Қонуни тиб

Фасли бистум
гуфтор андар баёни ҳарфи «ро» /ر/
-
РАЙҲОН – РАЙҲОН
Ocimum basilicum L.
Моҳият: Райҳон маъруф аст ва он ду навъ бувад.
Андомҳои ронанда: Агар онро баъд аз кӯфтан тило кунанд ва ё равғани онро гирифта, марҳам созанд, аз бавосир суд бахшад. Он аз барои дамиши андар меъда рӯйдода судманд аст. -
РАЙҲОН СУЛАЙМОНӢ – РАЙҲОНИ
СУЛАЙМОНӢ
Ocimum filamentosum Forsk.
Моҳият: Ин растаниест, ки андар кӯҳҳои Исфаҳон ёфт шавад ва ба шибити тар монандӣ дорад. Гуфтаанд, ки барги он чун барги хитмӣ буда, шукуфаҳояш хурданд. Он чун печак бар дарахт бипечад. Чунин ба назар бирасад, ки андар баёни он ихтилоф аст ва шояд гуфтаи дуввум ишора бад-он бошад, ки райҳони сулаймонӣ ҳамон растании бо номи «ҷамисфарам»1 маъруф аст, зеро омма чунин шуморанд, ки Ҷам худи Сулаймон бувад.
Хосиятҳо: Латифи хушкифизост.
Омосҳо: Онро бо сирко бар сурхбод ниҳанд, суд бахшад ва [низ] онро бар омосҳои балғамӣ тило кунанд. Барг ва равғани онро низ бар омосҳои балғамӣ тило кунанд.
Решҳо: Онро бо сирко бар решҳои хазанда тило кунанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Райҳони сулаймониро бар ниқрис тило кунанд, нафъ кунад ва ин хосияти он бувад.
Андомҳои сар: Аз лақва судманд аст.
Андомҳои ронанда: Райҳони сулаймониро бо равғани гул аз барои дарди заҳдон ба зер баргиранд.
Заҳрҳо: Онро бар маҳалли газидагии каждум тило кунанд. -
РАЪЙУ-Л- ҲАМОМ – «ГИЁҲИ КАБӮТАРОН», ГОВМУШУНГ
Verbena officinalis z.
Моҳият: Ин гиёҳест дорои донае чун мурддона ва ё қариб мисли он буда, лекин тирарангтар аз он аст. Мағзи он аз ҷиҳати рангу таъм наски сафедкардаро монад ва андаке ширинӣ дорад.
Табъ: Андар дараҷаи якум тар ва андар дуввум хушк аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷароҳатҳоро фароҳам оварад ва агар онро бо сирко зимод кунанд, [решҳои] палидро хазидан нагузорад.
Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои балғамиро ҳал кунад.
Оростагӣ: Ҷӯшонидаи он мӯйро сиёҳ кунад.
Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи шохаҳои он пешоб ва хуни ҳайзро битозонад, ҷанинро берун орад ва агар бо он шустушӯй кунанд, хориши андар шарми пешини зан падидомадаро ором кунад. -
РАЪЙУ-Л-АЙЙИЛ1 – ГАВАЗНГИЁҲ,
МАРЯМГУЛ
Salvia officinalis z.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми латифи хушккунанда аст.
Хосиятҳо: Гуфтаанд, ки гавазнро заҳри морҳо ва ҷунбандагони зиёнкор аз он ҳеҷ зиён нарасонад, ки аз чаридани [ин гиёҳ] ӯро [хосияти] тарёкӣ ҳосил шуда бошад.
Заҳрҳо: Аз барои газидани ҷунбандагони зиёнкор бидиҳанд. -
РАТТА – РАТТА
Сaesalpinia bonducella roxb.
Моҳият: Ин фундуқи ҳиндист. Он самарест ба бузургии фундуқ, ки [аз гармӣ] кафида, аз он донае ба сони норгил берун ояд.
Табъ: Гарми хушк аст.
Омосҳо: Онро бо сирко бар ханозир тило кунанд, суд бахшад.
Решҳо: Аз гар ва хориш судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бодҳои андар миён озордиҳандаро бишканад.
Андомҳои сар: Онро ба ҳангоми лақва бар бинӣ кунанд, фоидаи зиёде бидиҳад. Инчунин аз дарди нимсара ва сардард судманд аст. Он доруи ба бинӣ кашандаи аз барои садар, саръ, девонагӣ ва молихулиё судмандест. Ба бинӣ афкандани онро чун ба ҳангоми лақва се рӯз санҷидаанд, аз бинӣ рутубат ва балғами зиёде фуруд омада, иллат андар рӯзи севвум нест шудааст. Вале каси ба лақва гирифтор боистӣ андар хонаи торик нишинад. (429) Вай [инчунин] аз риҳу-л-хашм1 (гум шудани ҳисси бӯёӣ) суд дорад.
Андомҳои чашм: Ба чашм кашидани он ва хусусан фишурдаи хурди он аз оби чашм судманд аст. Агар онро бо оби марзангӯш андар бинӣ кунанд, аз боди сабал ва парда суд бахшад. Онро бо санги сурма аз барои аҳвалӣ ба чашм бикашанд.
Андомҳои сина: Азбаски рата дорои гирандагист, ду дирам аз бехи онро андар шароб карда, аз барои барсоми сард, аз барои дамкӯтоҳӣ, сурфаи деррав, хунпартоӣ ва аз барои сина биошоманд.
Андомҳои ғизокашӣ: Рата аз ҳайза судманд аст. Ду дирам аз онро аз барои меъдаи сард бидиҳанд.
Андомҳои ронанда: Онро аз барои дарди заҳдон [ба бемор] бидиҳанд. Аз ҳалкардаи он фарзаҷа сохта, ба зер баргиранд, хуни ҳайзро битозонад ва ҷанинро берун орад.
Инчунин фишурдаи он талхаи сиёҳ, балғам, [бахши] обӣ ва сафроро якбора бидуни нороҳатие аз тан берун кунад ва ҳатто барас, ярақон, кунҷида ва ғайраро шифо бахшад ва қулинҷро ҳал кунад. Як ошомидании он се карама буда, (як карама шаш қирот аст), онро бо шароби ши рин ва ё сикангубин биошомонанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо