Қонуни тиб

Чунонки мо андар баёни ташаннуҷ гуфтем, [кузоз ҳам] гоҳе ба иллати ҳайъати ғайритабиии душворе биафтад, ки мушакҳоро ориз шуда бошад ва бар асари он қувваҳои онҳо бикоҳанд ва ё онҳо дардманд гардида, бардошти ҳаракат накунанд ва бар ҳамон намуд боқӣ бимонанд. Ин, масалан, чунин бошад, ки як кас худро бо банд бикашад, ё чизи гаронеро бардорад, ё бори гаронеро бар дӯш бардорад, ё бар замин бихобад ва замин мушакҳояшро ранҷ дода, афсурда созад, ё ӯро афтидан ва ё кӯфтагие рӯй диҳад, ки мушакҳо аз он пора шаванд, ё буридагӣ ва ё оташсӯхтагие ба амал ояд, ки ба сабаби он [мушакҳо] дардманд гардида, худро андарҳам кашидан натавонанд. Гоҳе ба изофаи ин моддае ҷой дошта бошад, ки ба сӯи мушакҳо бирезад ва ё боди ситабре бошад, ки андар [мушакҳо] зода шуда бошад ва ё [аз дигар ҷой] ба сӯи онҳо омада, онҳоро азҳамкашида дорад.
Чунонки ташаннуҷи хосси андомҳои рӯй бад аст, тамаддуд ҳам агар танҳо ба як худи пилкҳо, ё забон ва ё лаб бирасад, низ чунин бошад. Гоҳе як навъи кузози бади хушке биафтад, ки пеш аз он табҳои доимӣ якҷоя бо [зуҳури] бетоқатӣ, гиря ва ҳазён гуфтан ба амал омада бошанд ва бад-ин сабаб ранг зард, даҳону лабон хушк, забон сиёҳ, табиат баста ва пӯст дурушту азҳамкашида бигарданд. Ин гуна [кузоз] бад бувад.
Ҳар кузозе, ки аз кӯфтагӣ ба амал омада бошад, ҳамроҳи он ҳукак, печиши ноф, парешонақлию рафтани ҳуш ориз бигарданд, ин [кузоз] марговар аст. Ҳангоми он мушакҳо бихушканд, рутубатҳо ба ҷӯш омада, [мушакҳоро] ба дарозо азҳам бикашанд ва сипас ин ҳолати [мушакҳо] ба сабаби хушкии пурраи нигоҳдорандаи ҳайъатҳо боқӣ бимонад.
Кузоз бисёр бошад, ки кӯдаконро рӯй диҳад ва эшон ҳар андоза хурдтар бошанд, ин [беморӣ] барояшон осонтар ва ба тавре бигузарад, ки андар ташаннуҷ ёд карда шуд.
Гоҳо пеш аз кузоз бадан ба паридан дарояд ва гарон бигардад, сухан гуфтан душвор шавад, андар мушакҳои ноҳияи сутунмуҳра то думғоза сахтӣ биафтад, [оби даҳон] фурӯ бурдан душвор бошад ва хорише ба амал ояд, ки аз хоридан лаззат наёбанд. Ҳар гоҳ андар пешоб риму зардоб, [андар пӯст] фарошо, андар дида тирагӣ ва андар сару гардан арақ падид оянд, ин далолат бар тамаддуде кунад, ки андар ду бар ба амал хоҳад омад, чунки ин гуна модда андар он ҷой бисёр ба амал ояд ва аз сӯи зер ба тамомӣ берун шуда, пок нагардад, балки бархе аз он андар ин ҳангом ба барсӯ баромада, рӯ ба мағз ниҳад, онро ранҷур сохта, танро ба кузоз гирифтор кунад.
Ҳар гоҳ кузози ҳамагонӣ оғоз ёбад, даҳон пӯшида шавад, рӯй сурх бигардад, дард шиддат ёбад, [бемор] чунин бигардад, ки чизи андар даҳон рехтаро фурӯ бурдан натавонад, мижа баҳамзанӣ биафзояд ва чашмон ашк оваранд. [Мо андар зане чунин мушоҳада кардем, ки ҳангоми оғоз ёфтани кузоз даҳонаш баста шуд, рангаш зард гашт, дандонҳояш ба ҳам кӯфтан гирифтанд ва баъд аз муддати дарозе рангаш кабуд шуд. Ӯ чунон шуд, ки даҳонашро кушодан наметавонист ва муддати дарозе дароз кашида ва ба пушт хобида бимонд ва паҳлу гаштан
наметавонист. Сипас, баъди он кузоз аз ӯ кушода гардид ва ӯ бар паҳлу мегаштагӣ шуд, ба сухан даромад ва то рӯзи дигар хобаш бурд. Ин буд он чи ки мо аз ҳоли ӯ мушоҳада кардем ва ҳар бореву ҳар гоҳе мо ӯро муолаҷа намудем].135 Фарқ миёни ташаннуҷ ва тамаддуд [53] ба оғоз ин аст, ки ташаннуҷ андар мушак бо ҳаракат, вале тамаддуд андар мушак бо оромӣ оғоз ёбад.
Гоҳе тамаддуд ба тариқи гузариш аз хуноқҳо, барсом ва сарсом ба тавре падид ояд, ки андар ташаннуҷ чунин буд. [Тамаддуд] андар шаҳрҳои ҷанубӣ ба сабаби пурӣ, ҳаракати хилтҳо ва хусусан андар мардумони балғамимизоҷи [он ҷойҳо] бисёр рӯй диҳад. Вай гоҳе андар шаҳрҳои шимолӣ ва хусусан андар занҳои он ҷойҳо, ки асабҳои нотавон доранд, ба сабаби банд гардидани фазлаҳо мумкин аст ба амал ояд.
Нишонаҳо: Нишонаи мутлақи тамаддуд ин аст, ки андом баҳам кашида нагардад. Нишонаи кузоз ин аст, ки агар ба сӯи пеш бошад, рӯю чашми одам ба рӯю чашми худованди хуноқ монад. Гоҳе ба сабаби азҳам кашида шудани мушакҳои рӯй чунин бинамояд, ки гӯӣ ҳамехандад. Сараш ба сӯи пеш кашида шуда, гардан рост бимонад ва ба атроф нигоҳ кардан натавонад. Гоҳе чунин беморон ба иллати ёзидагии мушакҳои шикам ва нотавонии [қувваи] ронанда пешоб кардан натавонанд. Гоҳе эшон нохост пешоб кунанд, аз баҳри он ки мушаки обгаҳ ёзида бошад ва кашида нашавад. Гоҳе ба сабаби аз шиддати фишор кафидани рагҳо хун пешоб карда шавад. Гоҳе чунин [беморро] ҳукак ориз бигардад.
Агар кузоз ба сӯи (103) пас бувад, сар, ду китф ва мушакҳоро ба сӯи пас кашида дарёбӣ ва ин ба сабаби аз тариқи анбозӣ ба сӯи пас кашида шудани мушакҳои шикам ориз гардад. [Инчунин] мушаки мақъад рост шавад ва [бемор] на чизи андар рӯдаи рост бударо нигоҳ доштан битавонад ва на чизи андар рӯдаҳои борик бударо фуровардан.
Ҳар ду [намуди кузоз] андар ихтиноқ, бехобӣ, сӯзиш, бахши обии пешоб, ба иллати бод бисёр дамиш овардан ва аз тахти хоб афтидани [бемор] ба ҳам анбозанд.
Аммо нишонаи [кузозҳои] тар, хушк, омосӣ ва аз ранҷ падидоянда ба қиёси он чизест, ки андар баёни ташаннуҷ гуфта омад. Аксар вақт агар иллат сард бошад, чунин [беморон] ба қулинҷ гирифтор шаванд.
Илоҷ: Илоҷи [кузоз] айнан мисли илоҷи ташаннуҷ аст, вале андар ин ҳолат беш аз ҳангоми ташаннуҷ бар андомҳо миҳҷама гузоранд ва ин корро барои он кунанд, ки то гармӣ боз ояд. Бояд [миҳҷама] бо буриш ва хусусан бар гардан, муҳраҳои пушт ва сарҳои паҳлуҳо гузошта шавад. Яке аз шартҳое, ки бояд ҳангоми кузоз риоя шаванд, ин аст, ки ҳар гоҳ тани [бемор] аз шиддати сӯзиш ва ё аз муолаҷа арақ кушояд, онро сард шудан нагузоранд, зеро ин боиси ранҷ хоҳад шуд, балки онро бо пашминаи тар хушк кунанд. Гоҳе [беморро] андар равғани зайтуни гармкарда нишонанд, зеро он ҳалкунандаи қавист. Ба [бемор] ба ҳасби қувват метавон то як дирам говшир ва низ ангужад дод.
Зуд ба муолаҷаи кузоз пардохтан муҳимтар аз [муолаҷаи] ташаннуҷ аст, аз баҳри он ки кузоз ранҷовар, дамгиркунанда ва қотил аст.
Яке аз чизҳое, ки онро андар илоҷи кузозу ташаннуҷ сахт судманд хондаанд, ин аст, ки шибити пухтаро ба ҷӯш оварда, андар он бачаи кафтор, ё сагбача ва ё бачаи рӯбоҳро афканда, то сахт нарм шудан биҷӯшонанд ва баъд беморро андар он ду бор ғӯта диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор