Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ҳолатҳо гувоҳӣ бадон диҳанд, ки баробари хушкӣ моддаи сафровӣ ҷой дорад, бояд бо печак исҳол оварда шавад, зеро он ба хосият аст. Агар чунин пиндошта шавад, ки андар он ҷой моддаи ситабри хушкидае ҷой дорад ва ниёзманди ҳал шудан аст, бояд онро бо луоби шанбалит ва луоби тухми катон, ки бо шир якҷоя гирифта бошанд, ҳал карда шавад, аз баҳри он ки агар ин ду [доруро] бар чашм биниҳанд, сахтии пилкҳоро бибаранд ва хилти бекораро ба истифроғ берун кунанд. Яке аз доруҳое, ки барои ин ғараз санҷидашуда аст, пиҳи мурғ, луоби тухми аспғул, мум ва равғани гулро гирифта, пайваста бар [чашм] биниҳанд. Гоҳ-гоҳе доруҳоеро ба кор баранд, ки аз қабили шиёфи Ирасистротис200 ашковар буванд, зеро ҳангоми [сахтии] моддии дерина ба кор бурдани сурмаҳои ашковар судбахшанд.
(133) Инҳо моддаи ситабрро ҳал намуда, онро бишӯянд ва як қисм рутубатҳои тунукеро бикашанд, ки [моддаро] нарм кунанд ва бо ҳалкунандагии хеш онро ҳал намоянд.
Фасли чаҳорум андар баёни ситабрии пилкҳо

Ин бемориест, ки аз паси гар падид ояд ва гоҳе натиҷаи бар пилкҳо андудани тилоҳои сард бувад.
Илоҷаш он сурмаҳоест, ки аз лоҷувард, санги арманӣ, донаҳои сӯхтаи хурмо ва нордин бисозанд ва пайваста ба кор бурдани гармоба бувад. Бояд аз набиз парҳез карда шавад. Гоҳе бо мил ва бо шиёфҳои сурхи нарм бисёр молиш диҳанд. Аммо шакар молидан мумкин аст омоси чашм ва ё гар ба амал оварад.
Фасли панҷум андар баёни бодгирифтагии пилкҳо

Бодгирифтагӣ ба сабаби моддаҳои тунук ва бухорҳо ва ба иллати сустии гувориш ва бадии он биафтад, чунонки ҳангоми бехобӣ ва табҳои бехобӣ чунин бошад. Гоҳе ба оғози истисқо аз бадэҳтиётӣ ва ба сабаби омосҳои таре аз қабили омоси шуш ва лисарғус ба амал ояд. Агар [бодгирифтагӣ] касони аз беморӣ хестаро рӯй диҳад ва хусусан агар дигар андомҳо пажмурда буда, [танҳо пилкҳо] бодгирифтаю дамида боқӣ бимонанд, ин аксар вақт аз бозомадани [беморӣ] огоҳӣ диҳад. Илоҷи ин қатъи сабаб ва гармибандӣ кардан аст.
Фасли шашум андар баёни гаронии пилкҳо

Ин гоҳе ба иллати бодгирифтагӣ ва сабабҳои он падид ояд ва гоҳе ба сабаби нотавонии қувват ва афтодагии он, чунонки ҳангоми бемории диққ чунин бувад. Гоҳе мумкин аст ба иллати ситабрӣ, ба иллати «шарноқ»
ва ғайра ба амал ояд. Гоҳе ҳангоми навбатҳои табҳо гаронӣ ва истирхо ориз бигарданд.
Фасли ҳафтум андар баёни баҳам часпидани ду пилк ба наздики гӯшаи дарунии чашм ва ғайри он

Гоҳе пилкҳоро мумкин аст чунин ориз гардад, ки бо
ғӯзаи чашм, ё бо табақаи пайвасткунанда, ё бо табақаи

шохгун ва ё бо ҳар ду табақа бичаспанд. Гоҳе мумкин аст
ба яке аз ду ҷониби гӯшаи дарунии чашм чунин ҳолат ба
амал ояд ва гоҳе то миёнҷои он бирасад, чунонки мумкин
аст шомили тамоми пилкҳо бигардад. Сабаби ин ё решҳоест, ки тоза падид омада бошанд ва ё хатои пизишки чашм
бувад, ки ҳар гоҳ сабал бибурад, ё нохуна бичинад ва ё
гари пилкҳоро бирезонад, вале чунонки ёд кардем, бо зира, намак ва ғайра ба таври расо доғ наниҳад ва ҳар вақте шартҳоеро риоя накунад, ки риояи онҳо воҷиб аст ва
ин боиси часпидани [пилкҳо] бигардад.201
Фасли ҳаштум
андар баёни садафа202

Ин гӯшти табишиест, ки андар ғӯзаи чашм афзоиш ёбад.
Илоҷ: Агар он ба наздикии гӯшаи дарунии чашм бошад, беҳтар он аст, ки онро нахуст реш намуда, сипас чун муолаҷаи ғарб муолаҷа кунанд ва ё босалиқун, доруи бунафшагӣ, доруҳои нохуна ва хусусан шиёфи зирнихӣ ба чашм бикашанд. Агар бо сафедӣ ва сиёҳии [чашм] пайваста бошад, илоҷи он илоҷи нохуна бувад.
Фасли нуҳум андар баёни бозгуна шудани пилкҳо, яъне лабҳои онҳо

Ин [беморӣ] се намуд аст: Яке ин аст, ки пилкҳо андар худ кашида шаванд ва сафедии чашмро пӯшидан натавонанд. Ин ё ба офариниш бошад ва ё ба сабаби бурише, ки пилкҳоро рӯй бидиҳад ва ин гуна чашмро «чашми харгӯшӣ» номанд. Намуди дуввум миёна буда, чунин бошад, ки як қисми сафедиро напӯшонад ва ин намудро «кӯтоҳии пилкҳо» номанд. Сабаби ин чун сабаби намуди якумӣ буда, вале на ба андозаи он бувад. Намуди севвум чунон аст, ки ба ҳангоми он пилки барсӯвин бар пилки зерин пӯшида нагардад. Ин ё ба сабаби ғуддае, ё ба сабаби рӯидани гӯшти зиёдатие, ки аз реши пешбуда ва ё нав падидоянда ба амал омадааст ва ё ба сабаби ташаннуҷе бувад, ки андар пилкҳо пас аз фароҳам омадани реш рӯй дода бошад.
Кадоме аз ин сабабҳо, ки бошад, пилки барсӯвинро намегузорад, ки бар фурӯсӯвин пӯшида шавад. Гоҳе мумкин аст ҳамаи ин аз сабаби ташаннуҷи мушакҳои пилкҳоро пӯшонанда ба амал ояд.
Илоҷ: Аммо оне, ки аз сабаби кӯтоҳии пилкҳост, илоҷаш ин аст, ки пӯсти онро пора кунанд, вале надӯзанд, то ки пилк дароз бигардад ва баъд аз растани гӯшти пӯстӣ дубора фароҳам ояд. Ин муолаҷа ба ҳасби бешию камӣ ба намудҳои якум ва дуввум нисбат дорад. [69] Аммо намуде, ки ба сабаби ғудда ва гӯшти зиёдатист, [илоҷаш ин аст], ки ин дуро бо оҳан бигиранд. Ҳамчунин он гунаеро, ки бар асари реши фароҳамомада ва кӯтоҳсозандаи пилкҳо падид омадааст, бо оҳан муолаҷа кунанд, яъне [пилкро] пора кунанд ва сипас фароҳам оранд. Он гунае, ки аз сабаби ташаннуҷ аст, илоҷаш ба ҳасби навъ илоҷи ташаннуҷ бувад.
Фасли даҳум андар баёни жолача

Ин рутубатест, ки андаруни пилк ситабр гардида, санг бишавад ва рангаш ба сафедӣ гароида жоларо монад.

пешина
аз 1215
навбатӣ