҳо чизҳои латифиоваранда афзуда бошанд, барои чунин [беморон] судманд аст, аз баҳри он ки онҳо зудоянда, нармифизо ва ба таври муътадил гармифизой буванд. Бояд миёни таому шароб хӯрдан фосилаи зиёд бошад ва аз об на ба як бор, балки ба якчанд бор ошомидан худро сер кунанд.
Аммо корҳое, ки бояд аз онҳо парҳез кард, яке аз онҳо гармоба кардан аст. Ҳар қадар ки битавонанд, аз он хусусан пас аз таом хӯрдан, дурӣ ҷӯянд. Дигар хоби зиёд ва хусусан хоби рӯзона аст. Хоб рафтан аз паси таом сахт зиён дорад, вале агар эшонро афтодагии зиёде, мондагӣ ва гармие расида бошад, бояд андаке хоб бираванд. Бояд аз хӯрдани донагиҳое парҳез кунанд, ки бод ангезанд ва низ бояд аз ошомидани чи об ва чи шароб аз паси таом дурӣ ҷуст.
Аз доруҳои исҳоловарандаи қавие, ки [табиати] эшонро нарм бидоранд, масалан, аз говшир ва дилаи ҳанзал ним дирамӣ гирифта, бо оби ангубин [ба бемор] биошомонанд ва ё гунди бедастарро бо уша бидиҳанд. Агар иллат қавӣ бошад, моҳе ду бор аз истеъмол кардани ҳабби ғориқун чора нест. Нусхаи он: се [дирам] ғориқун, як [дирам] бехи ширинбаён,302 як [дирам] фаросиюн, панҷ [дирам] турбид, чаҳор [дирам] ёраи фиқро, як дирамӣ аз дилаи ҳанзал ва анзарут ва як дирам мурр гирифта, ҳамаро бо майпухта бисириштанд. Як ошомиданӣ аз он ду дирам бувад. Инчунин ним мисқол дилаи ҳанзал ва шашяки як мисқол анисунро бо об сиришта, ҳабб созанд ва онро як рӯз баъд аз ба кор бурдани ҳуқнаи сода истеъмол кунанд. Ин ҳуқнае бошад, ки аз мисли оби чугундар, равғани кунҷид, (222) бура ва чизҳои [115] ба равиши инҳо буда омода созанд. Низ ду донг дилаи ҳанзал, як дирамсанг тухми газна ва ним дирам афитимунро гирифта, бо оби ангубин бисириштанд. Ин як ошомиданӣ буда, се соат баъди ошомидани он нигоҳ кунанд ва сипас ба [бемор] аз як то се уқия оби ангубин бидиҳанд.
Инчунин ба қадри баробар дилаи ҳанзал ва дермана, ним бахш бура, як бахш бехи ширинбаён303 ва як бахш говширро гирифта, ҳабб созанд. Як ошомидании он аз якуним то ду дирам буда, як соат сабр кунанд ва сипас [ба бемор] ним қутулӣ оби ангубинӣ бидиҳанд. Низ як мисқол хардал, ним мисқол намаки хамирӣ ва ним мисқол хиёри даштиро гирифта, аз онҳо ҳашт қурс бисозанд ва рӯз андар миён якқурсӣ биошоманд.

пешина
аз 1215
навбатӣ