Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳиҷомат кардани мағокии [паси сар] ва гузоштани девча бар пешонӣ низ қариб ба ҳамин андоза суд дорад. Агар он чи ки кунанд, суд набахшад, бояд аз гӯшаи дарунии чашм ва аз рагҳои пешонӣ хун бигиранд, вале ба ҳар ҳол ҳиҷомати мағокии сар расо судманд аст.
Агар иллат дер бикашад, шиёфе бояд ба кор бибарӣ, ки андар таркиби он миси сӯхта ва зоги сӯхта бидароянд. Гоҳе мумкин аст кашидани як худи сабр ба чашм кифоят кунад. Ҳар гоҳ омоси чашм дер давом кунад ва ягон чиз онро суд набахшад, бидон, ки андар табақаҳои чашм моддаи бекорае мавҷуд аст ва ғизои бад-онҳо расидаро табаҳ ҳамесозд. Бинобар ин, ба истеъмоли, масалан, тӯтиёи шуста пардохта, онро омехта бо доруҳои нармкунандае аз қабили сафеда, иқлимиёи шустаи зар, нашоста ва каме самғ ба кор бибар. Гоҳе барои бастани назла ночор ба доғ ниҳодани нармаи сар эҳтиёҷ биафтад, чунки мумкин аст давом кардани [беморӣ] ба сабаби давом кардани назла бувад. Агар саргаҳи [омос] аз пардаи андарунии [сар] бошад, муолаҷаи он душвор бувад, вале [андар илоҷи он асосан] бар истифроғҳои қавӣ ва ба кор бурдани он зимодҳое такя кунанд, ки қавигардонандаи сар буда, андар ин бобат маъруфанд. Мисоли ин зимодест, ки аз сунбул, гул, ақоқиё ва бо оби кашнизи тар ва [ё аз худи] кашнизи чи тар ва чи хушк бо андаке аз заъфарон бисозанд ва онро бар маҳалли [лозима] як ё ду соат биниҳанд ва сипас бигиранд.
Гоҳе андар ин ҳол чизҳои моддаи тезро часпаку муътадил гардонанда ба кор бибаранд. Намудҳои шир аз ин ҷумла аст, вале андар чашм чаконидаи онро [60] дер нагузоранд, ки биистад, балки бояд ҳар сари чанд вақт онро берун оварда, навашро бирезанд. Яке аз инҳо сафедии хояи мурғ аст, вале инро ҳар гоҳе нав кардан лозим намеояд, балки агар як соат ҳам нигоҳ доранд, зиён надорад. Ҳар чанд ки шир зудояндатар аст, вале [сафедии хоя] сутудатар аз он бувад. Сафедии хоя ба изофаи нармию ҳамворӣ овардан чунин хосият дорад, ки часпакии зиёд намеоварад ва масомҳоро намебандад. Ҷӯшонидаи шанбалит баробари таҳлилу пухтагӣ бахшидан суфтагӣ оварад ва дардро фурӯ нишонад. Равғани гул низ аз ҳамин қабил бувад.
Умуман, доруе, ки андар чашм, хусусан ҳангоми омоси он, ба кор бибаранд, бояд на дурушт бошад ва на дорои ягон кайфияти таъмие аз қабили талхӣ, ё турушӣ ва ё тезӣ. [Дору] бояд нек совида шавад, то дуруштияш биравад. Ҳар қадар ки битавонӣ, доруҳои гармифизои бемазаро ба кор бибар, зеро онҳо хубанд. Гоҳе ба ҳангоми [омоси чашм] доруҳои андар бинӣ кашидании ҷӯшонида, чизҳои ба равиши онҳо буда ва он чизҳоеро ба кор баранд, ки бархе аз моддаҳоро аз бинӣ берун оранд. Ин корро ҳангоме кунанд, ки бими ба сӯи чашм кашида шудани моддаи дигаре андар миён набошад. Гоҳе ҳангоми ин [беморӣ] доруҳои ғарғарашаванда ба кор бибаранд. Яке аз муолаҷаҳои судбахш бо обҳои нимгарм аз тариқи исфанҷ ва ё пашмина [ба кор бурдан] гармибандӣ кардан аст. Шояд як ё ду бор ба кор бурдани ин васила суди азим оварад. Гоҳе мумкин аст ба ҳасби қавӣ ва ё суст будани омоси чашм эҳтиёҷ ба бисёр такрор

кардани он биафтад. Агар обе, ки бо он гармибандӣ кунанд, ҷӯшонидаи шоҳафсар ва шанбалит бошад, ба андозаи расо суд бахшад.
Гоҳе бар пешонӣ, хусусан ҳангоме ки роҳи рехтани модда аз сӯи пардаи берунаи [сар] бошад, доруҳои пасгардонандаи [моддаро] биниҳанд. Мисоли ин гуна пасгардонандаҳо хусусан пӯсти харбуза, шиёфи момисо, ё масалан, филзаҳра, сабр, тухми гул, заъфарон ва анзарут, аз обҳо, масалан, оби рӯбоҳразак, оби садпайванд ва инчунин авсаҷ, писти ҷав, рӯбоҳразак ва биҳӣ буванд. Агар фазла сахт тезу тунук бошад, доруҳои олудании сахт гирандае аз қабили мозу, гулнор ва хори хасакро ба кор бибар. Гузаргоҳҳои назлаҳоро бо инҳо зимод кардан таъсири бузурге дорад. Инҳоро ҳангоме ба кор баранд, ки модда гарм бошад, вале агар модда сард бошад, бо доруҳое [илоҷ кунанд], ки хушконандаи қабзкунанда буда, ба изофаи гармӣ овардан андомро қавӣ созанд. Мисоли ин симоб, гӯгирд ва бура молидан аст. Бояд чашмро аз рими хушк аз тариқи шир ва ё сафедии хоя чаконидану шустани он пайваста пок кард. Агар даст расонидан ба чашм лозим ояд, бояд ин кор ба нармӣ карда шавад. Агар омоси чашм шиддатнок бошад, бояд раг зад ва хунро гузошт, то бими беҳушӣ ба миён омадан биравад. Зеро ба ҳақиқат рехтани хуни зиёд зуд шифо бахшад. Бояд ҳар қадар, ки мумкин бошад, ба кор бурдани шиёфҳо то се рӯз ба таъхир гузошта шавад ва [андар ин миён] бояд бар тадбирҳое иктифо кард, ки аз қабили истифроғҳо ва кашидани моддаҳо ба [дигар] сӯй ёд шуданд ва пайваста он чиро, ки оид ба ҳолатҳо ва ҷойҳо ёд кардем, риоя намуд. (117) Баъд аз ин агар чизе ба кор бурда шавад, боке надорад. Бисёр бошад, ки омоси чашм бо ёрии ин тадбирҳо аз ғайри [ба кор бурдани] илоҷи дигаре беҳ шавад.
Аммо нарм сохтани табиат амрест, ки аз он чора нест, балки баъди раг задан аз исҳоли хилте чора нест, ки бар хун ғолиб омадааст. Пеш аз поксозӣ на гармибандӣ суд дорад ва на гармоба кардан ва гоҳе ин корҳо мумкин аст боиси кашидани моддаи зиёде бигардад, ки табақаҳои чашмро зиён оваранд. Ба ҳангоми оғози [беморӣ] доруҳои сахт фишурдакунанда ва доруҳои ниҳоят қабзкунанда набояд ба кор бурд, аз баҳри он ки табақаро фишурда, таҳлилро боз доранд ва хусусан агар дард қавӣ бошад, онро боз ҳам қавитар бигардонанд. Доруҳои камтар гиранда низ андар оғози [беморӣ] аз барои боз доштани модда кифоят нест, бо фишурда сохтани табақаи берунӣ зиён оваранд ва андар он моддаро ҷамъ ва банд бисозанд.
Ҳар гоҳ агар чизе аз ин ҳолатҳо иттифоқ афтад, онро ҳамеша аз тариқи гармибандӣ кардан бо оби гарм чора бикун. Бар истеъмоли шиёфи сафеде, ки андар оби шоҳафсар гудохта бошанд, иктифо кардан савоб аст, аз баҳри он ки қавитари он ба изофаи пурии сар мумкин аст зиён ҳам бирасонад. Аммо доруҳои ҳалкунанда бошанд, андар ибтидои омоси чашм аз онҳо сахт бояд дурӣ ҷуст.
Гоҳе мумкин аст баъд аз ба кор бурдани доруҳои гиранда, хусусан агар бо онҳо доруҳои карахткунанда омехта бошанд, эҳтиёҷ ба чаконидани оби шакар ва оби ангубин андар чашм ба миён ояд. Агар аз ин кор иллат ба шӯр ояд, бо доруҳои сардифизое чораи онро бибин, ки фишурдакунанда набошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ