Қонуни тиб

Фасли понздаҳум
андар ташреҳи мушакҳои сина
Бахше аз мушакҳои синаро ба ҳаракатоваранда онҳоеанд, ки синаро танҳо фарох кунанд, на фишурда. Аз ҷумлаи инҳо: ҳиҷобест, ки ҳамчун девор андар миёни андомҳои нафасгирӣ ва андомҳои ғизогирӣ ҷой дорад ва онро баъд тавсиф хоҳем кард; як ҷуфтест, ки андар зери охурак ҷойгир буда, саргаҳи он аз ҷузъест, ки ба тарафи сари шона тӯл кашидааст ва инро мо баъд тавсиф хоҳем кард. Ин [ҷуфт] ба тарафи рост ва чапи паҳлуи якум пайваст буда, онро бикашад; як ҷуфти [дигарест], ки ҳар як фарди он дучандӣ буда, дорои ду бахшанд. Бахши забарини онҳо ба гардан пайваст буда, онро ҳаракат диҳад ва бахши фурӯсӯвини онҳо синаро ба ҳаракат оварад. Ба ин [ҷуфт] як мушаке омехта гардидааст, ки мо онро баъд зикр кунем ва он ба паҳлуҳои панҷуму шашум пайваст бувад. Як ҷуфт [мушакест], ки андар ҷойгоҳи фурӯрафтаи шона пинҳон буда, ба он як ҷуфт мушаке пайваст шудааст, ки аз муҳраи якумӣ ба сӯи шона фурояд ва ҳар ду ҷуфт чун мушаки ягона гашта, ба паҳлуҳои пушт рафта бирасанд; ҷуфти севвумест, ки аз муҳраи ҳафтуми муҳраҳои гардан ва муҳраҳои якуму дуввуми сина сар шуда, ба паҳлуҳои сари сина омада бирасад. Ин буд мушакҳои фарохкунандаи [сина].
Мушакҳои синаро фишордиҳанда бошанд, бархе онест, ки ба араз фишурда созад ва он ҳиҷоб андар ҳоли оромист.
Бархе дигар мушакҳоеанд, ки ба зот фишурда намоянд.
Аз ҷумлаи ин [қисм] як ҷуфт мушакест, ки андар зери бунҳои паҳлуҳои барсӯвин кашидашуда аст ва кораш фишурдану ҷамъ намудан бувад. [Низ] аз ин ҷумла як ҷуфт мушак ба наздики сарҳои паҳлуҳо буда, ба сари сина, ба мавзеи миёни устухони ханҷарӣ ва охурак омада бичаспад ва аз ҷумлаи мушакҳои шикам ба мушакҳои ростраванда пайваст бувад. Боз ду ҷуфти дигаранд, ки ин [ҷуфти мазкурро] ёрӣ диҳанд.
(46) Мушакҳое, ки синаро ҳам бифишоранд ва ҳам фарох кунанд, мушакҳоеанд, ки андар миёни паҳлуҳо ҷойгир буванд, лекин андешаи борик воҷиб медорад, ки мушакҳои фишордиҳанда бояд ғайри фарохкунанда бошанд, зеро андар миёни ду паҳлу ба ҳақиқат чаҳор мушак ҷой доранд, ҳарчанд онҳо як мушак пиндошта шудаанд. Ин мушаки ягона пиндошташуда аз лифи вуребе бофта шудааст, ки як бахш аз он остари [паҳлу] ва як бахши дигар абраи [он] гардидаанд. Як қисм аз бахши абраии он андар тарафи куркуракии паҳлу ҷой дошта, қисми дигари он андар тарафи дигари қавии [паҳлу] ҷойгир аст. Бахши остарӣ ҳамааш аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ баръакси бахши абраист. Ҳамаи он қисме, ки андар тарафи куркуракии паҳлуст, аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ мухолиф ба он қисмест, ки андар тарафи дигари [паҳлу] ҷой дорад. Модом ки шумораи ҳайъатҳои лиф чаҳор аст, пас, беҳтар он аст, ки шумораи мушакҳо чаҳор бошад. Он қисми ин мушакҳо, ки андар забар ҷойгиранд, фарохкунанда буванд ва он қисм, ки андар зер ҷой доранд, қабзкунандаанд. Бинобар ин, маҷмӯи мушакҳои сина ба 88 бирасад.
Мушакҳои синаро ду мушаки [дигаре] ёрӣ расонанд, ки аз сӯи охурак ба тарафи сари шона оянд. Ҳар кадоми онҳо ба паҳлуи якум пайваст гашта, онро ба фароз бардорад ва [бо ҳамин] ба фарох шудани сина ёрӣ диҳад.
Фасли шонздаҳум
андар ташреҳи мушакҳои
бозуро ҳаракатдиҳанда
Аз мушакҳои бозу, ки пайвандгоҳи шонаро ҳаракат диҳанд, се мушак аз сӯи сина омада, бозуро ба поин бикашанд.
Аз ҷумла як мушак аз зери пистон сар шуда, ба қисми пеши бозу ба тарафи пеши шерозаи мағокӣ омада, пайваст гардад. Ин мушакест, ки бозуро баробари аз паси он фуромадани шона ба сина наздик орад.
Саргаҳи мушаки [дигаре] аз қисми барсӯвини сари сина аст ва тарафи дарунии сари бозуро бипӯшонад. Ин [мушак бозуро] каме бардошта, ба сина наздик созад.
[Дигар] як мушаки дучандии бузургест, ки саргаҳи он тамоми сари сина буда, [аз он ҷо ба] қисми фурӯсӯвини пешгоҳи бозу омада бипайвандад. Он ҳар гоҳ бо лифе, ки аз рахнаи барсӯвинаш аст, ба кор дарояд, бозуро бардошта, ба сӯи сина бибарад, ё ҳар гоҳ бо қисми дигари [лиф] амал кунад, низ бозуро паст фуроварда, ба сӯи сина бибарад ва ё агар бо ҳар ду амал кунад, бозуро рост ба сӯи сина хоҳад бурд.
Ду мушаки [дигар] аз ноҳияи тиҳигоҳ оянд ва дарунтар аз пайвандгоҳи мушаки бузурги аз сари сина бароянда пайваст бигарданд. [33] Яке аз ин ду мушаки бузургест, ки аз назди тиҳигоҳ, аз паҳлуҳои пушт бармеояд ва бозуро рост ба сӯи паҳлуҳои пушт бикашад. Мушаки дуввумӣ борик буда, аз пӯсти тиҳигоҳ, на аз устухони он, ояд ва назар ба [якумӣ] ба миёнҷо бештар гароида, ба ватари [мушаки] аз ноҳияи пистон бароянда бипайвандад ва [андар он ҷой] фурӯ биравад. Ин мушак [ҳам] ба тариқи ёрӣ додан кори мушаки якумиро анҷом диҳад, вале ин каме ба пас майл диҳад.
Панҷ мушаки [дигарест], ки саргаҳи онҳо устухони шона бошад. Аз ҷумла як мушак аз устухони шона баромада, мобайни девора ва паҳлуи барсӯвини шонаро ишғол кунад ва бо каме моилӣ ба сӯи дарунӣ ба ҷузъи барсӯвини сари берунии бозу гузарад. Вай ба тарафи дарун майл карда истода, [бозуро аз сина] дур созад. Саргаҳи ду мушак аз ин панҷ мушак паҳлуи барсӯвини шона буда, якеи онҳо бузург аст ва лифи он ба сӯи ҷузъҳои фурӯсӯвини ҳиҷоби ҳоҷиз равона шуда, мобайни девора ва паҳлуи фурӯсӯвинро ишғол кунад. Ин мушак ба сари бозу аз ҷониби тамоман берун пайваст гаштааст ва бозуро ба тарафи берунӣ майл дода, [аз сина] дур созад. Мушаки дуввумӣ ба якумӣ муттасил буда, чун як ҷузъи он гардидааст ва ҳамроҳи он нуфуз карда, кори онро бикунад. Лекин ин ҷузъ ба бахши барсӯвини шона бештар тааллуқ нагирад ва пайвастанаш ба рӯи бозу ба вуреб буда, онро ба ҷониби берунӣ майл диҳад. Мушаки чаҳорум мушакест, ки маҳалли фурӯрафтаи устухони шонаро ишғол кунад. Ватари он ба ҷузъҳои дохилии ҷониби дарунии сари устухони бозу пайваст буда, кораш давр занондани бозу ба сӯи пас бошад. Як мушаки дигарест, ки саргаҳи он аз тарафи фурӯсӯвини паҳлуи фурӯсӯвини шона буда, ватари он бар забари пайвандгоҳи мушаки бузурги аз тиҳигоҳ бароянда пайваст гардад ва кораш бахши барсӯвини сари бозуро ба сӯи забар кашидан аст.
Бозуро як мушаки дигарест, ки дусара буда, ду амалро иҷро кунад ва як амали он муштарак бошад. Ин [мушак] аз бахши фурӯсӯвини чанбари гардан ва аз гардан баромада, (47) сари бозуро фаро бигирад ва ба ҷойгаҳи пайвастани ватари мушаки бузурги аз сина бароянда наздик ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё