Қонуни тиб

Хосиятҳо: Хуни аз он падидоянда зудгандандаи бад аст.
Онро бодому гулангубин, қабл аз он [хӯрдани] коҳу ва ба охир [хӯрдани] сирко ва сикангубин ба ислоҳ оваранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Хурмои тар аз барои меъдаи сард судманд аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Нои гулӯ ва овозро зиён дорад.
Андомҳои ронанда: Табиат нарм кунад ва гавҳари маниро биафзояд.
670. РОТИНАҶ – РОТИНАҶ
Gummi Pini (Pinus pinea L.) Моҳият: Ин як навъ самғи дарахти санавбар аст.
Табъ: То ба дараҷаи севвум гарм ва андар якум хушк аст.
Хосиятҳо: Ротинаҷ андар баданҳои сахт гӯшт бирӯёнад, вале андар баданҳои нарм дард биангезад. Гоҳе бо ёрии он якҷоя [бо зардчӯба]1, гулнор ва монанди инҳо решҳо дуруст шаванд.
671. РОСАН – РОСАН, ЧОҚЛА
Inula helenium L.
[Моҳият]: Гунае аз он бӯстонист ва гунаи дигаре аз он чунин аст, ки ҳар як барги он аз як ваҷаб то як зироъ бирасад ва мисли сисанбар ва барги наск бар замин бихобад. Судмандтарин чизе, ки андар он аст, бехи он бувад.
Ихтиёр: Таъсири қувваи шароби он қавӣ ва беҳтар аст. Гармии росани бо сирко парварда шикаста аст.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва андар он рутубати зиёдатист, ки бад-ин сабаб баробари ба тан расидан онро гарм нахоҳад кард.
Хосиятҳо: Росан аз ҳамаи омосҳову дардҳои сард ва [навъҳои] бодгирифтагиву дамиш судманд аст. Андар он қувваи сурхкунанда ва бағоят зудоянда ҷой дорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Росан аз қавин ва дарди пайвандгоҳҳо суд дорад ва беху барги он ба тариқи зимод низ аз дардҳои сард ва даридагии мушакҳо нофеъ бувад.
Андомҳои сар: Росан сардард оварад, лекин он хусусан ба тариқи нухтаковрезӣ дарди нимсараи балғамиро ҳал кунад.
Андомҳои сина: Росан ба тариқи лесидан бо ангубин бар хунпартоӣ ёрӣ расонад ва агар онро бо доруҳои лесидание, ки поккунандаи синаанд, биомезанд, таъсири хубе бирасонад. Вай аз ҷумлаи доруҳоест, ки дилро хуррамӣ бахшад ва қавӣ гардонад. Гоҳе аз он ба тариқи зерин шароб омода созанд: панҷоҳ мисқоли онро андар шаш убулус шираи ангур бирезанд ва баъди се моҳ чун биошоманд, сина ва шушро пок кунад.
Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи бехи он ва хусусан шароби он пешобу хуни ҳайзро битозонад. Ҳар кӣ ба истеъмоли росан машғул бошад, ӯро ҳар соат пешоб кардан эҳтиёҷ наафтад.
Заҳрҳо: Росан ва хусусан мисрии он аз газидани ҷунбандагони зиёнкор судманд аст.
672. РАМОД – ХОКИСТАР
Cinis
Хосиятҳо: Ҳамаи хокистарҳо сарфи назар аз гуногунияшон зудояндаи хушкифизоянд. Шустан зудояндагии
онҳоро бикоҳад ва часпакию хушккунии бегазанд андар онҳо падид орад. Оби хокистар андар таркиби доруҳои гандонанда бидарояд. Қавитарини онҳо оби хокистари анҷир ва исфидакшир аст. Зудояндагӣ ва хушкии обҳои дигар хокистарҳо камтар аз ин ду бувад. Хокистари мозариюн зудояндаи гандонанда аст. Хокистари чӯби гиранда аз қабили булут ва ғайра хунро бибандад.
Омосҳо ва табишҳо: Хокистари сусморро (азоа) бар гар ва парюнҳо тило кунанд.
(431) Ҷароҳатҳо ва решҳо: Оби хокистари анҷир решҳои палидро беҳ кунад, гӯшти зиёдатии решҳоро бихӯрад, ба иллати расидани таъсираш то ба гӯшти табаҳи решҳо, решҳои амиқи бузургро суд бахшад, гӯшт бирӯёнад ва чун доруҳои часпонандаи ҷароҳатҳо, онҳоро бичаспонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гоҳе аз барои афтидан аз ҷои баланд ва сустии [пайвандгоҳҳо] (ваҳан) оби хокистар ва хусусан хокистари анҷирро бо об ва ё бо андаке аз равғани зайтун [ба бемор] бидиҳанд, биошомад. Агар бо хокистар равғани зайтун омехта, бо он [танро] пок кунанд, арақро ба таҳлил бибарад. Он дарди асаб ва фалаҷро ба таври намоён суд бахшад.
Андомҳои сар: Оби хокистар ва хусусан оби хокистари булут вораҳоро мустаҳкам кунад.
Андомҳои чашм: Хокистари мозариюн биноиро тез кунад.
Андомҳои сина: Хокистари мозариюн хусусан бо «доруи парастуҳо» аз дамкӯтоҳӣ1 судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар оби хокистари анҷирро бо равғани зайтун биошоманд, аз баста шудани хун андар меъда суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Гоҳе оби хокистари анҷир ва ё булутро аз барои реши рӯдагон, сайлони деррав, бавосир ва носурҳо хуқнарезӣ кунанд.
Заҳрҳо: Гоҳе хокистарро аз барои газидани ғунда биошоманд. Ҳамчунин оби хокистари булут ва анҷир аз барои ошомидани гаҷ суд дорад.
673. РИҶЛУ-Л-ҶАРОД1 – «ПОИ МАЛАХ»,
САРМА
Atriplex hortensis L.
Моҳият: Ин ба ҷои тараи яманӣ бигузарад.
Андомҳои нафаскашӣ: Аз сил суд бахшад.
Табҳо: «Пои малах» ба тариқи ҷӯшонида ҳангоми табҳои чаҳоррӯзӣ, доимӣ ва имитритовус2 судманд аст.
674. РИҶЛУ-Л-ҒУРОБ1 – «ПОИ ЗОҒ»
Plantago coronopus L.
Андомҳои ронанда: Агар бехи ин гиёҳро биҷӯшонанд, аз исҳоли деррав нофеъ бошад. Булус ва дигарон гуфтаанд, ки он аз қулинҷ низ суд дорад ва аз ғайри расонидани зиёне кори суринҷонро адо кунад.
675. РУММОН1 – АНОР
Punica granatum L.
Табъ: Анори ширин то дараҷаи якум сард ва андар ҳамин дараҷа тар аст ва анори туруш андар дараҷаи дуввум сарди хушк бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор