Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гижаи баъд аз карахтие падид омада, ки ёри ягон андом бошад, низ чунин бувад. Гоҳе сардарди оризшуда гижаро ва гоҳе гижаи оризшуда сардардро бигсиланд.
Нишонаҳои навъҳои [гижа]: Гижае, ки аз гирди хеш гардидани инсон ва аз беист нигаристан ба чизҳои гарданда, ё нурпошанда ва ё баланд ба амал ояд ва низ ҳар гижае, ки аз кӯфт хӯрдану афтидан бошад, худ ба худ маълум аст. Аммо гижа агар ба сабаби банд гардидани бухорҳои қадима андар мағз ва ё бухорҳои андар он зодашуда ба амал ояд, доимӣ буда, на ба бемории ягон андоме вобаста аст, на бо пурии шикам ба шӯр ояд ва на бо холӣ будани он ором бигирад. Пеш аз он дарди сар, садову бонг задани гӯш ва гаронии сар ба амал оянд. [Бемор] андар чашм торикии собит ва андар ҳавос ва ҳатто андар чашоию бӯёӣ кӯтоҳӣ дарёбад, андар шараёнҳои бахши пешин тапиши сахт ҳис кунад ва ӯро андар бӯёӣ гаронӣ падид ояд.
Агар хилте, ки андар мағз аст ва ё дигар хилте, ки аз он бухорҳо ба шӯр ҳамеоянд, балғам бошад, гаронӣ, хоби зиёд, ба душворӣ ҳаракат кардан ва он нишонаҳои балғаме ҷой хоҳанд дошт, ки андар «Қонун» ёд шудаанд.
Агар [ин хилт] сафро бошад, бехобӣ, афрӯхтагӣ, ҳисси на чандон гарон ва хаёлҳои зарди заргун дарёфта шаванд. Агар [ин хилт] хун бошад, рагҳо дамида, рӯй, сар ва чашмон сурхи гарм буда, гаронӣ, мондагӣ, хоб ва тапиш ҳис карда шаванд. Агар [беморӣ] аз савдо хезад, як андоза гаронӣ, бехобӣ, ба хаёл овардани мӯй, тунукаҳои сиёҳ ва дуд, андешаҳои бекора ва дигар нишонаҳое вуҷуд дошта бошанд, ки ёд шуданд. Агар сабаби [гижа] аз меъда бошад, ба изофаи бекор гардидани иштиҳо аз сабаби расидани осебе бад-он табаҳ гардидани гувориш, хафақон, суст шудани нафас, нимгардон шудани меъда ва ҳаракати дард ба сӯи бахши пешин ва миёнаи сар ҷой дошта бошанд ва аз эҳтимол дур нест, ки [дард] ба бахши пасини сар бигузарад. Ҳолати дард ба ҳасби пурию тиҳӣ будани шикам гуногун гардида, гоҳе ором шавад ва гоҳе авҷ гирад. Гоҳе пеш аз [гижа] хом мондани ғизо рӯй диҳад113. Инчунин [бемор] андар меъда дард ва гоҳгоҳе дамидагӣ дарёбад. Роҳи анбозии ин [беморӣ] асаб аст ва пеш аз [гижа] ва андар поёни шиддатёбии он андар паси нармаи сар ба наздики растагоҳи ҷуфти шашуми [асабҳо] ва андар ноҳияҳои паси сар дард ҳис карда шавад. Агар [анбозӣ] аз заҳдон бошад, пеш аз он ихтиноқи заҳдон, боз дошта шудани манӣ, ё хуни ҳайз ва ё омосҳо андар [заҳдон] ба амал оянд. Агар аз обгаҳ бошад, низ чунин бувад. Агар саргаҳи [гижа] аз тамоми андомҳо, ё аз сарчашмаи ғизо, яъне ҷигар ва ё аз сарчашмаи рӯҳ, яъне дил бошад, [сабаби он] андар рагҳо ва шараёнҳое нуфуз кунад, ки аз ин ду [андом] растаанд ва ё аз паси гӯш ва ё аз паси сар гузарад. Нишонаи он чунин аст, ки ҳамроҳ бо тапиши сахт, шиддати рагҳое, ки андар гардананд ва набудани дарди қобили мулоҳазае андар гардан, асабҳои он ва дигар асабҳо ҷой дошта бошад. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки шараёнҳои берунӣ ба наздики паси сар кашида шудаанд ва агар набз [аз фишурдан] бо даст, ё бо рагбанди аҷамӣ, ё бо сурб ва ё бо тило кардани (75) доруҳои гирандаи мазкур аз задан боз истад, бидон, ки роҳи гузари [дард] андар онҳост, вале агар [набз аз задан намонад], пас, роҳи гузари [дард] андар дигар [рагҳо] бувад. Онҳоро низ ҳамин гуна бисанҷ ва агар [андар онҳо] дарнаёфтӣ, пас, [андар рагҳои] амиқтар пинҳонбуда бошад.
Он [гижае], ки аз бадмизоҷӣ хезад, гуногун аст ва бо ёрии сабукии мағз ва набудани сабабҳои ёдшуда ва якбора ба амал омадани гармӣ ва ё сардӣ ё аз берун ва ё аз хӯрданиҳои сардиоварандаю гармиоваранда, ки аз паси он гижа ояд, шинохта шавад. Худованди садар ва гижа аз ошомидани шароб чунон суде набинад, ки аз ошомидани об бинад. Бидон, ки садар ва гижа ҳар гоҳ дер бикашанд, пас, иллат сардмизоҷ аст. Нишонаи [гижаи] буҳронӣ худ ба худ маълум бошад.
Илоҷ: Гижае, ки аз гирди хеш гардидани инсон, ё нигаристан ба чизҳои гирдгарданда ва ё аз ҷои баланд ба зер назар кардан бархезад ва агар зуд ором наёбад, бо оромӣ, қарор гирифтан ва хоб муолаҷа карда шавад. [Низ ба бемор] чизҳои гирандаи туруш114 бидиҳанд ва ё андар онҳо нон пора карда, ба бемор бидиҳанд. Гижаеро, ки аз хун ва ё хилтҳои андар тан бандгардида бархезад, бо задани раги қифол ва сипас раги ороме, ки аз паси гӯш аст, муолаҷа кунанд, зеро ин беҳтарин илоҷ барои ҳамаи гунаҳои гижаи моддист. Гоҳе ба ҳангоми гижа ва хусусан гижае, ки сабабаш аз тан бархостани бухорҳост (аз кадом роҳе хеста бошад, фарқ надорад), як доғи пурра биниҳанд. Миҳҷама ниҳодан [39] бар мағокии [паси сар] ва бар сар низ судманд бувад.
Агар ҳамроҳи хун хилтҳои гуногун мавҷуд бошанд ва ё сабаби [гижа] хилтҳо бошад, на хун ва агар ин хилтҳо гарм бошанд, бояд аз тариқи [истеъмоли] ҳабби ёра ва ё оби таркардаи сабр ва ё агар хилтҳо ҳархела бошанд, [аз тариқи истеъмоли] ҷӯшонидаи ҳалила, ё ҷӯшонидаи афитимун ва ҳабби устумахиқун ба истифроғ намудан шитофт. Баъд аз истифроғ бо оби қантуриюн ва ҳанзал ҳуқна рехтанро ба кор баранд ва сипас бар сару мағокии [паси сар] миҳҷама гузоранд. Баъд ба [истеъмоли] доруҳои ғарғарашаванда, атсаоваранда ва бӯиданиҳое пардозанд, ки андар таркиби онҳо мушк, гунди бедастар, марзангӯш ва сиёҳдона бидароянд. Ҳар гоҳ навбати [беморӣ] хуруҷ кунад, бояд аз тариқи молиш додани бахши фурӯсӯви тан кумак гирифт. Агар сабаби [гижа] аз меъда ва хилтҳои он бошад, бо обе қай биовар, ки андар он шибит ва турб ҷӯшонида бошанд ва андар он [об] ангубин, намак ва чизҳои қайоварандаи муътадил биафкан. Баъд, агар қувва қавӣ бошад, бо қуқиё ва ё агар қавӣ набошад, бо ҳабби ёра ва оби таркардаи сабр истифроғ овар. Агар дониста шавад, ки хилтҳо заҳравии содаанд, бо ҷӯшонидаи ҳалила ва якҷоя бо шоҳтара истифроғ оваранд. Инро бо далелҳои андар ин боб ва андар боби меъда ёдшуда шиносанд. Агар сабаб андар андоми дигаре бошад, ҳар дуро бо он чи ки муносиб аст, муолаҷа кун. Андар оғози [беморӣ] сарро бо равғани гул якҷоя бо андаке аз равғани бобуна ва ба ҳангоми мустаҳкам гардидан115 бо равғани бобунаи танҳо қавӣ бисоз. Ҳар гоҳ дониста шавад, ки модда андар сар танҳост, бар сару мағокии паси он миҳҷама гузоранд, рагеро бизананд, ки андар паси гӯш бошад ва шабёрҳо, доруҳои ғарғарашаванда, пух таковҳо, бӯиданиҳо, доруҳои андар бинӣ афкандашаванда, доруҳои атсаоварандаи ёдшуда ва чизҳои бад-инҳо монандаро ба ҳасби моддаҳо (чунонки андар «Қонун» донистӣ) ба кор бибаранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ