АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданЧил аспа савор омад,
Хўрҷин пури бор омад,
Қамчин думи мор омад.
Момо - Гулбаҳор омад,
Чун гули анор омад,
Монанди баҳор омад.
ГУРЕЗ, ПАРПО, УҚОБ ОМАД
Бачаҳо дар бозиҷой ҷамъ шуданд. Шарофат шумурак гуфт:
Ба боғаш боғбон рафт,
Селаи зоғон рафт,
Мири паҳлавон рафт,
Уштури корвон рафт.
Ҷав расиду тут пухт,
Кафи пои ту сўхт!
Ҳар бор, ки шумурак ба охир мерасид, як нафар бозигар аз давра берун мерафт. Вақте ки Хуршедаю Ҳалим дар охири шумуракгўӣ танҳо монданд, Шарофат гуфт:
- Яке аз шумоён бояд «мурғ» ва дигаре «уқоб» шавад.
-Кӣ «мурғ» мешавад, кӣ «уқоб»? - Ин шарти бозӣ ихтиёран иҷро нашуд. Шарофат сангчаеро дар кафаш пинҳон кард ва ба Хуршедаю Халим фаҳмонд:
- Дар кафи яке аз дастонам сангчае дорам. Касе аз шумо ҳамон сангчаро ёбад, «уқоб» мешавад, наёбад «мурғ» мешавад.
Шарофат ду дасташро мушт карда, пеши Хуршеда омад. Хуршеда ба дасти чапу рости Шарофат зеҳн мондзеҳн монду охир: - Сангча дар дасти ростат!-гуфт.
Шарофат дасти росташро кушод, ки сангча нест.
Сангча дар кафи дасти чапаш будааст. Ҳамин тавр, Хуршеда «мурғ» ва Ҳалим «уқоб» шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё