Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Сафро] чун ҷудо шавад, зуд ё бӯй гирад ва ё берун андохта шавад. Пас, ҳар гоҳ бӯй гирад, [қисми] тунуки вай ҳал шуда, [қисми] ситабри он ҳамчун савдои сӯхта, на тагшиншуда боқӣ бимонад.
Савдои фазлагӣ бошад, бархе аз он хокистари сафро ва сӯхтагии он буда, [таъмаш] талх аст. Фарқ миёни ину сафрое, ки «сӯхта» номидемаш, чунин аст, ки ба он сафро ин хокистар омехта гардад. Аммо ин [савдо] бошад, хокистари худ ба худ ҷудошудаест, ки тунуки он ҳал шудааст.
Қисме аз савдои фазлавӣ хокистари балғам ва сӯхтагии он аст. Балғам агар ниҳоят тунуки обакӣ бошад, хокистар шудани он ба шӯрӣ бианҷомад, вагарна ба туршӣ ва ё ба тундмазагӣ анҷом хоҳад ёфт.
Бархе аз [савдои фазлавӣ] хокистари хун ва сӯхтагии он буда, шӯри каме ширин аст.
Бархе аз он чизе бошад, ки хокистари савдои табиист.
Агар он тунук бошад, хокистару сӯхтагии он чун сирко сахт туруш буда, бар рӯи замин биҷӯшад [ва] боди он туруш буда, магасҳо ва амсоли онҳо аз он бигурезанд. Агар [савдои табиӣ] ситабр бошад, [хокистару сӯхтагии он] турушмазаи бо каме тундмазагию талхӣ [омехта] аст.
Синфҳои савдои бекора сетоанд: (17) сафрое, ки сӯхта, бахши латифи он ҳал шудааст ва [низ] он ду бахше, ки сипаси он ёд шудаанд. Савдои балғамӣ аз ҳама сустзиёнтари камбадитар аст ва [савдои] беш аз ҳама сахтзиёну зуд табоҳиоваранда ин [савдои] сафровист, лекин аз ҳама бештар илоҷпазир бувад. Аммо аз ду қисми дигар бадтар онест, ки аз ҳама туруштар аст, вале агар андар оғоз чорабинӣ карда шавад, зуд дармон бипазирад. Бахши севвум бошад, бар рӯи замин аз ҳама камтар биҷӯшад, камтар бо андом даровезад ва аз ҳама дертар ба ҳалокат бирасонад, лекин андар ҳал кардан, пазондан ва пазируфтани дору беш аз ҳама саркаш бувад.
Ин буд синфҳои хилтҳои табиӣ ва фазлавӣ.
Ҷолинус гуфтааст: «Ҳақ бар ҷониби касе нест, ки ба таъкид гӯяд хилти табиӣ ин хун аст, на ғайри он ва дигар хилтҳо фазла буда, албатта бад-онҳо ниёзмандие нест». Чунки хун агар як худаш хилте мебуд, ки андомҳоро ғизо диҳад, он гоҳ андомҳо андар мизоҷ ва қивом ба ҳам монанд мешуданд. [Яъне] устухон назар ба гӯшт сахт намебуд, магар ба ҳоле, ки хуни он хуне бошад, ки бо вай гавҳари сахти савдовӣ омехта шуда бошад ва мағз назар ба [гӯшт] нарм намебуд, магар ба шарте, ки хуни вай хуне бошад, ки бо он гавҳари нарми балғамӣ омехта шуда бошад. Худи хунро мебинӣ, ки бо тамоми хилтҳо омехтааст. Ҳар гоҳ хун бароварда, андар найчаҳо гирифта шавад, андар пеши назар ба [хилтҳо] ҷудо хоҳад шуд – як ҳисса чун кафк, ки он сафрост; як ҳисса чун дурд ва лойоба, ки он савдост; як ҳисса чун сафедии хояи мурғ, ки он балғам аст; ва як ҳиссаи обӣ, ки он бахши обӣ буда, фазлаи он аз роҳи пешоб берун биравад. [Бахши] обӣ аз ҷумлаи хилтҳо нест, зеро он аз ҷумлаи ошомиданиест, ки ғизобахш нест ва аз баҳри тунук сохтани ғизо ва гузаронидани он бад-он ниёзмандӣ бувад.
Аммо хилт бошад, аз ҷумлаи хӯрданию ошомидании ғизобахш аст. Маънои «ғизобахш» гуфтани мо ин аст, ки вай билқувва танро мемонад. Он чизе, ки билқувва тани мардумиро монад, ҷисми омехта бувад, на сода. Об бошад, сода аст.
Бархе мардумон гумон доранд, ки нерӯи тан ба фузунии хун ва нотавонии он ба камии хун вобаста аст. Ин тавр нест, балки ҳоли аз он бад шудани тан эътибор аст.
Баъзе касон гумон кунанд, ки агар хилтҳо баъди будан ба нисбате, ки тани инсон ин гуна нисбатро андар миқдори баъзеи он ба баъзеи дигар тақозо дорад, бешу кам шаванд, тандурустӣ маҳфуз хоҳад монд. Ин [ҳам] ин тавр нест, балки ба изофаи ҳар як аз хилтҳо баробари нигоҳ доштани миқдори андар нисбати ғайраш дошта бояд дорои миқдори муайяне бошад, ки якхела буда, на андар қиёс ба хилти дигар, балки худ ба худ чунин бувад. Оид ба масъалаи хилтҳо якчанд мавзӯъҳои мавриди баҳс боқӣ монданд, ки онҳо на муносиби пизишкон, балки муносиби файласуфонанд ва мо аз [овардани] онҳо рӯй гардондем.
Фасли дуввум андар баёни чигунагии зодани хилтҳо

Бидон, ки ғизо бо хоидан то андозае гуворида гардад.
Ин аз он сабаб аст, ки сатҳи даҳон пайваста ба сатҳи меъда аст, балки чунин аст, ки гӯё ҳар ду сатҳи ягона буванд ва андар [даҳон] бад-ин сабаб қувваи гуворанда ҷой дорад.
Ин аст, ки даҳон чун ба чизи хоидашаванда дучор ояд, онро то андозае дигаргун бигардонад. Даҳонро андар ин кор оби даҳоне, ки бо пухтагии худ дошта гармии модарзодӣ ситондааст, ёрӣ диҳад. Бинобар ин, гандуми хоида андар пухтани думмал ва хуроҷҳо кореро бикунад, ки гандуми кӯфтаи бо об сиришта ва андар вай пухта кардан натавонад.
Гуфтаанд, ки далели то андозае ба пухтан оғоз кардани чизи хоида ин аст, ки андар вай мазаю бӯи аввала ёфт намешаванд.
Сипас ғизо чун ба меъда ворид шавад, пурра пухта бигардад. [Ин пухтан] на танҳо бо ёрии гармии меъда сурат бигирад, балки бо ёрии гармии чизе [низ] ба амал ояд, ки меъдаро иҳота кардааст – ё аз тарафи рост, ки он ҷигар аст; ё аз тарафи чап, ки он испурч аст ва испурч метавонад на бо гавҳари хеш, балки бо шараёнҳову рагҳои зиёде, ки андар ӯст, гармӣ бидиҳад; ё аз тарафи пеш бо ёрии чодарпиҳе, ки ба сабаби равғани худ гармиро зуд пазируфта, ба сӯи меъда равона кунад; ва ё аз фароз дил ба миёнҷии ҳиҷобро гарм кардани хеш.
Ғизо чун бори аввал гувориш ёбад, андар бисёре аз ҳайвонҳо худ ба худ ва андар бештари онҳо бо ёрии он чи аз ошомиданӣ, ки бо [ғизо] омехтааст, ба килус мубаддал гардад. [Килус] гавҳари (18) обиест, ки кашкоби ситабрро монад. Сипас қисми тунуки [килус] аз меъда ва аз рӯдаҳо низ ҷабидашуда аз роҳи рагҳое равона бигардад, ки «мосориқо» ном доранд ва онҳо рагҳои борики сахти ба тамоми рӯдаҳо пайваст буванд. Чун андар онҳо равон бигардад, ба сӯи раге гузарад, ки «дарвозаи ҷигар» ном дорад. [Аз роҳи] ҷузъҳо ва шохаҳои «дарвоза», ки ба андарун равандаи чун мӯй хурду борикшавандаанд, андар ҷигар бигузарад. Даҳонаҳои [ин шохаҳо] ба даҳонаҳои бахшҳои решаҳои раги аз кӯзии ҷигар бархоста пайвастаанд.
[Килусро] андар [танҳои] мо аз ин тангноҳо ҷуз омехтаи зиёдатие аз об, ки зиёда аз эҳтиёҷи тан ошомида шавад, чизе гузаронанда нест.

пешина
аз 1215
навбатӣ