Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

таълими панҷум
АНДАР БАЁНИ АНДОМҲО,
ки аз як фасл ва панҷ ҷумла иборат аст
Фасл
андар моҳияти андом ва бахшҳои он

Андомҳо ҷисмҳоеанд, ки аз бози омезиши хилтҳо ба вуҷуд омадаанд, чунон ки хилтҳо ҷисмҳоеанд, ки аз бози омезиши рукнҳо зода шуда бошанд.
Бархе андомҳо содаанд ва бархе мураккаб. Андомҳои сода он андомҳоеанд, ки кадом бахши эҳсосшавандаи онҳоро нагирӣ, андар ном ва ҳад ба кулл анбоз аст. Масалан, гӯшт ва бахшҳои он, устухон ва бахшҳои он, асаб ва бахшҳои он ва амсоли онҳо [чунинанд]. Бинобар ҳамин онҳоро «[андомҳои] андар бахшҳо яксон» хонанд.
Андомҳои мураккаб андомҳоеанд, ки чун даст ва рӯй, агар бахше аз онҳоро, [16] кадом бахше набошад, гирӣ, на андар исм ва на андар ҳад куллро анбоз набуванд. Ҳароина як бахши рӯй рӯй ва як бахши даст даст нест. Инҳоро «андомҳои афзорӣ» хонанд, зеро андар анҷом додани ҳаракатҳо ва корҳо афзорҳои нафсанд.
Нахустини андомҳои бахшҳояшон яксон устухон аст.
Ин барои он сахт офарида шудааст, ки бунёди тан ва сутуни ҳаракатҳост. Сипас куркурак ояд, ки он назар ба устухон нармтар буда, хам шавад ва назар ба тамоми дигар андомҳо сахт бувад. Аз офариниши вай чунин суд будӣ, ки ба ёрии вай пайвастани устухонҳо бо андомҳои нарм осон бигардад, зеро мумкин нест, ки сахт бо нарм бе миёнҷӣ ба ҳам омада бошанд, вагарна нарм, хусусан ҳангоми задан ва фишурдан, аз сахт озор хоҳад дид. Балки фароҳам омадан зина ба зина буда, масалан, андар устухони шона, сарҳои паҳлуҳои пушт ва андар куркураки ханҷарии зери сари сина ҳол ҳамин гуна бувад. Инчунин [куркурак] барои он аст, ки то ҳамҷавории пайвандгоҳҳои бо ҳам сованда беҳ бошад ва ба иллати сахтии хеш нашикананд. Низ барои он аст, ки агар бархе аз (20) мушакҳо майл ба сӯи андоме карданӣ бошанд, ки бе устухон аст, ба [куркурак] такя намуда, аз он қувват бигиранд. Масалан, мушакҳои пилкҳо, ки такягоҳ ва сутуни ватарҳои онҳо [куркурак] аст. Низ аз баҳри он аст, ки андар бисёр ҷойҳо, масалан, андар ҳанҷара ба такя намудан ба чизи қавии на чандон сахт ниёзмандист.
Сипас пайҳо биистанд, ки онҳо ҷисмҳои аз мағз ва ё аз ҳароммағз растаи сафеданд, ба нармию осонӣ таҳ шаванд ва ба сахтӣ аз ҳам бигсиланд. Пайҳо аз баҳри он офарида шудаанд, ки то андомҳо бо ёрии онҳо эҳсос ва ҳаракат кунанд.
Баъд, ватарҳо оянд, ки онҳо ҷисмҳои аз гӯшаҳои мушакҳо рӯидаи паймонанданд. Онҳо ба андомҳои ҳаракаткунанда рафта расида, гоҳе бо кашида шудани худ ба сабаби кашидашавӣ, ҷамъоӣ ва пас рафтани мушак [андомҳои ҳаракаткунандаро] бикашанд ва гоҳе бо суст шудани худ ба сабаби кушодашавӣ, ба ҳоли пештара баргаштан ва ё аз миқдори ба ҳангоми вазъи табиӣ ҷой дошта бештар дароз шудани мушакҳо, чунон ки мо инро андар бархе аз мушакҳо мушоҳада кунем, онҳоро боз кунанд.

Ватарҳо аксар вақт аз асабҳое, ки андар мушакҳо даромада, аз дигар сӯй баромадаанд ва аз ҷисмҳое, ки зикри онҳо пас аз зикри ватарҳо ояд, таълиф ёфтаанд. Ин ҷисмҳоро «пайвандҳо» (риботот) номанд. Инҳо низ андар намуду ламс асабмонанд буда, аз устухонҳо ба сӯи мушакҳо оянд. Баъд, [ватарҳо] ҳамроҳи асабҳо ба лифҳо тақсим шаванд. Он қисм аз лифҳо, ки ба мушак мепайванданд, бо гӯшт пур шудаанд ва қисми дигар, ки аз мушак ҷудо шуда, рӯ ба пайвандгоҳ ва ё андоми ҳаракаткунанда доранд, ҷамъ шуда, ба худ печида, ҳамчун ватар бигарданд.
Сипас пайвандҳо оянд, ки мо онҳоро ёд кардем. Инҳо низ ҷисмҳоеанд, ки баъзеашон ба асаб монанд буда, онҳоро ба таври мутлақ «пайванд» гӯянд ва баъзеи дигари онҳоро низ исми «пай» (ақаб) хос аст.
Он қисмеро, ки то ба мушак рафта бирасад, ҷуз «пайванд» наноманд ва он қисм, ки ба он рафта намерасад, лекин миёни ду сари ду устухони пайвандгоҳ ва ё миёни андомҳои дигарро пайваст намуда, пайвастагии як чизро ба чизи дигар мустаҳкам бисозад, ба изофаи он, ки «пайванд»
номида шудааст, низ аз исми «пай» (ақаб) баҳравар аст.
Ягон пайванд дорои ҳис нест ва барои он чунин аст, ки то ба иллати бисёрии он миқдор аз ҳаракату соише, ки лозиманд, ба дард наояд. Суди пайвандҳо аз он чи ки ёд карда шуд, зоҳир аст.
Баъд шараёнҳо оянд. Онҳо ҷисмҳои аз дил растаи ба дарозо кашидаи дарунтиҳиеанд, ки андар гавҳар асабҳову пайвандҳоро монанд. Онҳо дорои ҳаракатҳои кушодашавию дарҳамкашидашавианд, ки бо лаҳзаҳои оромӣ аз ҳам фосила доранд. Шараёнҳо барои бод додани дил ва рондани бухори дудӣ аз он ва барои расондани рӯҳи [ҳайвонӣ] ба андомҳои тан офарида шудаанд.
Сипас рагҳои варидӣ оянд, ки онҳо ба шараёнҳо монанд буда, вале аз ҷигар растаи ороманд ва барои бо хун таъмин намудани андомҳои тан офарида шудаанд.
Баъд пардаҳо оянд. Онҳо ҷисмҳоеанд, ки аз лифҳои паймонанди ба чашм ноаён бофта шудаанд ва тунуки густурда буванд. Пардаҳо ба сабаби манфиатҳои доштаашон сатҳи ҷисмҳои дигарро пӯшонида, фаро бигиранд ва аз ҷумлаи манфиатҳояшон инҳоянд: то ки [андомро] ба шаклу ҳайати доштааш нигоҳ доранд; то ки бо ёри асабҳову пайвандҳое, ки ба лифҳо ҷудо шуда, аз онҳо бофта шудаанд, ин [андомро] ба андомҳои дигар овехта, баста монанд, чунончи, гурдаҳо ба пушт [бастаанд]; то ки андомҳои андар гавҳари хеш беҳис дорои сатҳе бошанд, ки чизи дучоромадаи худро ба зот ҳис кунад ва аз ҳар чизе, ки андар ҷисми зери он ба вуҷуд меояд, ба араз огоҳӣ ёбад. Ин андомҳо аз қабили шуш, ҷигар, испурч ва гурдаҳоанд. Онҳо бо гавҳарҳои хеш албатта, ҳис накунанд, лекин ҳолатҳои ба онҳо дучор омадаро он пардае ҳис кунад, ки рӯи онҳоро печидааст. Ҳар гоҳ андар онҳо боде ва ё омосе падид ояд, [парда] онро ҳис кунад: бодро ба сабаби кашидашавие, ки андар вай ба амал ояд, ба араз ҳис кунад; ва омосро бошад, саргаҳ ва банди парда бад-он сабаб ба араз ҳис кунад, ки гаронии омос андомро ба зер бикашад.

пешина
аз 1215
навбатӣ