КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Хусусиятҳои биологӣ Аз рўи хусусиятҳои биологӣ ба офтобгардакҳои ҳимолоӣ ва туркистонӣ шабоҳат дорад. Дар таркиби ғизои он дар баробари ҳашароти гуногун боқимондаи растаниҳо низ вомехўрад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз сабаби он ки пурра таҳқиқ нагардидааст омилҳои маҳдудкунандаи саршумори ин намуд маълум карда нашудааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз Мавзеъҳои сукунат ва ҷамоаҳои хоси зисти офтобгардакро дар қаторкўҳи Сурхкўҳ ғўруқ эълон кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Саид-Алиев, 1979; Ананева и др., 1981; Сатторов, 1989.
ОФТОБГАРДАКИ КАВКАЗӢ
Paralaudakia caucasia (Eichwald,1831) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Агамаҳо ‒ Agamidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Масоҳати нисбатан маҳдуд паҳн гардидаи ин намуд дар қисмати ҷанубу ғарбии қаторкўҳҳои Дарвоз ва Ҳазратишоҳ, соҳили рости дарёи Панҷ, мамнуъгоҳ ва ғўруқи «Даштиҷум» боқӣ мондааст.
Дар соҳили дарёҳои Шпилов, Сурхкура, мавзеъҳои Кизир, Яхчипун, Сариғор, Чуски боло, атрофи деҳаҳои Себандӣ, Қавоқ, Анҷиров, Хирманҷо, Шоуни боло дар баландиҳои 700-1400 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Муҳити сукунат Муҳити хоси сукунати ин намуд соҳили дарёҳои кўҳӣ, сойҳои хушк ва камоб, нишебиҳои регсангӣ ва конгломератие, ки дорои тарқишҳои зиёданд, ба ҳисоб рафта, мавзеъҳои камдарахти регсангӣ, сангҳои калонҳаҷми миёни ҷангалҳои сираки омехтаи пиставу бодом, арча ва соҳилҳои дарёҳоро ба сифати ҷои зист интихоб менамояд. Дар мавзеъҳои ҳамвор нисбатан кам вомехўрад.
Саршумор
Моҳи марти соли 2011 дар мавзеъҳои Яхчипун ва Чашмаи Гарак дар масофаи 4-5 км 3 фарди ин калтакалос ба қайд гирифта шудааст. Моҳи майи соли 2011 низ дар мавзеъи Кизир дар масофаи 1-2 км 3 фарди офтобгардаки кавказӣ ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Аз моҳҳои март фаъол гардида, моҳи ноябр ба хоби зимистона
ХАЗАНДАГОН
Reptilia меравад. Ҷуфтшавии фардҳо дар моҳҳои март-апрел ҷараён мегирад.
Аз ҳашарот ва қисмҳои гуногуни растаниҳо, аз ҷумла намуди полигонуми Овчинников, кавар, меваи хоргулҳо, яхманак, шутурхор ва луфтоқ ғизо мегирад.
Тадқиқотҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ғизои растанигии офтобгардак нисбат ба ғизои ҳайвонотии он бартарӣ дорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз сабаби он ки пурра таҳқиқ нагардидааст омилҳои маҳдудкунандаи саршумори ин намуд маълум карда нашудааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз Дар мамнуъгоҳи «Даштиҷум»
ва ғўруқгоҳи бо он ҳамном зери муҳофизат қарор дорад.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1993; Саидов, 2012, 2013, 2014.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
СУСМОРИ ХОКИСТАРРАНГ
Varanus griseus (Daudin, 1803) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Сусморҳо ‒ Varanidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд»
(CITES), ворид гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар соҳилҳои поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Ёхсу, Панҷ ва Сир, Қубодиён, регзори Кўрҷалиқум, Шоҳ, Айвоҷ, водии Бешкент, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Полвонтуғай, дашти Оқгазин, Оқбошадир, регзори Қародум, Панҷи поён, кўҳҳои Қаратови Панҷ, Олимтой, Хоҷамуъмин, доманакўҳи Боботоғ, соҳили рости обанбори Қайроққум, Ҷарбулоқ паҳн гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё