Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гӯянд, ки яке аз сарҳои он аз дарун буда, бо каме вуреб ба дарун майл кунад ва сари дигар аз берун бар рӯи шона ба наздики бахши фурӯсӯвини он ҷой дошта, бо каме вуребӣ ба берун майл дорад. Ин [мушак] ҳар гоҳ бо ҳар ду ҷузъ амал кунад, бозуро рост бардорад.
Баъзе касон ду мушак изофа кардаанд: як мушаки хурде, ки аз сӯи пистон ояд; ва як мушаки дигар, ки андар пайвандгоҳи шона пинҳон аст. Гоҳе мушакҳои оринҷро анбози ин [мушакҳо] шуморидаанд.
Фасли ҳабдаҳум андар ташреҳи мушакҳои соидро ҳаракатдиҳанда

Бархе аз мушакҳои соидро ҳаракатдиҳанда мушакҳоеанд, ки онро таҳ кунанд ва як қисм мушакҳоеанд, ки онро боз кунанд ва инҳо бар бозу ҷой гирифтаанд. Як қисми дигар мушакҳоест, ки онро бар рӯй бигардонанд ва як қисм мушакҳоест, ки онро бар пушт бигардонанд. Ин мушакҳо бар бозу нестанд.
[Мушакҳои соидро] бозкунанда як ҷуфтанд. Як фарди он [соидро] баробари ба дарун майл додан боз кунад, зеро саргаҳи он аз зери пешгоҳи бозу ва аз паҳлуи фурӯсӯвини шона буда, бо аҷзои дохилии оринҷ пайваст бигардад. Фарди дуввуми он [соидро] баробари ба берун майл додан боз кунад, зеро он аз қафои бозу омада, бо ҷузъҳои берунии оринҷ бипайвандад. Ҳар гоҳ ҳар ду якҷоя амал кунанд, [соидро] ночор рост боз хоҳанд кард.
[Мушакҳои соидро] таҳкунанда як ҷуфтанд. Як фарди он, ки аз ҳама бузургтар аст, [соидро] баробари ба дарун майл додан таҳ кунад, зеро саргаҳи он аз зеҳи фурӯсӯвини шона ва аз «минқор» буда, ба ҳар як саргаҳ як сар хос аст. Ин фард ба тарафи дохилии бозу гароида, ватари асабии он ба пешгоҳи занди забарин бипайвандад. Фарди дуввуми он баробари ба берун майл додан таҳ созад, зеро саргаҳи он аз беруни бозу аз пас бошад. Ин мушакест дорои ду сари гӯштӣ, ки яке аз онҳо аз паси бозуст ва дигарӣ аз пеши он. Ин мушак [ба шакли] каме пинҳоншуда то ба пешгоҳи занди зерин омада бирасад.
Гоҳе [мушаки таҳкунандаи] ба берун майлдиҳанда ба занди зерин ва [мушаки] таҳкунандаи ба дарун майлдиҳанда ба занди забарин бипайванданд, то ки кашидашавӣ мустаҳкамтар бошад. Ҳар гоҳ ин ду мушак якҷоя амал кунанд, [соидро] ночор рост таҳ кунанд. Гоҳе ду мушаки бозкунандаро мушаке пинҳон бидорад, ки устухони бозуро иҳота кардааст ва эҳтимол ҷузъе аз мушаки таҳкунандаи ахир бошад. Аммо мушакҳои соидро ба пушт хобонанда як ҷуфтанд. Як фарди ин [ҷуфт] аз берун андар миёни ду занд ҷойгир буда, занди барсӯвинро бе ватар мулоқот кунад. Фарди дигарӣ борики дарозрӯя буда, саргаҳаш аз ҷузъи забарини сари бозу, аз он ҷоест, ки зоҳири [бозу] бувад. Қисми бештари он андар соид даромада, нуфуз кунад ва ҳатто ба пайвандгоҳи хурдаи даст наздик ояд. Он ба ҷузъи дарунии як сари занди забарин наздик шуда, бо ватари пардагие ба он пайваст бигардад.
Мушакҳои [соидро] ба рӯй хобонанда як ҷуфти аз берун ҷой гирифтаанд. Як фарди он аз бахши барсӯвини ҷониби

дарунии сари бозу шурӯъ шуда, ба сӯи занди забарин, на ба пайвандгоҳи хурдаи даст, омада пайваст бигардад. [Фарди] дигари он аз [якумӣ] кӯтоҳтар буда, лифи он моил ба паҳноӣ аст ва аз асабнокии як тарафи он бештар бошад. Ин аз худи занди зерин оғоз ёфта, андар назди пайвандгоҳи хурдаи даст ба охири [занди] барсӯвин бипайвандад.
Фасли ҳаждаҳум андар ташреҳи мушакҳои хурдаи дастро ҳаракатдиҳанда

Баъзеи мушакҳои бандкушоии хурдаи дастро ҳаракатдиҳанда таҳкунанда, баъзеи онҳо бозкунанда, баъзеяшон бар рӯй ва баъзеяшон бар пушт хобонанда бошанд.
Аз ҷумлаи мушакҳои бозкунанда як мушакест, ки он ба дигар [мушак] пайваста, ҳар ду чун як мушак гаштаанд, вале саргаҳи ин мушак аз миёнҷои занди фурӯсӯвин буда, ватари он ба нарангушт омада бипайвандад ва ин [ангушт] бо ёрии он аз ангушти шаҳодат дур бигардад. Саргаҳи мушаки дигарӣ бошад, аз занди забарин оғоз ёфта, ватари он ба устухони якуми хурдаи даст, яъне [ба устухони] андар баробари нарангушт ҷойгиршуда бипайвандад. Ҳар гоҳ ин ду [мушак] якҷоя ба ҳаракат оянд, хурдаи даст бо каме бар рӯй шудан боз бигардад, агар дуввумӣ танҳо ҳаракат кунад, хурдаи дастро ба сӯи пушт бигардонад ва агар якумӣ ба танҳоӣ ҳаракат кунад, нарангуштро аз ангушти шаҳодат дур бисозад. Як мушакест, ки ба рӯи занди забарин аз сӯи берун хобидааст. Саргаҳи ин [мушак] бахши фурӯсӯвини сари бозуст ва он як ватари дусараеро фиристодааст, ки ба миёнҷои пушти панҷа аз пеши (48) ангуштҳои миёнгин ва ишорат пайваст бувад. Сари ватари он бар занди забарин аз наздики хурдаи даст такя зада, хурдаро баробари бар рӯй сохтан боз кунад.
Аз мушакҳои таҳкунанда як ҷуфт бар ҷониби берунии соид ҷойгир аст. Фурӯсӯвини ин ду аз сари дарунии сари бозу оғоз ёфта, ба пушти панҷа ба пеши ангушти хурд расида, поён ёбад. Барсӯвини ин ду аз забари он шурӯъ шуда, то ба ҳамон ҷой омада бирасад. [34] Як мушаки [дигаре] ҳамроҳи он буда, аз бахшҳои фурӯсӯвини бозу оғоз ёбад ва аз миёнҷои мавзеи ду [мушаки] мазкур бигузарад. Вай ду тараф дорад, ки ба таври чалепо якдигарро бурида, андар ҷойгоҳе бо ҳам бипайванданд, ки миёни ангушти шаҳодат ва ангушти миёнгин бувад. Ин ду [мушак] ҳар гоҳ бо ҳам ба ҳаракат оянд, [хурдаи дастро] таҳ кунанд.
Ҳамин мушакҳои таҳкунандаю бозкунанда дар айни ҳол бар рӯй кардан ва ба пушт хобонданро низ иҷро кунанд, вале ба шарте ки аз миёни онҳо ду мушаки ба таври вуреб ба якдигар муқобил истода ҳаракат кунанд. Балки мушаки ба назди ангушти хурд ба пушти панҷа пайваста агар ба танҳоӣ ҳаракат кунад, кафро рӯ бигардонад. Агар мушаки ба наздики нарангушт ба хурдаи даст пайваст ба танҳоӣ ҳаракат кунад, [кафро] каме бар рӯй созад ва ё агар ҳамроҳи мушаки ангушти хурд, ки мо онро зикр хоҳем кард, ҳаракат кунад, [кафро] пурра бар рӯй хоҳад кард.
Фасли нуздаҳум андар ташреҳи мушакҳое, ки ангуштони дастро ҳаракат диҳанд

Як қисм аз мушакҳое, ки ангуштонро ҳаракат диҳанд, андар каф ва як қисми дигари он андар соид ҷойгиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ