Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз ҳамин қабил ташаннуҷи касест, ки хилти зангорӣ қай кунад ва [ин хилт] даҳони меъдаро бисӯзонад. Ташаннуҷе, ки ба сабаби қавӣ будани ҳисси даҳони меъда ба ҳангоми ронда шудани заҳра ба сӯи он падид ояд, ташаннуҷе, ки ба анбозии мағз андар бемориҳои заҳдон, обгаҳ ва ғайра ба амал ояд, ташаннуҷе, ки аз асабро газидани каждум, ғунда ва мор, ё аз буридагии бар асаб расида ва ё аз хӯра падид ояд ва ташаннуҷе, ки ба сабаби бемории меъда, заҳдон ва андомҳои асабӣ ориз гардад, [ҳама аз ҳамин қабил буванд]. Ба ҳаминҳо наздик ташаннуҷест, ки ба сабаби кирми шикам ориз бигардад.
Аз ҷумлаи ташаннуҷи бад он ташаннуҷе бувад, ки хосси лабу пилк ва забон аст ва пайдост, кн сабаби он аз худи мағз бувад.
Тан ҳангоми ташаннуҷи худ агар ба сӯи пеш хам шавад, пас, ташаннуҷ андар мушакҳои аз сӯи пеш буда ҷой дорад, ё агар ба сӯи пас бигарояд, пас, ташаннуҷ андар мушакҳои пас ҷой дорад ва ё (97) агар ба ҳар ду сӯй майл кунад, пас, иллат андар ҳар ду сӯй буда, мисли ҳолатест, ки ҳангоми фалаҷ ба амал ояд. Гоҳе ташаннуҷ шиддат ёфта, ба ҷое бирасад, ки гарданро битобад ва дандонҳоро ба ҳам бикӯбад.
Ҳар кӣ аз ташаннуҷ бимирад, баъди мурдан танаш гарм бошад. Ин аз он сабаб аст, ки ташаннуҷ аз тариқи гирифтагии нафас бикушад, зеро мушакҳои дамгирӣ ба ташаннуҷ гирифтор шуда, ҳаракатҳояшон бекор бигарданд. Ҳар ташаннуҷе, ки баъди ҷароҳат падид ояд, марговар аст ва он андар бештари ҳолатҳо яке аз нишонаҳои марг бувад.
Нишонаҳо: Набзи касони ба ташаннуҷ гирифтор андар маҳалли [беморӣ] азҳамкашидаи ноҳамвор бошад ва чун тири аз камон парронда фуруд ояду боло барояд.
Ҳаракатҳои тапишҳояш андар тезию сустӣ гуногун бувад. Раг гарми тафсонтар аз дигар андомҳо бошад ва ҷирми раг чун фароҳам омадани он ба ҳангоми табларза на чун фишурдашуда фароҳам ояд ва на мисли он аст, ки ҳангоми ба иллати дарозии беморӣ сахт гардидани раг чунин бошад ва на чун ҳолатест, ки баробари дарди андомҳои андарунӣ падид ояд. Валекин ин чун фароҳамоии ҷузвҳои рӯдаҳоест, ки аз ду сар аз ҳам кашида шаванд.
Мо нишонаҳои дарди ҳангоми ташаннуҷ бударо ба наздикӣ ёд хоҳем кард.
Нишонаи ташаннуҷе, ки аз пурӣ хезад, чунин аст, ки якбора падид ояд ва равғани бар вай молида зуд кашида нашавад, магар ба ҳангоме ки [он андомро] ба наздикӣ гармӣ дучор омада бошад. Аммо ташаннуҷи аз хушкӣ падидомада оҳиста-оҳиста ва баъди бемориҳои истифроғие ба амал ояд, ки аз кадом ҷинсе набошанд, чи истифроғи аз тариқи дору, чи ҳайза ва чи истифроғи худ ба худ баамаломада фарқ надорад.
[Ташаннуҷе], ки аз сабаби газанд падид ояд, онро бо ёрии сабаби берунӣ ва ё ошомиданиҳое аз қабили харбақ, фурбиюн, афюн ва ғайра метавони бидонӣ. Масалан, агар газанд аз меъда бошад ва мағз, сипас асаб бо он анбозӣ кунанд, пеш аз [ташаннуҷ] маниши гаштан, тоса ва фишурдагии меъда ҳис карда хоҳад шуд ва гоҳе ҳангоми ташаннуҷ ҳам инҳо ҳис карда шаванд. Бисёр бошад, ки ин гуна ташаннуҷ баъд аз қаи ганданогун ва ё зангорӣ ба амал ояд. [Ташаннуҷе], ки аз сабаби қавӣ будани ҳисси даҳони меъда падид ояд, низ ҳамчунин бувад. Ҳар боре, ки модда ба [даҳони меъда] бирезад, худованди он ба ташаннуҷ гирифтор гардад, лекин пеш аз он андар даҳони меъда озурдагию сӯзиш ба амал оянд.
Ҳар гоҳ бемориҳои заҳдон, обгаҳ ва дигар андомҳо шиддат ёбанд, мумкин аст чунин ташаннуҷ падид ояд ва андар ин ҳол пеш аз ташаннуҷ сӯзишу дарди сахт ва осеби ошкоро андар он андом ориз бигарданд. Аммо ба ҳангоми дигар намудҳои ташаннуҷ ё дард ба амал наояд ва ё дард аз ташаннуҷ падид ояд, на ташаннуҷ аз дард.
Ташаннуҷи аз омос падидомада бо он [нишонаҳое] шинохта шавад, ки мо ёд кардем.
Яке аз далелҳои бар пайдоиши ташаннуҷ гувоҳидиҳанда нахуст хурду ноҳамвор гардидани набз ва сипас гузаштан ба ҳолатҳоест, ки гуфта шуданд. Бисёр бошад, ки [баробари он] рӯй сурх бигардад, андар чашмон аҳвалию ба як сӯ каҷ шудан падид ояд ва нафасгирӣ ба таври буридаю шикаста бувад. Гоҳе хандаи беасосе ояд ва табиат баста гардида, бихушкад. Пешоб аксар вақт баста ва бисёр вақт баста набошад, ба ранги бахши обии хун берун ояд ва дорои ҳубобчаҳо бигардад. Чунин [беморонро] ҳукак, бехобӣ, сардард, раъша ва андар зери пайвандгоҳи гардан, миёни ду китф ва ба наздики пайвандгоҳи камар, думғоза ва фурӯтар аз он дард падид ояд.
Каҷии чашмон, сурхии гӯшаҳои он, аҳвалӣ, ба ҳам кӯфтани дандонҳо, сиёҳии онҳо, кашидагии пӯсти сар, нахуст сурх ва сипас ба сабаби ба сӯи сар баромадани модда сафед гардидани пешоб ва дил задани гижгоҳиҳову рагҳои сар бар ташаннуҷе гувоҳӣ диҳанд, ки ба сабаби таб биафтад ва ҳангоми табҳо аз падид омадани [ташаннуҷ] огоҳӣ диҳанд. Гоҳе шикам бихушкад ва ё фишурда шавад. Буқрот гуфтааст, ки падид омадани таб баъд аз ташаннуҷ беҳтар аз он аст, ки ташануҷ баъд аз таб падид ояд. Маънои ин [гуфта] чунин аст, ки агар [таб] аз болои ташаннуҷи тар ба амал ояд, онро бикушояд ва аммо ташаннуҷи аз таб падидомада ташаннуҷи хушк буда, кам тасодуф биафтад, ки муолаҷапазир бошад. Пеш аз ин хоби ба тарс дидан, ба сурхӣ, кабудӣ ва тирагӣ гароидани ранг ва баста гардидани табиат ориз бигарданд.
Пешоби римӣ ба ҳангоми таб, падид омадани фарошое, ки агар ҳамроҳи ин сар арақ кунад ва торикии чашмон гувоҳӣ аз ташаннуҷе диҳанд, ки сабабгори он реши ғарбелаки андомҳои андарунӣ бувад. Агар ташаннуҷ ҳамроҳи таб бошад ва қуввату дарозии муддати он таб на ба андозае бошад, ки рутубатҳоро бисӯзонанд ва ё парешон кунанд, пас, ин аз ҷинси ташаннуҷе бошад, ки ӯро хушкӣ на ба тамомӣ бувад.
Яке аз нишонаҳои бади ташаннуҷи тар ин аст, ки хусусан (98) агар баробари он шикам дамиш оварда бошад ва хусусан агар ин андар оғози беморӣ ҷой дошта бошад, андар андомҳо боди зиёд ба амал ояд. Пешоби гарм ҳангоми ташаннуҷ ва азҳамкашидагӣ бад аст ва гувоҳӣ аз он диҳад, ки сабабгор гармии сода аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ