Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Равғани он гурда ва обгаҳро судманд аст ва агар аз болои таом онро бихӯранд, [табиат] бикушояд ва ҳатто агар аз он бисёртар истеъмол кунанд, таомро пеш аз гуворидан берун кунад. Бо оби ҷӯшонидаи он аз барои афтидагии мақъад ва раҳм хуқнарезӣ кунанд.
522. САФИДИСФАНД1 – САФЕДИСПАНД
Sinapis alba L.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Сафедиспанд тези сӯзанда аст.
Заҳрҳо: Аз ҳамаи заҳрҳо суд дорад.
523. СИМИРНИЮН – СИМИРНИЮН
Smyrnium perfoliatum L.
Моҳият: Ин карафси даштӣ [ва кӯҳист]1 ва он ёд карда шуд2.
524. СИҚИЮС1 – ХАРХИЁР
Ecballium elaterium Rich.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Сиқиюс хархиёр аст».
Мо онро андар фасли ҳарфи «қоф» ҳангоми зикри «қиссоу-л-ҳимор» ёд хоҳем кард2. Бинобар он, ҳар чиро аз ҳолатҳову феълҳо, ки бад-он тааллуқ дорад, бояд аз он ҷо ҷуст.
525. (395) САЛУБУН1 – САЛУБУН, ХОРИ
КАРРОК
Silybum marianum Gaertn.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ба тасдиқи бархе аз мардум салубун растаниест, ки аҳли Шом онро «акуб»2 хонанд. Он дорои баргест, ки гунаи сафеди хомолованро монад. Онро ҳангоми тозагӣ баъд аз пухтан бо намак ва равған бихӯранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар аз шир ва ё чакидаи он, ки аз бехи он ҳосил кунанд, ба қадри як мисқол бо оби ангубин биошоманд, худи ҳамон рӯз ба ифрот қай оварад.
526. [СҚОНДИКС]1 – СҚОНДИКС
Scandix pecten veneris L.
Моҳият: Ин тараи даштиест, ки таъмаш ба тезӣ бигарояд, андар он андаке талхӣ бошад ва онро хом ва пухта бихӯранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз барои меъда хуб аст. Ҷӯшонидаи онро агар биошоманд, аз дарди обгаҳ, гурда ва ҷигар суд бахшад.

Андомҳои ронанда: Шикаморанда аст.
527. САРИШ1 – 1) НАРМОДА; 2) СИРЕШ

  1. Asphodelus ramosus L.; 2) Eremurus Olgae Rgl.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз мардум инро «сиреш» гӯянд, зеро ин растаниест, ки аз он сирешум бигиранд ва он маъруф аст. Сиреш дорои баргҳое чун баргҳои ганданои шомист ва соқи ҳамвор дошта, бар сари он гуле нишастааст, ки онро «ансориқун»2 номанд. Сирешро бехҳои дарози гирдаанд, ки ба шакли чилғӯза буванд ва қуввати онҳо гарм аст.
    Табъ: Андар дараҷаи якум гарм аст.
    Хосиятҳо: Сиреш гармкунанда аст.
    Омосҳо ва табишҳо: Агар онро бо пист биомезанд, аз омосҳои гарм андар марҳалаи оғози онҳо суд бахшад.
    Решҳо: Сиреш ба тариқи зимод аз решҳои чиркноки палид, аз ҷароҳатҳо, думмалҳои решшуда ва аз оташсӯхта судманд бувад.
    Оростагӣ: Хокистари он ба тариқи зимод кардан бар «бемории рӯбоҳ», баъд аз он ки маҳалли онро бо пашмина молиш дода бошанд, мӯй бирӯёнад. Агар баҳаки сафедро андар офтоб бо порае молиш бидиҳанд ва сипас бар он бехи [сиреш] бо сирко бимоланд, онро барканад.
    Андомҳои сар: Агар сирешро ба танҳоӣ ва ё омехта бо кундур, ангубин, шароб ва мурр ба таври нимгарм андар гӯши муқобили ноҳияи дандони курсии дарднок бичаконанд, дарди дандонро ором кунад. Оби бехи онро агар бо шароби куҳани ширин ва мурр ба тариқи пухтан биомезанд, ин доруи гӯш хоҳад буд.
    Андомҳои чашм: Ҳамчунин ин таркиб аз барои дардҳои гуногуни чашм ба тариқи тило доруи беҳин бувад.
    Андомҳои сина: Агар ду мисқол аз онро бо тило биошоманд, аз дарди ҳар ду бар, сурфа ва сустии мушакҳо суд бахшад. Бехи ҷӯшонидаи он бо дурди шароб ба тариқи зимод аз барои омосҳои пистон сахт судманд бувад.
    Андомҳои ронанда: Агар ба қадри як мисқол аз онро бо тило биошоманд, пешоб ва хуни ҳайзро битозонад.
    Заҳрҳо: Чун се мисқол аз онро ба [бемор] бидиҳанд, аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор суд бахшад. Барги онро агар зимод кунанд, ҳамчунин аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд бувад. Агар самар ва гули онро бо шароб биошоманд, аз барои каждумгазида суди азим бахшад.
    Ин буд поёни гуфтор аз ҳарфи «син» ва маҷмӯи он чи аз доруҳо, ки [андар ин ҷой] ёд кардем, аз панҷоҳу ду намуд иборат аст.
пешина
аз 1215
навбатӣ