Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Тирамоҳ аз охирҳои сентябр то миёнаи октябр парида мераванд.
Хусусиятҳои биологӣ Лаклакҳои сиёҳ дар тоқи шах шохчаҳоро тавассути гил ва чим ба якдигар устувор карда лона месозанд. Чор адад тухм гузошта, онҳоро 35-46 рўз пахш мекунанд.
Чўҷаҳо баъди 64-65 рўзи аз тухм баромаданашон лонаро тарк мекунанд.
Моҳӣ, ҳашароти обӣ, хазанда ва қурбоққаро ғизо мегирад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳдорӣ дар шароити сунъӣ имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабаби асосии дар Тоҷикистон кам шудани лаклаки сиёҳ омили ноҳинҷор гардонидани ин паранда мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Шикори лаклаки сиёҳ дар ҳама ҷо манъ аст. Ҷойҳои лонагузории онро ба таври қатъӣ муҳофизат бояд кард. Оид ба муҳофизати лаклаки сиёҳ тарғибот бурдан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971, 1988; Мекленбурцев, 1983; Абдусалямов, Мирзобаҳодурова, 2010.
ҒОЗИ ҲИНДӢ
Anser indicus (Latham, 1790) Қатори
Лавҳанўлон ‒ Anseriformes Оилаи
Мурғобиҳо ‒ Anatidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар солҳои 50-60-уми асри гузашта сар карда ҳудуди паҳншавии ғози ҳиндӣ аксарият кўлҳои Помири Шарқӣ – Зоркўл, Қарокўл, Рангкўл, Шўркўл, Сасиқкўл ва Яшилкўлро фаро мегирифт.
Аз солҳои 70-уми асри гузашта ҳудуди паҳншавии он хеле маҳдуд гардид. Айни замон дар Зоркўл ва Қарокўл вомехўрад.
Муҳити сукунат
Макони сукунати ғози ҳиндӣ ҷазираҳои шўрзамине, ки аз соҳили кўлҳо дур ҷойгиранд ба ҳисоб меравад. Дар қитъаҳои пасту баланди шибарзамини соҳили кўлҳо ғизо меҷўяд. Маҳали сукунати ғози ҳиндӣ дар баландиҳои 3600-4100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Саршумор
Ибтидои солҳои 60-ум ҳамагӣ 600-700 ва солҳои 70-уми асри гузашта 780 сар ғози ҳиндӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар солҳои охир дар Зоркул ва Қарокўл 210- 220 ҷуфти лонагузори ғози ҳиндӣ вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Парандаи кўчанда мебошад.
Охирҳои моҳи апрел ва аввалҳои моҳи май ба Помир парида меояд.
Моҳҳои сентябр-октябр барои зимистонгузаронӣ ба Покистон ва Ҳиндустон кўчиш мекунад.
Баробари парида омадан ба ҷуфтҳо ҷудо шуда, ба лонагузорӣ шурўъ мекунад. Аз 4 то 6, баъзан то 8 тухм мегузорад. Марҳилаи тухмзеркунӣ 20-22 рўз давом мекунад.
Дар парвариши насл ҳарду
ПАРАНДАГОН
Aves ҷинс ғамхорӣ мекунанд. Ба сифати ғизо растаниҳои соҳилӣ, обсабзҳо ва гамаридҳоро истифода мебарад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, ҷамъ кардани тухм дар давраи афзоиш, ноҳинҷор намудан дар давраи тухмгузорӣ, вайроншавии ҷазира ва соҳилҳо, тағйирёбии иқлим омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори ғози ҳиндӣ мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш меёбад.
Тадбирҳои ҳифз
Мубориза бар зидди шикори ғайриқонуниро пурзўр намуда, навбатдорӣ ва мониторинги мавсимии популятсияи табиии ғози ҳиндиро дар давраи лонагузорӣ ва чўҷабарорӣ дар ҳудуди муҳити сукунати он ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Потапов, 1966; Иванов, 1969; Абдусалямов, 1971; Красная книга
СССР, 1978.
ПАРАНДАГОН
Aves
КАРГАСИ ҲИМОЛОӢ
Gyps himalayensis (Hume, 1869) Қатори
Шоҳинмонандҳо ‒ Falconiformes Оилаи
Лочинҳо ‒ Accipitridae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.

пешина
аз 256
навбатӣ