АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Баъд Муҳаббат бачаҳоро хомўш карду пурсид:
- Бибӣ, хонаатонро рўбам?
Бибӣ розӣ шуд. Муҳаббат гирд-гирди Малоҳат дуқат шуда, тақлиби ҷойрўбӣ карду оҳиста омада ба дастаи бачаҳо ҳамроҳ шуд. Бачаҳо бо овози баланд гуфтанд:
Ҳо, ҷастаму ҳо, ҷастам,
Сўзани тилло ба дастам.
Бибӣ аз ҷой ҷаста хесту:
Сўзани тилло канӣ?
Савғои бобо канӣ?
- гуфта бачагонро пеш кард. Бачагон аз ў дур шуданд.
Аз кадом сў овоз барояд, бибӣ ҳамон тараф мерафт.
Бачаҳо бошанд, суруди зайлро такроран мегуфтанд:
Бибӣ, бибича-е,
Палаки зомуча-е,
Нуқранамакдон-е,
Сўзани тилло-е,
Савғои бобо-е,
Канӣ дар дастаки кист?
Канӣ, дар ҷайбаки кист?
Бачаҳо аз хати доира берун намебаромаданд. (Касе аз бачаҳо қадаме аз доира берун гузорад, «месўзад», яъне аз бозӣ ронда мешавад). Малоҳати чашмбаста ҳам кўшиш мекард, ки ягон бозигарро дар дохили доира дорад.
Мабодо аз хат берун қадам монад, дигарон «алав», «ҷарӣ», «дарё» гуфта фарёд мекарданд. Малоҳат худро дарун мегирифт. Охир Сабоҳат ба дасти Малоҳат бархўрд.
Бачаҳо акнун чашми Сабоҳатро бастанд ва ўро миёнаи доира шинонданд. Бозӣ аз нав сар шуд.
Луғат: палмосид- даст-даст кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё