Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар ин сустӣ ду манфиат аст – ҳоҷат ва эминӣ. Ҳоҷат ин ба тамоми ҷиҳатҳо ҳамвор ҳаракат кардан аст. Эминӣ бошад, барои он аст, ки бозу ҳарчанд муҳтоҷ ба тамкин ёфтан аз ҳаракатҳои гуногун аст, вале ин ҳаракатҳо андар вай бисёр рӯй надиҳанд ва дер давом накунанд, то боиси канда шудани бандҳо ва баромадани он гарданд, балки бозу андар бештари ҳолатҳо ором буда ва дигар [қисмҳои] даст андар ҳаракатанд. Бинобар ин, дигар пайвандгоҳҳо назар ба бозу сахттар баста шудаанд.
Андар зимни пайвандгоҳи бозу чаҳор пайванд дохиланд. Якеи онҳо пайванди паҳншакли пардамонандест, ки ин пайвандгоҳро чун мисли дигар пайвандгоҳҳо иҳота кардааст. Ду пайванди дигар аз ахрам фурудоянда буда, сари якеи онҳо паҳн аст ва сари бозуро фаро бигирад ва дуввумаш бузургтару сахттар буда, ҳамроҳи пайванди чаҳорум аз фузунии минқорӣ ба мағокии барои ҳар ду омодашуда фуроянд. Шакли ин ду, хусусан наздики расидан ба бозу паҳн бигардад. Кори ин ду пайванд ин аст, ки ба [тарафи] ботинии бозу даромада, ба мушакҳои андар [тарафи] дарунии бозу барҳамчида пайваст бигарданд.
Бозу ба сӯи дарун хамидааст ва ба сӯи берун кӯзӣ дорад, то ки бад-ин васила он мушакҳо, асабҳо ва рагҳое, ки бар болои бозу чида шудаанд, ҷойгир шуда битавонанд, то ки инсон чизи зери бағал мегирифтаашро хубтар зери бағал бигирад ва то ки як даст ба тарафи дасти дигар хубтар равона бигардад.
Аммо бар сари фурӯсӯвини бозу ду фузунии бо ҳам часпида саворанд. Он фузуние, ки аз тарафи дарун аст, дарозтару бориктар буда, бо ягон чиз ҳампайванд нест, балки вай барои маҳофизати рагҳову асабҳост. Аммо ба миёнҷии дуввуми онҳо, ки аз тарафи берун аст, пайвандгоҳи оринҷ бо луқмае тамомият ёбад, ки сифати онро баъд ёд хоҳем кард. Андар миёни ин ду фузунӣ ночор рахнаест ва андар ду каронаи ин рахна ду мағокист: яке аз забар рӯ ба пеш; ва дигарӣ аз зер рӯ ба пас. Мағокии дохилии забарини он ду ҳамвори ҳамвор буда, бар забари он девора нест. Мағокии берунӣ бошад, бузургтари ҳардуст. Он мағокии дохилие, ки баъди ин ду ояд, носуфта буда, дохили он даврашакл нест, балки чун девори рост бошад, то ки фузунии соид чун ба тарафи берун ҳаракат карда, бад-он ҷой расид, бозистад.
Мо ваҷҳи ниёзмандиро ба ҳар ду ба наздикӣ баён хоҳем кард. Буқрот ин ду мағокиро «ду пойгаҳдарӣ» номидааст.
Фасли нуздаҳум андар ташреҳи соид

(35) Соид аз ду устухони ба дарозо бо ҳам часпида иборат аст, ки онҳоро «ду занд» ном ниҳодаанд. Устухони забарин, ки аз паси нарангушт ояд, бориктари ин ду буда, «занди барсӯвин» ном дорад. Устухони фурӯсӯвинро, ки аз паси ангушти хурд қарор гирифта, ситабртари ин дуст, зеро вай бардоранда бувад, «занди фурӯсӯвин» ном ниҳодаанд.
Манфиати занди забарин ин аст, ки бо ёрии он соид ҳаракати печидану густариш ёфтанро иҷро кунад. Манфиати занди фурӯсӯвин он бошад, ки ҳаракатҳои басташудану кушодашудани соид бо ёрии он ба амал оянд. Ҳар яке аз ин ду миёнборик аст, зеро ба сабаби мушакҳои ситабре, ки онҳоро печидаанд, аз ситабрии гарониовар бениёзист. Ду сари онҳо ситабранд, зеро онҳо ба сабаби он мусодамот ва зарбаҳои сахте, ки ҳангоми ҳаракатҳои пайвандгоҳҳо ба онҳо бирасанд ва ба сабаби аз гӯшту мушак орӣ будани худ ниёзманди онанд, ки ҳа чи бештар аз онҳо пайвандҳо бирӯянд.
Занди забарин каҷ аст. Мисли он аст, ки аз тарафи дарунӣ сар карда, кам-кам ба сӯи берун тоб хӯрда, каҷ шудааст. Манфиати он ин аст, ки барои ҳаракати печон хуб омода бошад. Занди фурӯсӯвин рост аст, чунки ин [шакл] барои боз шудану баста гаштан аз ҳама беҳтар бувад.
Фасли бистум андар ташреҳи бандкушои оринҷ

Аммо пайвандгоҳи оринҷ аз часпидани пайвандгоҳи занди барсӯвин ва пайвандгоҳи занди фурӯсӯвин бо бозу фароҳам омадааст. Андар сари занди барсӯвин мағокиест, ки луқмае аз сари берунии бозу андар вай ҷой гирифта, баста шудааст ва бо давр задани он андар ин мағокӣ ҳаракати боз шудану печидан (супинатсия ва пронатсия) ба амал ояд. Аммо занди фурӯсӯвин дорои ду фузуниест, ки андар миёни онҳо рахнаест, шабеҳ ба ҳарфи сини юнонӣ ва ба шакли зерин: ς . Сатҳи фурӯрафтаи ин рахна кӯз аст, то андар рахнае, ки бар сари бозуст, ҷогир шавад. [Рахнаи сари бозу] дорои мағокӣ буда, вале шакли ин [мағокӣ] шабеҳ ба хамчаи доирашакл аст. Ба сабаби ҷойгир шудани рахнаи андар миёни ду фузунии занди зерин ҷойдошта андар ин рахна пайвандгоҳи оринҷ фароҳам ояд.
[26] Чун як рахна бар забари рахнаи дигар ба сӯи пас ва зер ҳаракат кунад, даст кушода шавад ва ҳар гоҳ ба рахнаи деворшакли мағокие, ки луқмаро андар хеш гирифтааст, дучор ояд, дастро боз дошта, аз бештар кушодашавӣ нигоҳ дорад ва саранҷом бозу ва соид рост бимонанд.
Агар яке аз рахнаҳо бар дигарӣ ба сӯи пеш ва забар ҳаракат кунад, даст хам шуда, соид аз ҷониби дарунӣ ва пеш ба бозу омада бирасад. Сарҳои ду занд аз фурӯсӯ чун як чизи ягона ба ҳам ҷамъ шаванд ва андар онҳо мағокии фарохи муштараке падид ояд, ки бахши бештари он андар занди фурӯсӯвин ҷой дорад. Он чи ки аз мағокӣ берун бимонад, ҳамчун кӯжии ҳамворе боқӣ бимонад, то ки аз расидани газандҳо нигоҳ дорад. Андар паси мағокии занди фурӯсӯвин фузуние ба дарозо рӯида аст, ки мо андар баёни моҳияти он ва манфиати ҳамаи [онҳо] баъд сухан хоҳем гуфт.
Фасли бисту якум андар ташреҳи хурдаи даст

Хурдаи даст аз устухонҳои зиёде таълиф ёфтааст, то ки агар зиёне бирасад, ҳамаро фаро нагирад. Устухонҳои хурдаи даст ҳафт ададанд ва якто зиёдатӣ доранд. Ҳафт устухони аслӣ андар ду радаанд. Як рада аз паси соид ояд ва бинобар он аз се устухон иборат аст. Ин азбаски аз паси соид меояд, боистӣ бориктар бошад, устухонҳои радаи дуввум чаҳор ададанд ва азбаски он аз паси панҷа ва ангуштҳо меояд, лозим омад, ки паҳнтар бошад. Устухонҳои сегона дараҷанок буда, он сарҳои онҳо, ки аз паси соид омадаанд, бориктаранд ва бо ҳам сахт ошно ва пайваста буванд. Он сарҳои онҳо, ки аз паси радаи дигарист, паҳнтар буда, ошногию пайвастагияшон бо ҳам камтар аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ