Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Паҳншавӣ
Дар водии Вахш, нишебиҳои ҷанубӣ ва шимоли қаторкўҳи Ҳисор ва Бадахшон паҳн шудааст.
Муҳити сукунат
Сокини биёбон, водӣ ва ноҳияҳои баландкўҳ аст.
Саршумор
Дар биотсенозҳои табиӣ камшумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Савораки мўйлабсиёҳ паразити берунии парвонаҳои Agrotis segetum Schiff, Heliothis armigera, Agrotis ypsilon буда, кирми даҳаи калонро нобуд мекунад. Ба бадани ҳар кирм 1-5-то тухм мемонад.
Инкишофи тухм 3-7 рўз аст. Кирмина 8-10 рўз инкишоф ёфта, дар бадани кирми мурдаистода пиллаи сиёҳ метанад. Савораки болиғ баъди 12 рўзи танидани пилла парвоз мекунад.
Марҳалаи пурраи инкишофи ин саворак 25-30 рўз аст. Дар рўзҳои гарми сол 3-4 маротиба насл меорад.
Дар давраи даҳаи калони кирминагиаш дар пиллаи парвонае, ки дар чуқурии 5-10 см гўр карда шудааст, зимистон мегузаронад.
Баҳорон аз охирҳои март cap карда, 10-15 рўз пеш аз парвонаи кирми тирамоҳӣ парвоз мекунанд. Кирми зимистонаву баҳории парвонаи тирамоҳӣ назар ба кирми наслҳои минбаъда аз саворак зиёд осеб мебинад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дараҷаи зарарнокии парвона ва самарабахшии ҳашароти муфидро ба ҳисоб нагирифта истифода бурдани заҳрхимикатҳо боиси маҳдуд гардани савораки мўйлабсиёҳ мегардад. Дар баъзе мавридҳо саворакҳо пурра маҳв мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз
Ба манбаи зараррасонҳо пошидани заҳрхимикатҳо манъ кардан зарур аст. Усулҳои сунъии зиёд кардани саворакҳоро муқаррар карда бар зидди кирми тирамоҳӣ дар киштзор cap додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Каменкова, 1968; Малявин, 1971; Толканец, 1976; Жуманов, 1978;
ҲАШАРОТ
Insecta
САВОРАКИ
БИТСИНГУЛАТА
Phobocampe bicingulata (Grоvenhorst, 1829) Қатори
Пардаболҳо ‒ Hypenoptera Оилаи
Саворакҳои ҳақиқӣ ‒ Ichneumonidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Ҳисор маскан гирифтааст.
Муҳити сукунат
Дар минтақаи бешазори кўҳӣ, ки дарахтони мевадиҳанда, алалхусус себ мерўянд, зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Танҳо якчанд фарди онро дарёфт кардаанд.
Хусусиятҳои биологӣ Дар куяи себ - Hyponomeuta malinellus Zell паразитӣ мекунад.
Маълумоти дигар нест. Новобаста аз сершумории куяи себ шумораи саворак кам мондааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Азбаски экологияи ин саворак дар шароити Тоҷикистон таҳқиқ нагардидааст, сабабҳои камшумории он номаълуманд.
Тадбирҳои ҳифз
Паҳншавӣ ва биологияи саворакро омўхта, дар асоси он усулҳои бо роҳи сунъӣ афзун карданашро коркард намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Малявин, 1971.
ҲАШАРОТ
Insecta
ЧИР-ЧИРАКИ
ПАВЛОВСКИЙ
Tadzhikia pavlovskii (Mistshenko, 1952) Қатори
Ростқанотҳо ‒ Orthoptera Оилаи
Чир-чиракҳои ҳақиқӣ ‒Tettigoniidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Тоҷикистон аст. Дар ҳудуди қаторкўҳҳои Ҳисор ва Қаротегин дучор меояд.
Аз рўи 4 малахаки нарина ва
3 малахаки модина, ки аз Кондара ёфт шудааст, тавсиф гардидааст.
Дар нишебиҳои қисми ғарби қаторкўҳҳои Қаротегин зернамуди

  • Tadzhikia pavlovskii ornata дучор меояд. Оид ба мавҷудияти он дар дигар минтақаҳои кўҳӣ маълумот нест.
пешина
аз 256
навбатӣ