Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин растанӣ андар сарзамини Масолутиқия2 маъруф аст. Он дорои баргест, ки шабеҳи барги розиёна, вале ситабртар бувад. Соқаш дурушттар аст. Бар сари он афсаре чун афсари шибит нишастааст ва андар он самаре бувад, ки андаке дарозрӯя, талх ва ё тез буда, зуд хӯрда шавад. Сисолиюс дорои бехи дарози хушбӯ аст. Онро як намуди дигарест3, ки баргаш шабеҳи барги печаки бузург, вале хурдтар аз он ва дарозрӯя бувад. Ин буттаи бузург буда, дорои пояҳои қариб як ваҷаб баланд ва чатрҳое шабеҳ ба чатрҳои шибит аст. Тухми сиёҳи рехта дорад, ки он аз ҷиҳати тезӣ ва хушбӯӣ қавитар аз гунаи якум буда, хуштаъм аст. Ин [растанӣ] андар ҷойҳои баланди сероб бирӯяд ва ба қуввату таъсир мисли гунаи якумист. Аз ҷумлаи сисолиюс як навъи дигарест, ки андар ҷазираи Фолфунис4 бирӯяд ва баргаш ба барги фурбиюн5 монанд, вале дурушттару ситабртар бувад. Он дорои соқест, ки бузургтар аз [соқи] сисолиюси якум ва чун [соқи] хиёр бувад ва зардияшро сафедӣ пӯшидааст. Бар сари он афсари васеъест, ки андар он самари паҳнтар, бузургтар ва хушбӯйтар аз самари [якумӣ] ҷой дорад. Қуввати ҳар ду навъ як аст. Ин гуна андар ҷойҳои касногузар ва пуштаҳои обдор бирӯяд. Бархе аз мардум чунин тасдиқ кунанд, ки ин ангудони румист, лекин андаке дарозтар ва хеле сафедтар аз он бувад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Ҳалкунанда, латифкунанда ва парокандакунанда аст. Бех ва тухми он низ чунинанд. Он оромкунандаи дардҳои андарунӣ ва гудозандаи балғами баста аст ва аз он чаҳорпоёнро бидиҳанд, ҳосилашон зиёд гардад. Онро хусусан бо мурч чун андар шароб биошоманд, сардӣ ва зиёни онро ба ҳангоми мусофаратҳо бигардонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дардҳои миён судманд аст.
Андомҳои сар: Аз саръ ниҳоят суд дорад, вале андешаро тира мекунад.
Андомҳои сина: Сисолиюс ва хусусан бо беху тухмаш аз дамкӯтоҳӣ, ба душворӣ нафас кашидан, нафаси росто ва сурфаи деррав нофеъ аст. Агар бехи онро бо ангубин сиришта, билесанд, синаро аз рутубатҳои часпак пок кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Дамишро ҳал кунад, дардҳои андомҳои андаруниро ором созад ва хусусан бехи он таомро бигуворад. Вай аз барои меъда хуб аст.
Андомҳои ронанда: Печиши бодии нофро ҳал кунад, зоишро андар ҳамаи ҳайвонҳо осон гардонад, ба сахтӣ омадани пешобро бибарад, дардҳои раҳм ва ихтиноқи онро ҳал кунад ва дардҳои андомҳои андаруниро судманд бошад. Аз фишурдаи пояи ин растанӣ ва тухми он агар тоза бошанд, ба андозаи се убулус бо майпухта даҳ рӯз биошоманд, дарди гурдаҳоро беҳ кунад6. Сисолиюс умуман аз барои гурда нофеъ аст. Агар аз он биошоманд, аз қатра-қатра омадани пешоб суд бахшад, хуни ҳайзро битозонад ва аз дардҳои андарунӣ судманд бувад.
Табҳо: Чунонки гуфтаанд, аз барои табҳои балғамӣ судманд аст.

  1. СУС1 – ШИРИНБАЁН, ШИРИНБӮЯ
    Glycyrrhiza glabra L.
    Табъ: Бехи он муътадил аст ва агар [табъаш] ба сӯе бигарояд, ба сӯи гармӣ ва рутубат бигарояд.
    Омосҳо: Фишурдаи онро бар нохунхора биниҳанд.
    Бехи онро низ чунин кунанд.
    Ҷароҳатҳо: Фишурдаи он барои ҷароҳатҳо [судманд] аст.
    Андомҳои чашм: Бехи он аз нохуна судманд аст ва фишурдааш қавитар бувад.
    Андомҳои сина: Нои шушро нарм ва пок кунад, шуш ва гулӯро суд бахшад ва овозро равшан кунад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Ширинбаён бо рутубати худ ташнагиро фурӯ нишонад ва инчунин аз афрӯхтагии меъда судманд бувад.
    Андомҳои ронанда: Сӯзиши пешобро суд бахшад ва аз решҳои гурда ва обгаҳ ва аз гари онҳо нофеъ бувад.
    Табҳо: Аз табҳои куҳан суд дорад.
  2. СИРИНҶ – СИРИНҶ, ОЗАРГУН
    Minium (Pb3O4)
    Моҳият: Ин маъруф буда, андар қувват ба шодана наздик, балки аз он ҳам қавитар аст.
    Табъ: Сарди хушк аст.
    Хосиятҳо: Гиранда аст ва аз сафеда сардӣ касб кардааст, лекин хеле латифтар буда, хунравиҳоро бидорад.
    Ҷароҳатҳо: Онро бо мумравған бар оташсӯхта ниҳанд.
    Андомҳои ронанда: Хунравиро сахт боз дорад.
  3. (385) САҚМУНИЁ – МАҲМУДА
    Succus сonvulvuli (Convulvulus scammonia L.) Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаниест, ки се шохи бузург дошта, аз як бех растаанд, ҳар кадом се-чаҳор зироъ дарозӣ ва равғании мӯякдоранд. Он дорои баргест, ки ба барги илиқсинӣ1 ва ё ба барги печак шабоҳат дошта, вале нармтар аз он ва сегӯша аст. Сақмуниёро гулест, ки сафеди гирд ва дарунтиҳӣ буда, шаклаш ба танги [сутур] монанд аст ва бӯяш гарон бувад. Он дорои бехи дарози ситабре чун соид буда, сафед ва пур аз шир аст.
    Шири онро аз сари барсӯвини ин бех бад-ин гуна бигиранд, ки бехро пора кунанд ва ба шакли гирд андар он мағокӣ созанд. Шир андар он тиҳигоҳ битаровад ва сипас онро андар садаф бигиранд. Бархе аз мардум замини гирди бехро гирд бикованд, барги гавзро гирифта, ҳамвор кунанд, андар он ҷои кофта бигузоранд. Сипас бехро бурида, бигузоранд, то шир битаровад ва андаке бихушкад, он гоҳ онро бигиранд. Беҳтарин маҳмуда онест, ки равшан, сабук ва ковок бувад. Ҳар кӣ ин самғро санҷидан бихоҳад, ҳангоми ба забон расондани он набояд ба сафедии ранги он кифоят кунад, зеро агар онро бо шири исфидакшир ва орди говдона биомезанд, ҳамин гуна [сафед] хоҳад буд».
    [Махмуда фишурдаи [растании] печакӣ буда, қувваташ то сӣ сол боқӣ бимонад]2.
    Ихтиёр: Беҳтарини он ҷилодори кабуд ва моил ба сафедӣ буда, мисли шикастаи садаф аст. Он судашавандаи зуд ҳалшаванда буда, кабудест, ки чун андар об ҳал бигардад, онро мисли шир бигардонад. Беҳтаринаш ба ҳангоми истеъмол онест, ки андар себ бипазанд ва бо оби карафс биомезанд, зиёнаш биравад.
пешина
аз 1215
навбатӣ