АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Чашмаш садта.
(Ғалбер)
Шаб ходим,
Рўз оим.
(Кўрпа)
Дар як хонача,
Шаст ходача.
(Гўгирд)
Шуғ буд, луғ буд,
Нўгакаш тунук буд.
(Сўзан)
Ду оча,
Чил бача.
(Норбон)
Дум дораду гўш надорад,
Бок аз тару хушк надорад.
(Табар, теша)
ЛУҒАТ:
Шуғ- афсона
Бок – тарс, бим
ЧИСТОНҲО БАРОИ СИНФҲОИ
1 - 2
-Ҳасан яке сафар кард, Сад қишлоқа хабар кард.
(Заминҷунбӣ)
Қолини сафед дорем, Афшонда наметонем.
Тиллои зиёд дорем, Шумурда наметонем.
(Осмон ва ситораҳо) Меравад, меравад, ба ақибаш ҳаргиз нигоҳнамекунад.
(Дарё)
Шатар-шутур беором, Шўлапазӣ рўи бом.
(Борон)
Теша задам, табар задам,
Парида Ҳиндустон рафт.
(Ях)
Аз зин пасту аз кўҳ баланд.
(Роҳ)
Аз ин ҷо то мадина,
Тинг - тинги дона-дона.
Луғат:
Мадина - номи шаҳрест дар Арабистон.
Як табақ пури анор,
Мард бошӣ бубардор.
(Оташ)
Худаш калта, мўяш дароз.
(Мўрӣ ва дуди он)
Ҳавзи қул-қулум,
Почадарози калтадум.
(Шутур)
Охурчаи пастак,
Хўтукчаи мастак.
(Муш)
Пастак занако,
Пасту баландак занако.
Пўпак сари кифт,
Кўчадавак занако.
(Мурғ)
Нохунаш чун нохуни шеру паланг,
Тоҷи шоҳӣ бар сараш ҳангоми ҷанг.
(Хурўс)
Чист он луъбати писандида,
Атласи ранг-ранг пўшида?
(Товус)
Аз кўҳ баромад ақарангу тақаранг,
Ба почаҳояш мўзаҳои сурхранг,
Пушида ба тан ҷомаи ҳафтранг.
(Кабк)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё