КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани мавзеъҳои хоси зист ва таъқиб аз тарафи инсон боиси маҳдуд гардидани саршумори гургдандони кундаланграх гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ ва террариум парвариш ва нигоҳубини ин намуд имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои зисти ҷамоаи гургдандони кундаланграхро зери муҳофизати ҷиддӣ, қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Дубинин, 1954; Саид-Алиев, 1979.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
КУБРОИ ОСИЁИМИЁНАГӢ
Naja oxiana (Eichwald, 1831) Зерқатори
Морҳо ‒ Serpentes Оилаи
Аспидҳо ‒ Elapidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
1 Конвенсияи «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) дохил гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар поёноби дарёи Кофарниҳон, водии Вахш, атрофи Қумсангир, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», атрофи Узунқишлоқ, Панҷ, мавзеъи Даҳанакиик, атрофи Олимтой, Данғара, Кангурт, Балҷувон, Темурмалик, доманакўҳҳои Қаротов, ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ ва доманакўҳҳои қаторкўҳи Ҳисор паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Тарқишҳо, лонаи хояндаҳо, зери сангу харсангҳоро ба сифати паноҳгоҳ истифода мебарад. Дар вайронаҳо ва заминҳои лалмӣ низ вомехўрад.
Саршумор
Дар солҳои гузашта саршумори кубро дар атрофи Қумсангир (Дўстӣ), Олимтой ва Данғара дар масофаи 6-18 км аз 3 то 7 фард баҳогузорӣ карда шудааст. Айни замон дар масофаи 6-18 км ҳамагӣ
1 фарди онро дидан мумкин аст.
Хусусиятҳои биологӣ Давраи ҷуфтшавии кубро ба охирҳои моҳи апрел ва аввали моҳи май рост меояд. Насли кубро аз тухм моҳҳои август-сентябр мебарояд.
Бадани насли ҷавон рахҳои сиёҳи кундаланг дошта, бо ин аломаташ онро зуд фарқ кардан мумкин аст. Асосан аз обхокиҳо – ғук ва қурбоққа; хазандаҳо - калтакалоси пойдарози зард, калтакалоси чобук, тухми парандаҳо ва хояндаҳо ғизо мегирад. Насли ҷавон аз ҳашарот ғизо мегирад. Аз сангпуштчаҳои то яксола низ ғизо мегирад. Мори заҳрдор аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Таназзули муҳити зист, чаронидани чорво, азхудкунии мавзеъҳои зист ва таъқиби кубро аз ҷониби инсон омилҳои асосии маҳдудкунандаи саршумори он мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ ва террариум парвариш ва нигоҳубини ин намуд имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои хоси зисти куброи осиёимиёнагиро дар соҳили дарёҳои Вахш, Аму, ноҳияи Ҳамадонӣ зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, минтақаҳои хоси сукунати онро ғўруқ эълон намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Саид-Алиев, 1979, 1988; Шербина, 1958; Атаев, 1985; Сатторов, 1994.
ГУРЗАИ ОСИЁИМИЁНАГӢ
Macrovipera lebetina turanica Cernov, 1940
Зерқатори
Морҳо ‒ Serpentes Оилаи
Морҳои афъӣ ‒ Viperidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар соҳили дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Обихингоб, Сурхоб, Хумоб (шохоби дарёи Панҷ), Қаратоғ, Варзоб, Беғар, Харангон Сардаи миёна, Зарафшон, Ёзғанд, Тавилдара, атрофи боғи ботаникии Институти биологии Помир, Бартанг паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Зери сангу буттаҳо ва лонаҳои хояндагонро ба сифати паноҳгоҳ истифода мебарад. Дар водиҳо дар атрофи ҷўйборҳо, заҳбурҳо ва киштзорҳо, дар баландиҳои 300- 2800 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё