Қонуни тиб

Гоҳе агар мизоҷи мағз ва сустии он монеъ набошад, барои кашидани модда аз мағз бар паси сар ҳафтае як бор миҳҷама гузоранд.
Гоҳе туро эҳтиёҷ ба такрори рагзанӣ биафтад ва агар чунин кунӣ, воҷиб аст, ки [беморро] як ҳафта дам диҳӣ.
Баъд аз он бо ошомиданиҳо ва ҳуқнаҳои қавие аз қабили қантуриюн, дилаи ханзал, беданҷир ва ғайра бояд исҳол оварӣ. Сипас [беморро] бигузор дам гирад ва баъд аз он бар миёни ду шона, сар, мағокии паси сар ва бар соқ миҳҷама неҳ. Боз [беморро] истироҳат деҳ ва сипас исҳолаш овар. Ҳамин тариқ, то пок шудан пайваста истироҳат додану аз нав муолаҷа карданро давом деҳ. Баъд аз он доруҳои ғарғарашаванда, доруҳои атсаоваранда ва он доруҳоеро ба кор бибар, ки чунонки донистӣ, танҳо сарро пок бикунанд. Агар шалисо, сипас шобонак ва оби марзангӯш андар бинӣ афкананд, судманд бошад.
Навбати [саръро] бояд бо меъдаи пок истиқбол кард.
Агар беморро имконият бошад, ки пеш аз таом ва хусусан бо ёрии моҳии шӯр ва дигар чизҳо қай оварда шавад, ин хеле созгор хоҳад буд. Баъд аз ҳамаи ин [корҳо] бо зимодҳои қавигардонандаи тафсонандае аз қабили хардал ва дигар чизҳои ба ҳамин равиш буда, ки онҳоро медонӣ, мизоҷи мағзро бигардонӣ ва ба [бемор] судоб бибӯён. Бояд бо як бор ба кор бурдани доруҳои гармкунанда ва гардонандаи мизоҷ ба бемор гаронӣ наоварӣ, балки андар ин кор ба тадриҷ амал кун ва агар андар феълҳои бемор зиён ориз шавад, ӯро бигузор дам гирад.
Ба ҳангоми саръе, ки ба сабаби балғам падид омада бошад, беҳтарин доруе, ки бо он истифроғ кунанд, ёраи дилаи ҳанзал ва ёраи Ҳурмус бувад. Агар аз ёраи Ҳурмус рӯзе ним дирамсанг бомдод ва ним дирамсанг бегоҳӣ истеъмол кунанд, барои [беморӣ] суди азим дорад.
Агар ҳамроҳи балғам пурии ҳамагонӣ ҷой дошта бошад, раг задан ба навъе, ки васф кардем, барои [чунин беморон] судманд аст. Бо турбид, ғориқун, устухудус ва хусусан бо ёраи Руфус истифроғ кардан низ [судманд бувад].
Аммо ба ҳангоми саръи савдовӣ бо ёраи ҷӯшонидаи афитимун, харбақ, санги лоҷувард, санги арманӣ, устухудус, баспоя ва ҳалила барин доруҳо исҳол оваранд.
Аз доруҳои чарбкарданӣ мағзи соқи говро120 бо равғани гул бар сутунмуҳра, гижгоҳиҳо ва сина бимоланд.
Ҳангоми саръи сафровӣ бояд ба сардӣ овардану тарифизоӣ, хусусан аз тариқи ба кор бурдани ҳуқнаҳо, диққат дода шавад. Агар сафро сӯхта бошад, [чунин саръ] андар ҳукми саръи савдовист ва ё миёни саръи савдовӣ ва сафровӣ биистад.
Саръе, ки «уммуссибён» ном дорад, чунонки баъзеҳо мепиндоранд, шояд аз қабили саръи сафровӣ бошад. Бинобар он андар илоҷи он [ба кор бурдани] обзан, доруҳои ба бинӣ афкандании сарди тар, дӯшидани шир бар сар ва ба кор бурдани тарифизоии қавӣ аз барои тан бифармоянд. Агар [бемор] ширхора бошад, ба дояи ӯ истеъмоли доруҳое бифармоем, ки ширашро сард бигардонанд ва [низ] бифармоем, ки ӯ андар ҷои сарди сардобӣ сукунат варзад. (86) Чунин ба назар бирасад, ки ин беморӣ ба наздики [пизишкони ёдшуда] ҳамчун «саръи субороӣ» ва ё «мониё» ба ҳисоб мерафтааст, вале ба кор бурдани ин
исм ба наздики пизишкони муҳаққиқ машҳур нест. Ҳар гоҳ агар бархе аз андомҳои каси гирифтори саръро печидагию ташаннуҷ ориз гардад, бо равғану оби нимгарм молиш додан ва сахт фишурдан суд дорад. Аммо агар саръ саръи меъдавӣ бошад, созгортарин дору барои истифроғ дилаи ҳанзал ва устухудус бувад ва инро андар як сол чанд бор ба кор бибаранд. Баъд аз пок сохтани меъда бояд ба қавӣ гардонидани он бипардозанд ва ба [меъда] ҷуз ғизоҳои зудгувори хубкимус чизе нафиристанд ва бояд ба гунае фиристанд, ки андар ҷои лозима мо тавсиф хоҳем кард. Бояд кӯшид, ки гувориши хуб ҳосил гардад.
Бояд меъдаро муддати дарозе тиҳӣ бидоранд ва чун аз ин шӯридагие аз барои гуруснагӣ ба амал ояд, бояд бо чизе чорабинӣ кард, ки андар боби сардард ва ғайри он гуфта омад.
[Саръе], ки бо бархостани ягон чизе аз ягон андом ва ба барсӯ ҳаракат кардани он ба амал ҳамеояд, бояд қариби расидани навбаташ бахши барсӯвини он андомро бибанданд, зеро ин кор мумкин аст пеши навбати [саръро] бигирад. [Инчунин] хилтеро, ки андар он андом аст, ё аз тариқи истифроғкуниҳои маъруф, ба шарте қувваи истифроғ бад-он ҷо расидан битавонад ва ё ҳангоми оромии [беморӣ] аз тариқи реш сохтану римнок кардани [он андом] бо доруҳои решкунандаю римоваранда ба истифроғ оваранд. [Низ он андомро] бо ёрии сӯзонидан бо моддаҳое аз қабили андудани софсиё, фурбиюн ва ғайра [реш кунанд]. Ин доруҳоро аз лавҳҳои Китоби дуввум метавонӣ бидонӣ. Гоҳе воҷиб ояд, ки ин кор то ба дараҷаи истеъмоли коғна, кабикаҷ, саргини боз, балозур ва ғайра бирасад. Агар ба нештар задани андом туро эҳтиёҷ афтад, нештар бизан. Аммо оид ба саръе, ки ба ҳангоми он [модда] аз тамоми тан ба барсӯ барояд, бархе пизишкон гуфтаанд: «Агар андар задани ду шараёни хоб хатаре набошад ва агар нигоҳ доштани хун мумкин бошад, валекин агарчи ин бо сард гардидани мағз, канда шудани рӯҳ ва аз паси он ба амал омадани сакта сурат бигирад ҳам, каси ба саръ гирифторе, ки саръаш ба анбозии тамоми тан ва ба сабаби чизи ба сӯи мағз бароянда падид омадааст, шифои пурра ёбад». Мо бигӯем: Агар ин кор номумкин бошад, буридани яке аз шараёнҳое, ки ба боло ҳамебароянд, чандон хатарнок нест ва аз эҳтимол дур нест, ки ин буридан суди азим бидиҳад. [Ҳамаи он чиро, ки гуфтем, бидон].121 Фасли панҷум андар баёни сакта
Сакта аз ҳиссу ҳаракат бозмондани андомҳое, аз баҳри он ки андар шикамҳои мағз ва андар гузаргоҳҳои рӯҳи ҳассосу ҳаракаткунанда судда биафтад. Агар баробари ин афзорҳои ҳаракату дамгирӣ аз кор монанд ва ё суст
бигарданд, ба осонӣ нафас гирифтан нашавад, балки гузашта аз ин кафк ояд ва [бемор] гоҳ-гоҳе чун каси ба ихтиноқ гирифтор нафас гирад ва хуррок кашидан ба амал
ояд. Ин мушкилтарин [ҳолат] буда, бар нотавонии қуввате далолат кунад, ки ҳаракатдиҳандаи андомҳои нафасгирист. Аз ин ҳам мушкилтар чунин ҳолатест, ки на
нафас зоҳир гардад, на кафк ва на хурроккашӣ. Агар офати нафаскашӣ бузург набошад, ҳар чи ки андар гулӯи бемор бирезанд, аз гулӯяш гузарад ва аз бинӣ наояд ва ҳарчанд ки ин намуди сакта пурумедтар аз намуди дигарист, вале аз хатари бузург холӣ нахоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор