Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ХАЗАНДАГОН
Reptilia
Хусусиятҳои биологӣ Хусусиятҳои биологии ин калтакалос таҳқиқ карда нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Зимни аз худ намудани минтақаҳои биёбонӣ, мавзеъҳои хоси зисти калтакалоси миёнаҷусса дар поёноби дарёҳои Кофарниҳон ва Вахш таназзул гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Масоҳати паҳншавӣ ва ҷамоаи калтакалоси миёнаҷусса маҳдуд аст, бинобар ин мавзеъҳои сукунати онро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Симаков, 1985; Сатторов, 1994.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
КАЛТАКАЛОСИ ХОЛДОР
Eremias nigrocellata (Nikolsky, 1896) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Калтакалосҳои ҳақиқӣ ‒ Lacertidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон паҳн гардидааст. Дар поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш ва атрофи Қубодиён, Шаҳритус, Чилучорчашма, Бешкент, Айвоҷ, регзорҳои Кўрҷалиқум, Қародум ва мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар хокҳои омехта бо рег, ки шутурхор ва явшон мерўянд, сукунат менамояд. Дар водии Бешкент бинобар аз худ гардидани заминҳо дар канори заминҳои киштшаванда, соҳили канал, ҷўйҳо ва доманаи теппаҳо вомехўрад.
Саршумор
Дар солҳои 60-уми асри гузашта дар атрофи Қубодиён дар масофаи
13 км 30 фарди калтакалоси холдор ба ҳисоб гирифта шудааст.
Соли 1987 дар доманакўҳҳои Туюнтоғи водии Бешкент дар муддати 30 дақиқа роҳпаймоӣ намудан дар масоҳати 1 га 17 фарди он мушоҳида гаштааст. Соли 2008 дар мавзеъҳои дар боло зикргардида, дар тўли 2-3 соат раҳпаймоӣ намудан 2-3 фарди ин калтакалос ба ҳисоб гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Охирҳои моҳҳои феврал ва аввали март аз хоби зимистона мехезад.
Аввали моҳи ноябр ба хоби зимистона меравад. Баҳорон аз соатҳои 8 то 18 фаъол мебошад.
Ҷинсҳо моҳҳои феврал-март ҷуфт мешаванд. Модина 2-3, баъзан то
4 дона тухм мегузорад. Дар бехи буттаҳо лона кофта паноҳ мебарад.
Дарозии лонааш 15-28 см ва чуқуриаш то 10-12 см аст. Лонаи хояндагонро низ ба сифати паноҳгоҳ истифода мебарад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардан ва обёрӣ намудани заминҳо, бенизом чаронидани чорво боиси аз байн рафтани ин намуд мегардад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳубини ин намуд дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади афзун намудани саршумори калтакалоси холдор мавзеъҳои хоси сукунати онро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, дар он ҷойҳо ғўруқгоҳҳои хурд ташкил намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1987, 1994.
КАЛТАКАЛОСИ ПОЙДАРОЗИ ЗАРД
Eumeces schneideri (Daudin, 1802) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Калтакалосҳои пойдароз ‒ Scincidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар поёноби дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Қизилсу, қад-қади дарёҳои Ёхсу, Тоирсу, Харангон, Қаротегин, Ёс ва Сардаи Миёна паҳн гардидааст. Дар Балҷувон, Чубек, Ёл, мамнуъгоҳи «Даштиҷум», Фархор, кўҳсори Қаротов, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Ёвон, Рангон, Данғара, Олимтой, Хоҷасартез, мамнуъгоҳи «Ромит», ноҳияи Истаравшан низ ба қайд гирифта шудааст.

пешина
аз 256
навбатӣ