КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Омилҳои маҳдудкунанда Буриши дарахтон, омилҳои ноҳинҷоркунанда, вайронкунии лонаҳо, коҳиш ёфтани манбаъҳои ғизоӣ боиси маҳдуд шудани саршумори каргаси сиёҳ мегарданд.
Ҳангоми ноҳинҷорӣ лонаҳоро тарк мекунад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар зери назорати ҷиддӣ қарор додани ҷойҳои лонагузорӣ, маҳдуд намудани хатари омилҳои ноҳинҷоркунанда дар давраи лонасозӣ ва тарғиб намудани донишҳо оид ба ҳифзи ин намуд ба афзун гардидани шумораи он мусоидат мекунанд.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1940, 1969; Потапов, 1969; Абдусалямов, 1971; Китоби сурхи СССР, 1978.
ПАРАНДАГОН
Aves
МУРҒИ ҲУМО (ҒАҶИР)
Gypaetus barbatus (Linnaeus, 1758) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Лочинҳо ‒ Accipitridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар тамоми қаторкўҳҳои Тоҷикистон
– Қурама, Туркистон, Зарафшон, Пётри I, Ҳисор, Дарвоз, Ҳазратишоҳ ва кўҳсори ҳудуди Бадахшону Помир ва кўҳҳои Муғул паҳн гардидааст. Баъзан дар кўҳҳои байни дарёҳои Кофарниҳону Вахш ва Боботоғ вомехўрад.
Муҳити сукунат
Муҳити сукунати ин намуд амалан аз ҳудуди мавзеъҳои наздикўҳӣ намебарояд. Муҳити хоси сукунати он нишебии кўҳҳо, водиҳои кўҳҳо ва дарёҳо ба ҳисоб мераванд Саршумор
Саршумори умумиаш номаълум аст. Ҷуфтҳои лонагузори он аз якдигар хеле дур (15-20 км) ҷойгир мешаванд. Парандаи муқимист.
Дар баландиҳои 1800-4000 метр аз сатҳи баҳр лона месозад.
Хусусиятҳои биологӣ Оид ба афзоиши мурғи ҳумо маълумот хеле кам аст. Миёнаҳои март 1-2 тухм гузошта, моҳҳои апрелу май аз тухмҳо чўҷа мебарояд.
Мурдаи ҳайвонотро, ки баъди хўрдани каргас, бургут ва ширхорҳои дарранда мондааст, мехўрад. Баъзан заргўши хурд, суғур, кабк ва бачаи ҳайвонҳои сумдори ваҳширо сайд мекунад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити боғҳои ҳайвонот хуб афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Доштан ва бесабаб ҳамчун «зараррасон»-и чорво таъқиб кардани мурғи ҳумо боиси камшуморӣ ва дар баъзе маҳалҳо боиси пурра нест шудани он гаштааст.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳалҳои лонагузории мурғи ҳуморо ба рўйхат гирифта, онҳоро муҳофизат кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971; Красная книга СССР, 1978; Абдулназаров, 1998.
УҚОБИ МОРХЎР
Circaetus gallicus (Gmelin, 1788) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Лочинҳо ‒ Accipitridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ- Ғарбӣ, кўҳҳои начандон баланди соҳили рости дарёи Кофарниҳон (қаторкўҳи Боботоғ), кўҳсори Оқтов, поёноби дарёи Вахш (мамнуъ гоҳи «Бешаи палангон»), нишебиҳои кўҳи Хоҷамуъмин ва қаторкўҳи Ҳазратишоҳ паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар ҷангалзори дарёбод, зинаҷойҳои ҷаридори дарё ва пасткўҳҳои ҷанубии Тоҷикистон ҳаёт ба cap мебарад. Дар давраи кўчиши мавсимӣ дар атрофи водии дарёҳо ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ сукунат меёбад.
Саршумор
Саршумори аниқи уқоби морхўр дар Тоҷикистон номаълум аст.
Айни замон 3 лонаи он ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон моҳҳои март-октябр дучор меояд. Фардҳои алоҳидаи ин намуд дар Тоҷикистони Марказӣ ва Шимолӣ дучор меоянд.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи мавсимии лонагузор аст. Нимаҳои дуюми моҳи март чуфтшавии ҷинсҳо оғоз гардида, то даҳаи дуюми апрел давом мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё