Қонуни тиб

Мумкин нест, ки ҳам гармтару ҳам сардтар ва ҳам тартару ҳам хушктар бошад.
Ҳар як аз ин мизоҷҳои ҳаштгона берун аз ин [ду ҳол] нест: 1) Ё бе модда буванд, яъне он мизоҷ андар тан ҳамчун кайфияти танҳо падид ояд, аз ғайри он ки хилте дорои чунин кайфият андар тан нуфуз намуда, онро ба сӯи ин [кайфият] гардонда бошад ва бад-ин сабаб тан он кайфиятро ба худ гирифта бошад. Масалан, гармии [чизи] кӯфташуда ва сардии [чизи] андар жолаву барф нигоҳ дошта ҳамин гунаанд; 2) Ё ин ки ҳамроҳи модда бувад, яъне тан кайфияти он мизоҷро ба сабаби ҳамҷавории хилте ба худ гирифта бошад, ки андар вай нуфуз намуда, ин кайфиятро бар вай ғолиб гардонидааст. Масалан, сард шудани ҷисми инсонӣ ба сабаби балғами обгинаӣ ва ё гарм шудани он ба сабаби сафрои ганданоӣ ва ё зангорӣ ҳамин тавранд. Андар Китоби севвум ва чаҳорум барои ҳар як аз шонздаҳ мизоҷ мисолҳо метавонӣ пайдо кард.
Бидон, ки мизоҷ ҳамроҳи модда бар ду ваҷҳ аст: аз баҳри он ки андом мумкин аст гоҳе андар модда фурӯ рафта, бо он тар шуда бошад ва гоҳе модда андар роҳҳо ва ковокиҳои он [андом] банд шуда бошад. Бинобар ин, бисёр бошад, ки банд шудан ва ворид шудани [модда] боиси падид омадани омос бигардад ва бисёр бошад, ки чунин нагардад.
Ин буд гуфтор андар баёни мизоҷ. Пизишк бояд он чиро, ки худ ба худ барояш маълум нест, аз табиатшинос ба тариқи вазъӣ бипазирад. (10) Фасли дуввум андар баёни мизоҷҳои андомҳо
Офаридгори бузургу пок ба ҳар ҷонвар ва ҳар андоме ба ҳасби таҳаммули имконияти ӯ он мизоҷеро бахшидааст, ки сазовори ӯ ва шоистаи аҳвол ва афъоли ӯ бувад. Таҳқиқи ин бар уҳдаи файласуф аст, на пизишк. Инсонро мизоҷе додааст, ки муътадилтарини [мизоҷҳо] андар олам бувад ва дархӯри он қувваҳоест, ки инсон бо ёрии онҳо коркуну корпазир аст. Ҳар андомеро он мизоҷе бахшидааст, ки дархури ӯст.
Бинобар ин Ӯ бархе андомҳоро гармтар, бархеро сардтар, бархеи дигарро хушктар ва бархеро тартар гардонидааст.
Он чи ки андар тан беш аз ҳама гарм аст, рӯҳ, баъд дил, ки он сарчашмаи рӯҳ аст ва сипас хун буванд. Ба дурустӣ хун ҳарчанд андар ҷигар зода шавад, вале ба сабаби пайвастагии хеш ба дил аз гармӣ он миқдореро биситонад, ки ҷигарро набудӣ. Сипас ҷагар аст ва он мисли хуни афсурда бувад. Баъди он гӯшт ояд, ки он назар ба ҷигар камтар гарм аст ва аз баҳри он гӯшт камтар аз ҷигар гарм бувад, ки бо торҳои [10] асаби сард омехтааст. Баъд аз он мушакҳо оянд ва онҳо андар гармӣ камтар аз гӯшти содаанд, зеро бо онҳо асаб ва пайвандҳо омехта буванд. Сипас испурч ояд, зеро андар вай дурди хун ҷой дорад. Баъди он гурдаҳо биистанд, зеро хун андар онҳо ба миқдори зиёд нест. Сипас табақаҳои рагҳои ҷаҳанда оянд, ки онҳо на ба сабаби гавҳарҳои асабии хеш, балки ба сабаби дучор омадан ба гармидиҳии хуну рӯҳ, ки ҳар ду андар онҳо ҷой доранд, чунин буванд. Сипас табақаҳои рагҳои ором оянд, ки танҳо аз барои хун буванд. Сипас пӯст ва баъди он пӯсти муътадили каф ояд.
Сардтарин чиз андар тан балғам, сипас мӯй, баъд устухон, баъди он куркурак, баъд аз он зардпай, сипас ватар,
баъд парда, баъди он асаб, баъди он ҳароммағз, баъди он мағз, баъди он пиҳ, баъди он равған ва сипас пӯст бошад.
Аммо тартарин чиз андар тан балғам, баъди он хун, баъди он равған, баъди он пиҳ, баъди он мағз, баъди он ҳароммағз, баъди он гӯшти пистон ва хояҳо, баъди он шуш, баъди он ҷигар, баъди он испурч, баъди он гурдаҳо, баъди онҳо мушакҳо, баъди онҳо куркурак ва сипас пӯст аст.
Ин ҳамон тартибест, ки Ҷолинус вазъ кардааст. Лекин бояд бидонӣ, ки шуш андар гавҳар ва сиришти хеш ниҳоят тар нест, зеро ҳар андоме андар мизоҷи модарзодии худ чизеро монад, ки аз он ғизо ҳамегирад ва андар мизоҷи аразии худ чизеро монад, ки андар вай ҷамъ ояд. Баъд, шуш аз хуни гармтарин ва беш аз ҳама омехта бо сафро ғизо бигирад, ки инро худи Ҷолинус ба мо таълим додааст. Лекин андар шуш аз бухорҳои бархостаи тан ва аз назлаҳои ба вай фурудомада фазлаи зиёде аз тарӣ ҷамъ бигардад. Агар кор бад-ин гуна бошад, пас, ҷигар андар тарии модарзодии хеш хеле беш аз шуш тар буда, шуш андар таршавӣ бешӣ дорад, ҳарчанд ки муддати дароз тар будан гавҳари вайро низ бештар тар бигардонад. Ҳамин тариқ, ҳоли балғаму хунро бояд аз дигар сӯй бифаҳмӣ. Яъне ба ин гуна ки тарӣ ситондани балғам аксар вақт ба тариқи тар шудан аст ва тарӣ ситондани хун ба тариқи қарор гирифтани [тарӣ] андар гавҳари [хун] аст, зеро балғами табиии обӣ мумкин аст худ ба худ беш аз хун тар бошад. Хун ҳар гоҳ насиби худро аз пухтагӣ пурра биситонад, бисёри тарие, ки андар балғами обии табиии хунгардида ҷой дошт, ба таҳлил аз хун биравад. Сипас хоҳӣ донист, ки балғами табиӣ хунест, ки ба бархе аз дигаргуниҳо дучор омадааст.
Аммо чизи хушктарин андар тан мӯй аст, зеро он аз бухори дудие иборат аст, ки ҳар чӣ аз омехтаи бухор андар вай будааст, ба таҳлил харҷ гардида ва [моддаи] дудии холис баста шудааст. Сипас устухон бувад, зеро он сахттарини андомҳост, лекин ба сабаби он ки аз хун падид омадааст ва ниҳоди вай ба гунаест, ки тариҳои модарзодиро ба худ кашидан битавонад, беш аз мӯй тар бувад. Бинобар ҳамин устухон ғизои бисёре аз ҷонварон аст, вале мӯйро ба ҷуз шумораи каме аз онҳо ғизо накунад ва ё дурусттараш ин ки аз ҷумлаи онҳо фақат яке [мӯйро ғизо кунад]. Чунончи, гумон биравад, ки шабпараҳо мӯйро бигуворанд ва ба осонӣ фурӯ бибаранд. Лекин агар мо ду миқдори андар вазн баробар аз устухон ва мӯйро гирифта, андар «каду» ва дамбанд арақ бикашем, аз устухон обу равғани бештаре фурӯ чакида, вазни камтаре аз он боқӣ хоҳад монд. Аз ин ҷо пайдост, ки устухон беш аз мӯй тар бувад.
Андар хушкӣ баъди устухон куркурак, баъд пайванд, баъди он ватар, баъд парда, баъд шараёнҳо, баъд рагҳои варидӣ, баъд асаби ҷунбиш, баъди он дил ва сипас асаби ҳис оянд. Ба ростӣ, асаби ҷунбиш хеле беш аз ҳадди эътидол ҳам сарду ҳам хушк аст. Асаби ҳис назар ба ҳадди эътидол хеле сардтар буда, вале хушктар нест, (11) балки мумкин аст [андар хушкӣ] наздик ба он бошад ва на низ вай андар сардӣ камтар аз он аст. Сипас пӯст ояд.
Фасли севвум андар мизоҷҳои синҳо ва ҷинсҳо
Синҳо ҷумлагӣ бар чаҳор бахшанд: синни болиш, ки онро синни «наврасӣ» (ҳадосат) гӯянд ва он то наздикии сисолагист; сипас синни боз истодан аз [болиш], ки он синни барноӣ буда, то наздикии сию панҷ – чиҳилсолагист; сипас синни пастравӣ андар ҳоле, ки қувва боқӣ бошад ва ин синни думӯягон буда, то наздикии шаст аст; ва сипас синни пастравӣ андар ҳоле, ки нерӯро нотавонӣ падид ояд ва ин синни пирон буда, то поёни умр аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё