Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ЛИСОНУ-С-САВР – «ЗАБОНИ ГОВ»
    Anchusa italica Retz.; seu Borrago officinalis z.
    Моҳият: Ин гиёҳест мисли марв паҳнбарг буда, ба ҳангоми даст расондан эҳсоси дуруштӣ бидиҳад, шохаҳои чӯбаш мисли пои малах ва рангаш миёни сабзию зардӣ бувад.
    Ихтиёр: Боистӣ гунаи хуросонии онро ба кор бурд, ки он ситабрбарг буда, бар рӯи онҳо нуқтаҳост ва ин нуқтаҳо бехи хорҳо ва мӯякҳои аз онҳо раста буванд. Аммо гунае, ки андар ин шаҳрҳо ёфт шавад ва гунае, ки пизишкон онро ба кор бибаранд, аксар вақт ҷинсе, аз марв буда, «забони гов» нест ва манфаати онро надорад.
    Табъ: «Забони гов» андар гармӣ наздик ба муътадилист ва андаке ба гармӣ бигарояд. Рутубати он андар охири дараҷаи якум ва хушки онро рутубат камтар аст. Хузистониён гуфтаанд, ки он андар охири дараҷаи дуввум сарди тар аст, вале ин дур аз ҳақиқат бувад.
    Хосиятҳо: Қувваи сӯхтаи он қулоъи кӯдаконро бибарад ва сӯзиши даҳонро фурӯ нишонад. Худи «забони гов» низ чунин бошад, вале заифтар.
    Андомҳои нафаскашӣ: «Забони гов» дилро кушод ва қавӣ гардонад ва бо шароб аз барои андӯҳгинӣ ва хафақон ва иллатҳои савдовӣ хуб аст. Гурӯҳе аз [пизишкон] ду дирамсанги онро бо гили арманӣ ба ҳангоми хафақони гарм [ба бемор] бидиҳанд. «Забони гов» (353) ва хусусан агар онро бо оби ангубин ва шакар пухта бошанд, аз сурфа ва дуруштии нои шуш судманд аст.
    [Андомҳои ронанда: «Забони гов» хилти савдовиро ба исҳол берун кунад]2.

  2. ЛИСОНУ-Л-ҲАМАЛ1 – АСПҒУЛ
    Plantago major L.
    Моҳият: Ин ду ҷинс бошад: хурд ва бузург. Дисқуридус гуфтааст, ки онро «бисёрпаҳлу» ва «ҳафтпаҳлу»
    хонанд. Барги бузурги он бузург ва хурди он хурд аст.
    Гавҳари аспғул аз обӣ ва хокӣ таркиб ёфтааст ва он бо гавҳари обӣ сард ва бо гавҳари хокӣ гиранда бувад.
    Ихтиёр: Судмандтарини ҳар ду гуна бузургтари онҳост. Самар ва бехи аспғул андар табъ ба барги он наздикӣ доранд, вале бештар хушку камтар сарданд.
    Табъ: Бехи аспғул хушктар ва камрутубаттар буда, сардияш бекарахтӣ ва хушкияш бегазанд бувад. Бад-ин сабаб аст, ки он беҳтарин доруи решҳост. Аспғул, хусусан агар хушкида бошад, латиф аст. Ҷолинус гуфтааст:
    «Аспғул андар дараҷаи дуввум сарди хушк аст».
    Хосиятҳо: Барги он бо [бахши] обии сарде, ки андар он аст, гиранда ва ронанда аст ва ҷорӣ шудани хунро боз дорад. Хушкии аспғул бегазанд аст ва бад-ин сабаб аст, ки он барои думмалҳои куҳан ва палид судманд аст ва ҳеҷ чизе беҳтар аз он набувад. Андар он ба иллати зудуданаш кушояндагист. Бехи онро бар гардани худованди ханозир биовезанд.
    Омосҳо ва табишҳо: Аспғул аз барои омосҳои гарм, оташсӯхта, намла, махмалак, сурхбод, омосҳои буни гӯшҳо ва ханозир хуб аст.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аспғул барои решҳои палид, «оташи форсӣ», решҳои хазандаю деррав ва ҷароҳатҳои

амиқ хуб бувад ва он андар ин бобатҳо пешрави ҳамаи доруҳост. Аспғулро агар бо гили қимулиё ва сафеда бар сурхбод биниҳанд, нафъ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо аспғул поғураро зимод кунанд, онро зиёд шудан нагузорад ва пажмурдааш созад.
Андомҳои сар: Аз дарди гӯш, ки аз гармӣ хеста бошад, судманд аст. Ҷӯшонидаи бехи онро барои дарди дандон мазмаза кунанд. Насквое, ки андар он ба ҷои чугундар аспғул афканда бошанд, аз саръ судманд аст. Агар фишурдаи барги онро ҳангоми дардҳои гӯш [андар гӯш] бичаконанд, дардро фурӯ нишонад. Агар бехи онро бихоянд ва ё ҷӯшонидаи онро мазмаза кунанд, дарди дандонҳоро ором кунад. Ҳамчунин оби барги он қулоъро беҳ кунад.
Андомҳои чашм: Аспғул рамадро судманд аст ва шиёфҳои рамадро бо фишурдаи он бигудозанд, суд бахшад.
Андомҳои нафаскашӣ: Тухми он аз хунпартоӣ судманд аст ва наскво, ки андар он ба ҷои чугундар аспғул афканда бошанд, аз дамкӯтоҳӣ суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бех, тухм ва барги он андар илоҷи суддаҳои ҷигару гурдаҳо [бидароянд]. Аз он наскво бипазанд ва чун андар он ба ҷои чугундар аспғул биафкананд, аз истисқо нофеъ бошад.
Андомҳои ронанда: Агар тухми онро биошоманд ва ё бо фишурдаи он ҳуқнарезӣ кунанд, решҳои рӯдагон ва исҳоли сафровиро суд бахшад. Аспғул хунравии бавосирро боз дорад ва ҷӯшонидаи барги онро бо тило аз барои дарди обгаҳ ва гурдаҳо биошоманд.
Табҳо: Гӯянд, ки аспғул аз таби серӯза, яъне рӯзафкан, судманд аст ва [низ] гуфтаанд, ки аз барои таби рӯзафкан бояд се бехи онро бо чаҳору ним уқия аз шароби омехта ва барои таби чаҳоррӯзӣ, чаҳор бехи онро низ ба ҳамин [тариқа] ошомид.
Заҳрҳо: Аспғулро бо намак бар газидагии саги девона биниҳанд.
391. ЛИСОН – ЗАБОН
Linqua
Моҳият: Ин гавҳарест, ки аз гӯшти ковок таркиб ёфта, андар он рагҳо, асабҳо ва мушакҳо даромадаанд. Хилти забон тар бувад.
392. ЛУҚУҒРОФИС1 – САНГИ ГОЗУРОН
Leukographis
Моҳият: Ин санги мисрӣ буда, гозурон онро андар сафед кардани ҷомаҳо ба кор баранд. Вай ковок буда, андар об зуд гудохта гардад.
Хосиятҳо: Бидуни газанде часпонанда, хушккунанда, гиранда буда, моддаҳоро ба сӯи андом ҷорӣ шудан нагузорад.
Решҳо: Он решҳо ва ҷароҳатҳоро хусусан агар андар андомҳои нарм бошанд, судманд аст.
Андомҳои чашм: Ҳангоми бемории ғарб ин судманд буда, андар таркиби доруҳои решҳои чашм бидарояд.
Андомҳои нафаскашӣ: Аз барои хунпартоӣ хуб аст.
Андомҳои ронанда: Аз исҳоли деррав ва аз дарди обгаҳ нофеъ аст ва онро аз барои қатъ сохтани хунравӣ ба зер баргиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ