Қонуни тиб

Бисёр кам бошад, ки аз балғами сӯхта ҷунун ба амал ояд ва агар чизе ба вуҷуд ояд, молихулиё ба вуҷуд ояд. Бештари молихулиё, ки ба амал меояд ба сабаби ҳосил шудани моддаи савдовӣ андар рагҳо ба амал ояд ва аксари мониёе, ки падид меояд, ба ёрии ҳосил шудани он [модда] андар бахши пешини мағз ва гавҳари он падид ояд, аз баҳри он ки расидани он ба мағз чун расидани моддаи фаронитус бувад. Молихулиё бо бадгумонӣ, андешаи фосид, бим ва оромӣ падид ҳамеояд ва ба ҳангоми он изтироби сахт ҷой надорад. Аммо мониё саросар аз изтироб, дарафтидан, ҳаракати беҳуда кардан, ваҳшигарӣ ва на ба гунаи инсон, балки ба гунаи даррандагон нигаристан [иборат аст. Мониё] аз ду намуди фаронитусе, ки аз ҷиҳати ҷунуни худовандаш бо [мониё] шабеҳ аст, бо он фарқ кунад, ки аксар вақт ҳамроҳи ин иллат таб ҷой надорад, (64) вале фаронитус аз таб холӣ нест.
«Бемории саг» навъе аз мониёст, ки ҳангоми он баробари муошарати сахт кашокашӣ кардан ва ҳамроҳи он мусоадату мувофақат намудан ҷой доранд. Ҳангоми ин беморӣ бадгумонӣ на ба андозае бошад, ки андар мониёст ва чунин ба назар ҳамерасад, ки он ба [бемориҳои] хунӣ наздиктар аст. Аксар вақт ин беморӣ ба фасли хазон ориз шавад, чароки андар он ҳангом хилтҳо бад буванд. Гоҳе ба тобистон ва баҳор [низ] бисёр рӯй диҳад. Он ба ҳангоми вазидани бод аз сабаби хушкӣ овардани бод ба шӯр ояд. Ин бемориро аксар вақт бавосир ва даволӣ ба таҳлил бибаранд. Ҳар гоҳ аз паси он истисқо ба амал ояд ва хусусан агар сабаби он беморӣ гармии ҷигар ва хушкии он бошад, бо ёрии рутубати истисқо ба таҳлил биравад. Бисёр бошад, ки ин иллат ба анбозии меъда падид ояд ва қай кардан боиси шифо ёфтани он бигардад.
Нишонаҳо: Барои мониё ба таври умум нишонаҳоест ва барои намудҳои он нишонаҳое. Нишонаҳои ҳамагонияш ин аст, ки феълҳои идоракунию ҳаракатӣ ба гунаи ёдшуда дигаргун бигарданд. Нишонаҳои аз падид омадани он огоҳидиҳанда мисли кобус якҷоя бо гармии мағз, мисли пур шудани панҷаҳои пой аз хун ва сурх гардидани онҳо ва ё бастани хун андар пистони зан буванд, ки инҳо бар ҳаракатҳои табаҳкунандаи хун гувоҳӣ диҳанд.
[Нишонаи] нахустин гоҳе ба [пурии қадамҳо аз хун] далолат кунад ва гоҳе гувоҳӣ аз он диҳад, ки он андар андоме сабаби фасоди хун хоҳад шуд, ки гармии қавии модарзодӣ надорад, то бо хун чораи хубе дида тавонад, балки хун андар он як навъ фасодеро ба амал оварад, ки мағзро озор бидиҳад. Агар нишонаи якум андар поёни мониё зоҳир гардад, мумкин аст чун далолати даволӣ бар ҳал шудани [мониё] далолат кунад. Бисёр бошад, ки мониё ҳангоми бемориҳои тез ҳамчун далели буҳрон падид ояд.
Ҳар гоҳ далелҳои дигар бар буҳрон ба таври хуб гувоҳӣ диҳанд, [мониё] шаҳодат диҳад, ки буҳрон ба хубӣ ҳамеанҷомад. Гоҳе шиддат ёфтани мониё бар буҳрони худи мониё гувоҳӣ диҳад.
Нишонаи мониёе, ки аз савдои сӯхташудаи аз савдои
[дуруст падид омада] ба амал ояд, ин аст, ки ҷунун ва даррандагии он то муддате бо андеша, оромӣ ва сукут варзидан бувад. Баъд ҳар гоҳ [бемор] ҳаракат кунад ва сухан гӯяд, андар оғоз ба ғафлат андешаманд гумон карда шавад ва чун такроран ба ӯ муроҷаат карда шавад, аз он халосӣ ёфтан ва ӯро ором сохтан номумкин бигардад. Ҳангоми ин гуна [мониё] тан бештар лоғар шавад, ранг бештар ба сиёҳӣ бигарояд ва хобҳои бадтар дида шаванд.
Гоҳе чизи туруше қай кунад, ки аз он замин биҷӯшад.
[Мониёе], ки аз савдои сафровӣ аст, ҳангоми он ба бадфеълиҳо гузаштан тезтар ва аз он боз истодан зудтар ба амал ояд. Он чиро аз бадию ҳиқд, ки бемори аввалӣ ёд кунад, [ин бемор] ёд кардан натавонад. Оромии ӯ кам ва ҳаракат, додзанӣ ва изтиробаш бештар бигарданд.
Илоҷ: Ҳар гоҳ аз хилтҳо пур буданро бибинӣ, раг бизан.
Агар аз тариқи пешоб ва дигар нишонаҳо дарёбӣ, ки заҳра андар тан ғалаба кардааст, бо ҷӯшонидаи афитимун ва ё агар савдо сафровӣ бошад, бо ҷӯшонидаи ҳалила истифроғ бисоз. Агар савдои холисе бошад, мумкин аст ба истифроғе эҳтиёҷ пайдо кунӣ, ки бо ёрии ҳашт дирамсанг афитимуни сода якҷоя бо сикангубину санги лоҷувард ба амал оварда шавад. Баъд агар сарро пурхунӣ ва ё савдои хунӣ98 ҷой дошта бошад, ба тадбири он бипардоз ва аз раги зери забон истифроғ бикун. [Низ] сарро пайваста бо ҳабби зерин истифроғ соз: аз ҳар кадоми ёраи фиқро, афитимун ва устухудус як бахшӣ, аз маҳмуда ним бахш ва аз ҳалила ним бахш гирифта, ҳабби бузург бисозанд ва баъд аз истифроғи ҳамагонӣ шабдармиён ҳар боре ба вазни ду дирам аз онро биошоманд.
Яке аз доруҳои барои ин [беморӣ] судманд ҳаббест, ки бад-ин сифат бувад: аз ҳар кадоми афитимун ва баспоя панҷ дирамӣ, аз ҳалилаи кобулӣ як дирам, аз устухудус даҳ дирам, аз санги арманӣ як дирам, аз намаки ҳиндӣ ва дилаи ҳанзал чаҳор дирамӣ, аз ҳар кадоми балила, омула, ҳошо ва харбаки сиёҳ се дирамӣ ва аз турбид бист дирам гирифта, бо сикангубини ангубинӣ сиришта кунанд ва ба кор баранд. [Низ] бояд бо сикангубни сақмуниёӣ ғарғара карда шавад. Ҳабби шабёрро ба ифрот ба кор набар, балки онро як муддат то даме, ки сабукӣ дармеёбӣ, ба кор бибар. Ҳамин ки бадмизоҷии гарм ҳис кардӣ, [истеъмоли онро] қатъ кун. Баъд аз истифроғ бо ёрии пухтаковҳо ва ғайра ба сардӣ овардану тарифизоӣ бипардоз. Гоҳе мумкин аст эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки рӯзе панҷ бор [бар сари бемор] пухтаков рехта шавад. Бар сари чунин беморон пухтакови каллапочаро тило кунанд, шир дӯшанд ва бар он маска бимоланд.
Бояд қасди ту барои тарӣ овардан бештар аз қасди сардӣ оварданат бошад, вале ту доруҳои (65) сахт тариоваре ёфта наметавонӣ, ки сард набошанд. Бинобар он бо онҳо бобуна ҳамроҳ кун. Гоҳе мумкин аст барои хоби беморро овардан ба диёқузо ошомонидан эҳтиёҷ пайдо кунӣ.
Онро бо оби анори ширин биошомон, то ки тарӣ оварад, ё бо шароби олу бидеҳ, то ки нармӣ оварад ва ё бо оби ҷав бидеҳ. Инчунин аз барои хоб овардан бар [сари бемор] оберо бирез, ки андар он хашхош ҷӯшонида бошанд, лекин беҳтар он аст ки андар ин об андаке бобуна афкананд.
Бар сари [бемор] шир бидӯш. Равғанҳои андар ин бобат судманд хеле хубанд. Ҳар гоҳ пухтаковҳо, доруҳои андар бинӣ афкандании тариовар ва равғанҳоро ба кор бибарӣ, бикӯш, ки бо ёрии пухтаковҳои хобовар ва равғанҳои хобовар, хусусан бо равғани коҳу беморро зуд бихобонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор