Қонуни тиб

Сипас он чизро бо ёрии гӯшковак оҳиста берун оранд. Агар судда ба сабаби гӯшти зиёдатӣ ва ё озах падид омада бошад, бояд бо оби гарм ва натрун бишӯянд, сипас андар он миси сӯхта ва зирнихи сурхи ниҳоят сӯхтаро бо сирко ба қадре бичаконанд, ки гӯшт бисӯзад ва баъд аз он ин решро муолаҷа кунанд.
Чунин ёд шудааст, ки (159) пайваста андар гӯш рехтани заҳраи хук сахт судманд аст. Аммо аз барои он навъ суддае, ки ҳангоми он инсон гӯшашро гирифта пиндорад, чаконидани равғани савсан ва ё заҳраи барзагов, ки андар фишурдаи чугундар [гудохта бошанд], судманд аст.
Фишурдаи шаҳдона ва фишурдаи ҳанзал аз барои суддаҳои гӯш хосияти [хубе] доранд. Агар судда аз сабаби чирк бошад, онро бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки андар боби суддаи чиркӣ ёд шудаанд. Яке аз чизҳои аз барои суддаи чиркӣ ва ғайри он нофеъ фатилаест, ки аз сипандон ва бура бисозанд. Онро се рӯз андар гӯш нигоҳ доранд ва сипас берун оранд. Яке аз [82] доруҳои аз ин ҳам қавитар ва низ поккунандаи асаби [гӯш] қурсҳои харбақ бувад. Нусхаи он чунин аст: ду мисқол харбақи сафед, шонздаҳ мисқол натрун ва се мисқол заъфаронро гирифта, бикӯбанд ва бо сирко совида қурс созанд. Сипас ҳар гоҳ ки бад-он ҳоҷат биафтад, онро андар сирко гудохта, андар гӯш бичаконанд. Ин сахт аҷиб аст.
Аммо суддае, ки аз бози офариниш аст, чунин аст, ки гӯш ё бесӯрох офарида шуда бошад ва ё аз бози офариниш дарунбаста бошад. Гоҳе инро бо дасткорӣ бисанҷанд ва ҳатто бурида гирифтан ва ба сӯи гузаргоҳи дарунӣ роҳ кушодан суд бахшад ва гоҳе ин кор суд набахшад.
Фасли даҳум андар баёни беморие, ки гӯшро аз паси кӯфтагӣ падид ояд
Буқрот чунин пиндорад, ки ин гуна [беморӣ] бо ягон чиз муолаҷа намешавад. Аммо касони баъд аз ӯ омада онро бо [чунин дору] муолаҷа кардаанд: ақоқиё, мурр, сабр ва кундурро гирифта, аз онҳо бо сирко, ё бо сафедии хоя ва ё бо мағзи нону ангубин марҳам бисозанд.
Фасли ёздаҳум андар баёни хориши гӯш
Оби афсинтинро гирифта, андар он бархе аз равғанҳоро бирезанд ва ё афсинтинро бо равған ҷӯшонида, андар гӯш бичаконанд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни даромадани об андар гӯш
Гоҳе агар каси гармоба ва ғуслкунанда гӯшҳоро эҳтиёт накунад, мумкин аст андар онҳо об бидарояд ва он боиси ранҷурӣ, омосидани буни гӯш ва падид омадани дарди сахт бигардад.
Муолаҷаҳо: Яке аз корҳои судманд ин аст, ки бо найча чунон бимаканд, ки он об якбора кашида шавад, сипас андар гӯш равғани бодоми ширин бирезанд. Гоҳе бо сурфа ва атса берун ояд. Ё як чӯби шибит ва ё порае аз лухро ба андозаи як ваҷаб гирифта, аз як сӯ сеяки онро пунба печонида, андар равғани зайтун оғушта кунанд.
Сари дигари онро андар гӯш хуб устувор сохта, [беморро] бар паҳлу бихобонанд. Сари пунба печонидаро оташ зананд ва бигузоранд то расидани гармӣ ба андаруни гӯш бисӯзад. Он гоҳ вайро чун кашида, якбора берун оранд, ҳамроҳи он чизи андар гӯш буда низ берун ояд. Яке аз чизҳои аз барои [обдаромада], хусусан андар ибтидо, судманд ин аст, ки як каф обро гирифта, ба гӯш рехта пур кунанд. Сипас худованди он бар сӯи он гӯш хам шуда биҷаҳад, то об ҳама якҷоя берун ояд. Гоҳе онро бо обдуздак низ бад-ин гуна берун оранд, ки сари обдуздакро андар гӯш дароварда, чун пояи онро бикашанд, обро ҳамроҳи худ бикашад. Гоҳе ҳангоми кам будан, хусусан агар дард монда ва иллат бартараф шуда бошад, андар гӯш рехтани равғанҳо ва якчанд бор пайдарпай рехтани ширҳои нимгарм кифоят кунад. Агар гӯш сахт дард кунад, пӯсти хашхош, шоҳафсар, бобуна, бунафша, хитмӣ, тухми катон ва орди ҷавро бо шири занон бар вай зимод кунанд.
Фасли сездаҳум андар баёни даромадани ҷонварҳо андар гӯш ва падид омадани кирмҳо андар он
Аз даромадани ҷунбандаи зиёнкор андар гӯш аз тариқи дарди сахт ва ба бузургии он аз тариқи харошидану ҳаракат кардани он пай баранд. Аммо агар кирм бошад, ҳангоми он хор-хор ҳис карда шавад.
Муолаҷаҳо: Яке аз чизҳое, ки барои ҳамаи онҳо муштарак аст, андар гӯш чаконидани қатрон бувад. Ин дарҳол ҳаракати ҷондорро андар гӯш ором кунад ва хусусан агар хурд бошад, онро зуд бикушад. Чаконидани фишурдаи хиёри даштӣ ё танҳо ва ё бо маҳмуда ҳамчунин бувад. Низ гӯгирд, зарованди дароз, қалқадис ва майъа ҳамин гунаанд. Яке аз чизҳои хуб ин аст, ки андар гӯш оби таровидаи гӯшти гови кабобкардаро бичаконанд. Гоҳе аз ин чизҳо [доруи зерин] суд бахшад: як миқдор равғани зайтунро гирифта, андар гӯш кунанд ва андар офтоб нишинанд. Аз фишурдаҳо, хусусан барои кирм, фишурдаи бехи кабар, фишурдаи бехи тути сафед, фишурдаи бодруҷ, (160) фишурдаи барги олу, фишурдаи барги шафтолу, фишурдаи афсинтин, ё қантуриюн ва ё фаросиюн, фишурдаи барги сабзи хинҷак, ё шамшод ва ё барги санавбар, хусусан агар бо сиркои хамрӣ ҷӯшонида бошанд, фишурдаи хиёри даштӣ, фишурда ва ё ҷӯшонидаи харбақи сафед, ё афитимун, ё фишурдаи пудина бо маҳмуда, ё фишурдаи дермана, ё фишурдаи мармохур ва ё оби ангубин бо яке аз ин фишурдаҳо, инчунин фишурдаи турб, фишурдаи пиёз, хусусан талхпиёз, ё тухми пиёз бо оби ангубин ва ё баъзе заҳраҳо, ки хусусан агар онҳоро андаруни анори бо дила буда гарм карда бошанд, инчунин ҷӯшонидаи донаи кабари тоза ва ё фишурдаи он, фишурдаи боқилии мисрӣ ва сабр бо оби ширгарм, ё қусти суда ва ё оқирқарҳо [хубанд]. Ҳамаи инҳо аз барои кирм беҳтарин ва қавитарин илоҷанд. Яке аз чизҳои барои кирм санҷидашуда ин аст, ки ду дирам шароб, се дирам ангубин ва як дирам равғани гулро гирифта, бо сафедии ду хояи мурғ сиришта, нимгарм кунанд ва гӯшро бо пашминаи андар он оғушта пур кунанд. [Бемор] бояд бар сӯи ин гӯш такя занад, вале нахобад. Сипас он [пашминаро] чун якбора кашида бигиранд, кирмҳои зиёд берун оянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор