Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Оростагӣ: Тило кардани он аз «бемории рӯбоҳ» судманд аст ва оби он ба тариқи сар шустан шупушҳоро бикушад. Он ба сабаби пешоби бӯйнок овардан ва бо хосияти доштааш бӯи бади зери бағалро бибарад.
Омосҳо: Омосҳоро ҳал кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Оби он аз хориши сахт судманд аст.
Андомҳои сар: Оби он сабӯсаи сарро бибарад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҳаршаф, хусусан кӯҳии он ва алалхусус бех ва самғи он, маниши гаштан оваранд. Ин [самғ] «кангаржад»2 аст ва мо андар баёни он сипастар андар боби «коф» сухан хоҳем ронд3.
Андомҳои ронанда: Ҳаршаф боҳро биафзояд, пешобро битозонад, пешоби бӯйнок берун орад, табиат нарм кунад ва балғамро берун орад. Бисёр бошад ки агар онро бо шароб биошоманд, шикамро бибандад.
256. ҲАНДАҚУҚО – ДЕВСИПИСТ
Trigonella caerulea Ser., Т. elatior Sbth.
Моҳият: Ин растаниест, ки навъе аз он даштӣ ва навъе бӯстонист. Як намуди он мисрӣ бошад ва аз тухми он нон бисозанд ва бихӯранд1.
Табъ: Ибни Ҷурайҷ гуфтааст, ки девсипист андар охири дараҷаи дуввум гарми хушк аст, аммо Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки он андар миёни дараҷаи дуввум гарм аст. Девсиписти бӯстонӣ чунин ба назар ҳамерасад, ки гармияш андар охири дараҷаи якум бувад.
Хосиятҳо: Девсиписти бӯстонӣ ба иътидол бизудояд ва хушкӣ оварад. Даштии он бошад, баробари гармӣ овардан дорои қабз кардан бувад. Равғани он аз барои бодҳои ситабр [судманд аст].
Оростагӣ: Девсиписти даштӣ ва ҳамчунин бӯстониро барои доғи кунҷида [ба кор баранд].
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Фишурдаи девсиписти бӯстонӣ бо ангубин решҳоро пок кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани девсипист аз барои дардҳои пайвандгоҳҳо, ки аз бодҳо падид омада бошанд ва ба ҳангоми бими дер кашидани онҳо хуб аст ва бисёр касон аз он беҳ шудаанд.
Андомҳои сар: (320) Агар оби фишурдаи онро ба бинӣ бикашанд, сардард оварад, вале касеро суд бахшад, ки ӯро бисёр саръ рӯй диҳад.
Андомҳои чашм: Фишурдаи девсиписти бӯстонӣ ва хусусан бо ангубин барои сафедии чашм ва парда [суд дорад].
Андомҳои сина: Девсиписти хусусан даштӣ барои дарди устухонҳои паҳлу, ки аз балғам бошад, [судманд аст].
Девсипист дарди гулӯ ва хуноқҳо ба амал оварад ва зиёни онро бо кашниз, коҳу ва коснӣ бартараф кунанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Девсипист барои дарди меъдаи сард ва бодӣ судманд аст. Равғани он ба ҳангоми оғози истисқо суд дорад.
Андомҳои ронанда: Девсипист пешоб ва хуни ҳайзро битозонад. Девсиписти даштӣ бо шароб ва тухми панираки бӯстонӣ аз барои дарди обгаҳ хуб аст. Равғани он аз барои дарди хояҳо ва дарди раҳм судманд аст. Девсиписти даштӣ аз ҳайза суд дошта, шикамро бибандад. Девсипист ва тухми он боҳро биангезад.
Табҳо: Яке аз чизҳои андар ин боб гуфташуда ин аст,

ки агар худованди таби рӯзафкан аз барги он се барг ва ё аз тухми он се дона биошомад, давраҳои табро дигаргун кунад ва барои таби чаҳоррӯзӣ чаҳор дона аз якеи ин ду [бигиранд].
Заҳрҳо: Агар оби девсипистро бар газидагии каждум бипошанд, дардро зуд ором кунад. Агар онро бар андоми солим бипошанд, сӯзиш ва дард ба амал оварад. Тухми он аз барои муолаҷаи каждумгазида аз худи он дида қавитар бувад.
257. ҲУЛБА – ШАНБАЛИД
Trigonella foenum-graecum L.
Табъ: Андар охири дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи якум хушк аст. Аз рутубати бегона холӣ нест.
Феълҳо ва хосиятҳо: Қувваи шанбалид пазонанандаи нармкунанда аст ва ин бад-он сабаб бошад, ки андар он гармӣ бо часпакӣ фароҳам омадааст ва часпакии он газанди гармиро аз ғолиб омадан боз дошта, гармӣ ба оҳистагӣ амал кунад. Кимуси он ҳарчанд ки чандон кам нест, вале бад бувад.
Оростагӣ: Равғани он бо мӯрддона аз барои мӯй ва пайҳои решҳо судманд аст. Он, хусусан бо равғани гул, ба миёнҷии луоби худ аз барои кафидагиҳои сард суд дорад ва андар таркиби доруҳои доғи кунҷида, беҳкунандаи ранг, тағйирдиҳандаи бӯи даҳон, бӯи бади тан ва арақ бидарояд.
Омосҳо ва табишҳо: Шанбалид [омосҳои] балғамӣ ва сахтро ҳал бикунад ва орди онро аз барои омосҳои гарми берунию дарунӣ, агар онҳо на афрӯхта, балки моил ба сахтӣ бошанд, [ба кор бибаранд]. Шанбалид решҳои ғарбелакро нарм карда бипазонад.
Решҳо: Шанбалид бо равғани гул сӯхтагиро судманд бувад.
Андомҳои сар: Агар бо шанбалид сарро бишӯянд, сабӯсаро пок кунад. Вале он хусусан бо обкома сардард оварад. Агар онро бо обкома ба кор баранд, меъдаро кам зиён кунад.
Андомҳои чашм: Оби ҷӯшонидаи шанбалид хунпечидагиро шифо бахшад. Шанбалид ба тариқи андудан бар чашм моддаҳои ситабри омосидаро суд бахшад.
Андомҳои сина: Шанбалид овозро равшан кунад, шушро як андоза ғизо бидиҳад ва синаву гулӯро нарм кунад.
Хусусан агар онро бо ангубин, ё хурмо ва ё анҷир биҷӯшонанд, сурфа ва дамкӯтоҳиро фурӯ нишонад. Аз ҳама беҳтар он аст, ки онро бо хурмои сергӯшт якҷоя карда, фишурдаи ҳар дуро бигиранд, бо ангубини зиёд омехта, бар фарози ахгар ба қадри муътадил гарм кунанд ва ба муддати хеле барвақт пеш аа таом бихӯранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Зимод кардани он бо натрун барои бемории испурч судманд аст ва ҷӯшонидаи он, хусусан тозаи он, бо сирко аз барои камқувватии меъда [суд дорад] ва барои решҳои он маниши гаштан оварад. Сиркову обкома зиёни аз хӯрдани он [падидояндаро] бигардонанд.
Андомҳои ронанда: Аз барои омоси раҳм, дард ва часпидани он андар оби шанбалиди ҷӯшонида бинишинанд ва ҷӯшонидаи он бо сирко [низ] аз барои решҳои рӯдагон [судманд бувад]. Тозаи онро агар бо сирко газида бихӯ ранд, низ чунин бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ