Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар он андар таоми касе бидарояд, ки ба исҳоли деррав, ё реши рӯда ва ё табоҳии меъда гирифтор бошад, созгор хоҳад буд.
504. СИЛҚ – ЧУГУНДАР, ЛАБЛАБУ
Beta vulgaris L.
Моҳият: Ин маъруф аст. Дисқуридус гуфтааст: «Чугундар ду гуна аст: сиёҳ ва сафед. Ҳар ду гуна ба сабаби [гавҳари] натруние, ки андар онҳо ҷой дорад, бадкимус буванд». Истафин гӯяд: «Мо андар Диҷлаи Авроъ ба ноҳияи Басра чугундари даштиеро ёфтем, ки дорои пояҳои парешони аз як бех раста ва як ваҷаб баланд бувад. Ранги баргаш чун ранги индов буда, тухмҳои он андар он пояҳо пароканда ва ба наздики буни баргҳо ҷой доранд. Бехи он яктост».
Табъ: Ба наздики баъзеҳо андар дараҷаи якум гарми хушк аст, вале андар ҳақиқат қувваи он мураккаб бувад.
Ба наздики баъзеи дигар он сард аст ва шубҳае нест, ки бехи он рутубатнок бошад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Андар чугундар [гавҳари] бурагии латифкунанда аст. Вай дорои ҳал кардан ва кушояндагиест, ки қавитар аз кушояндагии савсан аст ва [инчунин] нармкунанда бувад. Гунаи сиёҳи он, хусусан агар бо наск бошад, қабз кунад. [гавҳари] бурагие, ки андар он ҷой дорад, ҳалкунанда ва [гавҳари] хокияш гирандааст. Ҳамаи чугундарҳо бадкимус ва мисли дигар тараҳо камғизоянд.
Оростагӣ: Фишурдаи он ва ҷӯшонидаи барги он аз кафидагиҳои аз сармо оризшаванда судманд аст. Чугундар аз «бемории рӯбоҳ» суд дорад ва агар барги онро ба тариқи зимод баъди бо натрун шустани ҷои [доғи кунҷида] ба кор баранд, кунҷидаро суд бахшад. Фишурдаи он озахҳоро биканад ва шупушҳоро бикушад.
Омосҳо: Бо пухтаи он чун бар омосҳо зимод кунанд, онҳоро ҳал карда, бипазонад. Зимоди он аз тута нофеъ буда, онро ҳал кунад. Агар (388) онро бо савсан зимод кунанд, омосҳои гармро судманд бувад.
Решҳо: Барги ҷӯшонидаи он аз барои оташсӯхта хуб аст ва бо ангубин тило кардани он аз парюнҳо суд бахшад.
Агар бо он решҳои палидро тило кунанд, ҳамаи онҳоро беҳ кунад.
Андомҳои сар: Оби онро бо заҳраи куланг андар бинӣ кунанд, лақваро бибарад ва решҳои биниро судманд бошад. Оби нимгарми онро чун андар гӯш бичаконанд, дардро фурӯ нишонад. Бо оби он чун сарро бишӯянд, сабӯсаро бибарад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бехи он барои меъда бад аст ва маниши гаштан оварад. Бештари ин ҳолат ба сабаби гавҳари бурагии газандаи он бувад. Чугундар бадкимус аст.
Он бо [гавҳари] бурагии худ меъдаро ба андозае бишӯяд, ки ҳатто меъдаи ҳиссаш қавибударо ҳам бигазад. Ғизои чугундар андак аст ва кушояндагияш барои суддаҳои ҷигар, хусусан агар бо хардал ва сирко бошад, сахттар аз кушояндагии малухиёст. Аз барои испурч низ чунин бувад. Онро боистӣ бо обкома ва дегафзорҳо хӯрд.
Андомҳои ронанда: Гуфтаанд, ки чугундари сиёҳ хусусан бо наск табиат бибандад, чунонки гунаи дигари

он хусусан бо наск табиат нарм кунад. Шубҳае нест, ки оби чугундари хуб пухтаро чун ҷӯшонида ба кор баранд, табиатро бибандад. Аз барои берун овардани бироз бо он ҳуқнарезӣ кунанд. Ҳамаи [гунаҳои чугундар] бодангезанд ва қуроқуру печиши ноф ба амал оваранд. Агар чугундарро бо дегафзорҳо ва обкома ба кор баранд, аз барои қулинҷ хуб аст.
505. СУЗОБ – СУДОБ
Ruta graveolens z.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз судоб бӯстонӣ, бархе даштӣ ва бархе кӯҳист. Аммо судоби кӯҳӣ тезтар буда, тезияш қавитар аз бӯстонист ва онро андар таом ба кор набаранд, вале судобе, ки ба наздики дарахти анҷир бирӯяд, созгортар бувад. Як намуд аз судоби даштиет, ки онро «биғонун ағриюн»1 гӯянд ва он ба наздики ҳар қавме номҳои [гуногун] дошта, бархеҳо онро «мулӣ»2 хонанд. Он аз як бех растааст ва пояҳои бисёр дорад. Баргаш хеле дарозтар аз барги судоби дигар бувад. Он гаронбӯй аст, шукуфаи сафед ва чатрҳои бузургтар аз чатрҳои судоби дигарӣ дошта, сегӯшаанд ва андар онҳо тухмҳое ҷой доранд, ки каме сурхранг, сегӯша ва сахт талх буванд. Чизе, ки аз он ба кор баранд, тухмаш аст ва он андар хазон бирасад. Як гунаи дигарест, ки бехи он сиёҳ буда, андар заминҳои намнок бирӯяд».
[Судоби даштӣ аз испанд сиёҳтар аст]3.
Ихтиёр: Беҳтарин судоби бӯстонӣ он судобест, ки ба наздики дарахти анҷир бирӯяд.
Табъ: Судоби [тар] андар дараҷаи дуввум, хушки он андар дараҷаи севвум ва судоби даштии хушк, чунонки гуфтаанд, андар дараҷаи чаҳорум гарми хушканд.
Хосиятҳо: Судоб буранда, халкунанда, сахт парокандакунанда, рагҳоро поккунанда, решкунанда ва гиранда бувад.
Оростагӣ: Судобро бо натрун бар баҳаки сафед ва бар озахҳо ва тута [биниҳанд]. Вай бӯи сир ва пиёзро бибарад ва аз «бемории рӯбоҳ» судманд бошад.
Омосҳо ва табишҳо: Агар судоби даштиро кӯфта, бо намак бар ягон андом зимод кунанд, омоси гарм падид орад ва агар онро бар ханозири гулӯ ва зери бағал биниҳанд, онро ҳал кунад. Самғи он андар ҳамаи ин корҳо қавитар бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Судобро бо равғани зард ва ангубин бар парюнҳо ва бо сиркову сафеда бар намла ва сурхбод биниҳанд. Он [решҳои] куҳанро беҳ кунад. Агар онро бо мурр ҳамчун ласуқ ба кор баранд, аз решҳо суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ошомидани судоб ва бо ангубин зимод кардани он аз фалаҷ, қавин ва дардҳои пайвандгоҳҳо нофеъ аст.
Андомҳои сар: Судоб бӯи сир ва пиёзро бибарад ва онро бо пист аз барои сардарди деррав зимод кунанд. Гоҳе онро бо сирко аз барои хуни бинӣ андар бинӣ бикунанд, [хунро] бибандад. Фишурдаи онро, ки андар пӯстҳои анор гарм карда бошанд, чун андар бинӣ бичаконанд, онро пок кунад, дард, садо додан ва бонг заданро фурӯ нишонад ва кирмҳоро бикушад ва ё агар зинда монанд, берунашон кунад. Бо он решҳои сарро тило кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ